Зебуннисо соли 1639 дар Деҳлӣ таваллуд ёфтааст. Падари шоира Аврангзеб (1658-1707) подшоҳи Ҳиндустон буда, бо ҷоҳилию золимии худ дар байни шоҳони ин сулола машҳур буд. Модари Зебуннисо Дилрасбону духтари яке аз саркардагони Эрон Бадеуззамон буда, хату саводи хубе дошгааст.