Достони "Писари ватан" 7

Муаллиф: Мирзо Турсунзода

Баромад Қодир аз деҳ бо ҷавонон
Қадам партофта чун марди майдон.
Баромад ӯ чу аз як деҳаи хурд,
Раҳ онро сӯйи майдони калон бурд.
Ба майдоне, ки бахти насли инсон
Чу гӯй имрӯз афтодаст дар он,
Ба майдоне, ки бо хун бояд он ҷо
Ҳимоят кард ҷонона Ватанро.
Ба рӯйи ҳар ҷавон буд тозаю тар
Ҳанӯз он бӯсаи падруди модар.
Ба дасти ҳар ҷавоне як асар буд,
Асар аз гармии дасти падар буд.
Барои ёдгорӣ нарм бӯсе
Гирифта ҳар ҷавон аз ҳар арӯсе.
Ба пеши чашми Қодир буд намудор
Ҳанӯз он ҷилваҳои қомати ёр.
Саодат кокулашро тоб медод,
Ҳанӯз ӯ дидаашро об медод.
Ба ӯ гул дод дасти меҳрубоне,
Ки буд аз рангу бӯяш гул нишоне.
Гумон мекард, ки дар рӯ ба рӯяш
Ҳанӯз он ёр дорад пурсуҷӯяш.
Ҳамепурсид: – Чун кӯшӣ ба ёдам?
– Занам душман чунон ки ваъда додам.
– Ба монанди чӣ мегардӣ аз ин роҳ?
– Аз ин раҳ шер мегардам, на рӯбоҳ.
– Дар ин ҷо ман чӣ сон шодат намоям?
– Ба меҳнат зуд агар гирӣ ту ҷоям.
Ба худ мегуфт Қодир, ки касам ҳаст,
Чу кӯҳе такягоҳе дар пасам ҳаст.
Суруди алвидоӣ хонда мерафт,
Қадамҳо чун баҳодур монда мерафт.

Дида шуд: 712