Нақибхони Туғрал аз авлоди Хоҷа Аҳрори Валӣ буда, яке аз шоирони боистеъдод ва рангинхаёли охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ ба шумор меравад. Нақибхон соли 1965 дар деҳаи Зосуни тумони Фалғар (ноҳияи Айнӣ) аз хонаводаи шахси давлатманду бомаърифат ба дунё омадааст. Айёми кӯдакӣ ва наврасии шоир дар зодгоҳаш гузашта, хату саводи ибтидоиро аз муаллимони маҳаллӣ омӯхтааст.
Нақибхони Туғрал баъд дар мадрасаи Тиллокории Самарқанд ва як муддат дар шаҳри Бухоро дониши худро такмил медиҳад ва аз илмҳои ҳисобу ҳандаса, тиб, фиқҳ, таърих, сарфу наҳви забони арабӣ бархурдор мегардад. Дар ҳамин муддат ба омӯхтани забони русӣ машғул мешавад:
Туғрал ба суханшиносон ва шахсони бомаърифату ҳунарманди замонаш, аз ҷумла, ба Шамсиддин Шоҳин (1859-1894) ва Гулшании Бухороӣ (ваф. 1910) дӯстӣ ва ҳамкорӣ доштааст ва Шоҳинро ҳамчун устод мепарастидааст.
Баъди такмили илм ба зодгоҳаш бармегардад. Ба гуфти устод Айнӣ, Туғрал «дар охирҳои ҳол обу ҳавои тозаи кўҳистонро аз зиндагонии шаъшаадори пурташвиши шаҳрҳо тарҷеҳ карда». Аммо шоир алоқаашро ба ҳаммаслакони шаҳриаш қатъ намекунад. Дар маснавии нотамоми «Лайлӣ ва Маҷнун» ба васфи устод ва мавлои худ Шамсиддин Шоҳин боби махсус ҷудо намудааст, ки чунин оғоз меёбад:
Он к- ӯ ба камол шамси дин аст,
Бо хотами илм ӯ нигин аст.
Ништарзани дар раги маъонӣ.
Ғаввоси ями гуҳарфишонӣ.
Ганҷури дури ҳадиси рангин,
Дар авҷи ғазалсароӣ шоҳин…
Туғрал дар деҳаи Зосун як муддат ба деҳқониву чорводорӣ машғул мешавад ва баробари барқарор шудани Ҳукумати Шӯравӣ дар водии Зарафшон ба хидмати ҳукумати нав мепардозад. Шоир дар миёни муаллимону талабагони мактабҳои навташкили шўравӣ суханрониҳо карда, онҳоро ба омӯхтан ва андӯхтани илму дониш ҳидоят менамояд.
Шоир солҳои 1918-1919 аскарони сурхро ҳамроҳӣ ва роҳбаладӣ мекунад. Яке аз муҳорибаҳои аскарони сурх барои ишғоли деҳаи Вешаб бебарор анҷом меёбад ва Туғрал ба тӯҳмат гирифтор шуда, 28-уми июни соли 1919 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Фалғар ба қатл мерасад.
Ба ин марги нобаҳангом шоирону эътиқодмандони Туғрал қитъаву марсияҳо сурудаанд. Аз ҷумла, Файёзи Хуҷандӣ фармудааст:
Дуболо шуд зи саҳбои шаҳидон
Ба базми ҷовидонӣ кайфи Туғрал.
Хирад фармуд бо Файёз : «Баргӯ
Ба таърихи вафоташ: Ҳайфи Туғрал».
Таркиби «Ҳайфи Туғрал» аз рӯйи ҳисоби абҷад ба соли 1337 ҳиҷрӣ (соли 1919 мелодӣ) баробар аст. Мероси Аз Нақибхони Туғрал осори зиёди гуногунжанру гуногун - адабӣ мавзӯъ ба мерос мондааст. Девони Туғрали Аҳрорӣ соли 1916 дар матбааи Когони Бухоро нашр гардидааст. Он 303 ғазал, 9 мухаммас, 3 мусаддас, 8 қасида, як мустазод, як тарҷеъбанд ва чанд маснавиро (чун «Соқинома» ва «Наврӯзнома») дар ҳаҷми 7385 мисраъ фароҳам овардааст. Ҳамчунин, аз Туғрал як қатор асарҳои дигар низ дастрас шудаанд, ки дар қолабҳои маснавӣ, қасида, ғазал, мусаммат, рубоӣ ва фард эҷод гардидаанд. Аз ҷумла, дар пайравии «Лайливу Маҷнун»-и Шоҳин достони «Лайливу Маҷнун» офаридааст, ки он нотамом буда, 219 байтро дар бар мегирад. Асари Туғрал дар адабиёти классикии тоҷик охирин намунаи «Лайливу Маҷнун» мебошад. «Лайливу Маҷнун»-и Туғрал, чун дигар достонҳои ҳамном дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи маҳзуф ва мақсур суруда шудааст:
Қуфли дари назм боз кардам,
Зеру бами шавқ соз кардам.
Адиб дар охирҳои умр дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ «Боғистон» ном асари манзуму мансури фалсафию ахлоқӣ низ навиштааст. Вале ин асар ва як қатор шеърҳое, ки дар поёни умри Туғрал эҷод гардидаанд, то ҳол дастрас нестанд. Шоир дар эҷодиёташ аксаран «Туғрал» ва баъзан «Нақиб» ва «Туғрали Аҳрорӣ» тахаллус карда, дар сухангустарӣ масъулияти баланд доштааст:
Дар сухан, Туғрал, тариқи пухтагонро пеша кун,
Меваат гар хом бошад, нест дар дандон лазиз.
Дар эҷодиёти Туғрал жанри ғазал мавқеи муайянкунандагӣ дорад. Дар байни дигар шаклҳои шеърӣ мухаммасҳои шоир қобили таваҷҷӯҳ мебошанд. Дар ашъори шоир ҳар ду навъи мухаммас – ҳам мухаммаси таълифӣ ва ҳам мухаммаси тазминӣ мушоҳида мешавад. Аз мухаммасҳои Туғрал ба ғазалҳои Камоли Хуҷанӣ, Бедил, Шоҳин, Гулшании Бухороӣ, Нозими Ҳиротӣ маълум мешавад, ки ҳунари мухаммасбандии шоир ба дараҷаи баланд расида будааст. Мисраъҳои Туғрал ба мисраъҳои шоирони пешин аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва услуби баён мувофиқати комил доранд. Мисол аз матлаи мухаммаси Туғрал бар ғазали Камол:
Чанд теғи зулмро аз куштанам хунин кунӣ,
Дам барои қатлам оиву даме тамкин кунӣ.
Аз чӣ мурғи дил ба доми турраи мушкин кунӣ?
«То кай, эй дилбар, дилам бе мӯҷибе ғамгин кунӣ,
Гиряҳои талхи ман биниву лаб ширин кунӣ?!»
Беилтифотиҳои маҳбуба ва номуродиҳои ошиқ ба воситаи таносуби калом ва саволу хитобаҳо хеле хуб ифода ёфтааст. Се мисраи аввал мазмуни байти Камолро басо мувофиқ тақвият медиҳад.
Дар шакли мустазод бошад, Туғрал ғазали мустазод ва рубоии мустазод эҷод кардааст. Мустазодҳои шоир мазмунан баланд ва дилкашу хушоҳанг мебошанд. Фиқраҳои иловагӣ мазмуни умумии шеърро тақвият бахшида, боиси ифодаи образноки фикр мегарданд:
Ойина ба базми дилкушои ту расад,
Эй ҷон, нигоҳ,
Ҳам шона ба зулфи мушксои ту расад,
Моро чӣ гуноҳ?!
Мо хок шавему сурма манзур афтад,
Мурдем зи рашк,
Дил хун шаваду ҳино ба пойи ту расад,
Субҳоналлоҳ?!
Дар ин рубоии мустазод ранҷурии ошиқи ноком аз дастнорасии васли маҳбуба баён ёфтааст. Қаҳрамони лирикии шоир аз он озурда аст, ки ойина, шона, сурма ва ҳино барин асбобҳо аз васли ёри ӯ баҳра мебардоранд. Аммо худи ӯ бо ҳама сӯзу гудоз аз висоли маҳбуба бенасиб мондааст. Ҳолатҳои рӯҳӣ, гилагузорӣ, рашку ҳасади қаҳрамони лирикӣ бошад, маҳз ба воситаи фиқраҳои иловагӣ таъмин гардидаанд.
Умуман, дар ҳар як шакли шеърӣ Туғрал маҳорати баланд нишон дода, хусусиятҳои жанрии шеърҳоро ба эътибор гирифтааст. Чи хеле ки аз муфрадоти Туғрал бармеояд, шоир метавонад дар як байт як мавзӯи мукаммалро ба хонанда пешкаш намояд:
То кушодам чашму дидам орази некӯйи ту,
Риштаи уммед бастам бар сари ҳар мӯйи ту.
Дар ин байт муҳаббату садоқати ошиқ ба маъшуқа басо сода, самимӣ ва дилкаш баён гардидааст. Ба сари ҳар мӯйи ёр риштаи уммед бастани ошиқ нишонаест аз ишқи поку беолоиши фарзанди инсон.
Туғрал ба наср низ майл доштааст. Вале насри Туғрал ҳанӯз дастраси хонанда нагардидааст:
Дар гулистони маънӣ мебуд ҳамчу булбул,
Аз андалеби килкаш мекард саҳфаҳо гул,
Номаш Нақибхону з – авлоди Ҳоҷӣ Аҳрор,
Ўро лақаб ҳамебуд дар назму наср Туғрул.
Туғрал эътиқодманди анъанаҳои бойи шеъри классикии тоҷик, махсусан жанри ғазал мебошад. Шоир ғазалиёти Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Бедил, Нозим ва Шоҳин барин суханварони бузургро мавриди баҳрабардорӣ ва пайравӣ қарор додааст. Махсусан, тарзи ифода ва услуби нигориши Мирзо Абдулқодири Бедил ба Туғрал басо писанд афтодааст. Ё эътиқоду самимияти худро ба ин суханвари воломақом чунин баён намудааст:
Баланд аст аз фалак маъвои Бедил,
Набошад ҳеҷ касро ҷойи Бедил!
Намоям тўтиёи дидаи хеш,
Агар ёбам ғубори пойи Бедил
Надидам аз сухангўёни олам
Касеро дар ҷаҳон ҳамтои Бедил…
Ба рафъат бартар аз кўҳ аст, Туғрал,
Ҷаноби ҳазрати Мирзои Бедил!
Шоир дар васфи пири рӯҳонии худ ифодаҳои сода, вазни сабук (рукнҳои маъруфи баҳри ҳазаҷ: мафоӣлун/мафоӣлун/фаӯлун), қофияи солим (калимаҳои ҷойи, пойи, савдойи, Мирзойи…) ва радифи мувофиқро (такрори калимаи Бедил) интихоб намудааст, аз муболиға, тавсиф, маҷоз ва ташбеҳ барин санъатҳои бадеӣ истифода кардааст ва ба ин восита дараҷаи баланди муҳаббату садоқати шогирдонаашро самимона иброз доштааст.
Умуман, Нақибхони Туғрал ба мутафаккирони бузурги гузашта садоқату самимияти зиёд дорад ва дар «Қасидаи бузургон» ном асараш баҳри офаридани симои ҳақиқии қисмате аз суханварони адабиёти классикии тоҷик кӯшиш намудааст:
Унсурию Асҷадию Фаррухӣ
Нағмаи ҳар се ҳама аз як садост.
Хоҷа Ҷамол аст агар муддаӣ,
Даъвии ў дур аз ин муддаост.
Ў кию бо Саъдӣ муқобил шудан?
Бин, тафовут зи куҷо то куҷост!
Нағмасаро Булҳасани Рӯдакӣ,
Гунбази чарх аз суханаш пурсадост…
Мавзўи марказии ғазал дар адабиёти классикии тоҷик ишқ аст. Туғрал ҳам ин мавзўъро асоси ашъори лирикии худ қарор додааст ва кулли масъалаҳои фалсафиву ахлоқӣ, фарҳангиву иҷтимоиро ба мавзўи ишқу муҳаббат вобаста кардааст. Бинобар ин, вожаи ишқ ва муродифҳои он дар ғазалиёти шоир бо тамоми тобишҳои маъноӣ ба ҷилва омадаанд. Туғрал, одатан, як мисраъро аз ашъори Бедил чун тазмин интихоб намуда, дар партави он тасвиргарӣ ва суханварӣ мекунад. Аз ҳумла, «Ҳайф бошад ҷуз дили ошиқ ба дасти ёр гул» ном мисраи Бедил боиси эҷоди ғазали дилошӯбе гардидааст, ки матлааш ин аст:
Эй зи субҳи оразат шарманда дар гулзор гул,
Пеши рухсорат бувад имрӯз ҷойи хор гул.
Дар ғазал аз аввал то охир чеҳраи маҳбуба васф мешавад ва ин тавсиф ба воситаи ташбеҳкунандаи гул сурат мегирад. Дар тасвири шоир гул бо ин ҳама рангу бӯй ва зебоиву раъноӣ назди орази маҳбуба дар хиҷолат аст, зеро аз он рӯзе, ки маҳбуба чеҳраашро намоён кардааст, бозори гул касод шудааст:
Кас намебинад кунун дар чорсӯйи эътибор,
Ҷуз ҳадиси он гули рӯйи ту дар бозор гул
Гар зи миръоти рухат аксе фитад ногаҳ дар об,
Сарв ҷойи барг орад бар лаби ҷӯбор гул.
Дар ин ғазал калимаву таркибҳои ҳамнисбати ораз, гул, гулзор, баҳор гулшан, гулистон, сарв, ҷамоли ёр, дили ошиқ хонандаро ба маърифати олами зебоӣ ҳидоят менамояд.
Дар ғазалҳои давраи аввал Туғрал ба тавсифҳои ҷилодор ва баёни рангоранги шоирони пешин таваҷҷӯҳ мекунад. Дар баробари ин истифодаи моҳиронаи воситаҳои тасвир аз равонии табъи шоир гувоҳӣ медиҳад. Дар васфи ҳусну ҷамоли маҳбуба санъатҳои тавсиф, муболиға, тасвир ва ташхис мусоидат намудаанд:
Яди байзо агар аз остини худ бурун орад,
Ҷаҳонро нур афзояд, шавад шаб дур аз кӯяш.
Чаман аз эътидоли қоматаш мегуфт бо наргис:
Саропо дида шав в- он гаҳ назар кун қадди дилҷӯяш!
Асири як нигоҳаш гаштам, аз ишқаш чӣ мепурсӣ,
Сукуни сабру тоқатро рабуда чашми ҷодуяш.
Тавсифҳои қади дилҷӯ, чашми ҷоду, зулфи суманбӯ, тоқи абрӯ хонандаро водор мекунад, ки ба ҳусни худододи дилбар зиёда мутаваҷҷеҳ шавад. Махсусан муболиға сафедию сеҳрнокии дасти маҳбубаро хеле ҷолиб ифода намудааст. Дасти ӯ агар аз остин бурун ояд, ҷаҳонро нур медиҳад. Чунин тасвирҳо ба хонанда завқ бахшида ҳиссиёти зебопарастии ўро афзун мегардонад.
Қаҳрамони лирикии ғазалҳои Туғрал худро подшоҳи ошиқон медонад ва чун симоҳои ҷовидонии адабиёт аз ишқ ёдгор гузоштанро орзу дорад: Дар ин ҳолат шоир аз санъати талмеҳ бамаврид истифода кардааст:
Шӯҳраи офоқ шуд аз ишқи Ширин Кӯҳкан,
Номи Маҷнун аст аз савдои Маҷнун ёдгор.
Умуман, дар ашъори лирикии Туғрал таъбирҳои дарди ишқ, китоби ишқ, дардманди ишқ, дарси ишқ фаровон истифода шудаанд ва ҳар кадом дар баёни ақидаҳои шоир саҳм доранд. Дар ашъори ғиноии шоир, дигар мавзўъҳо, аз ҷумла, мавзӯи шикоят аз муҳити носозгор низ мушоҳида мешавад. Замона, ба қавли шоир сифлапарвар аст ва ба қадри аҳли донишу фарҳанг намерасад. Дар ин ҳолат Туғрал ба мавқеъ ва манзалати худ ишора карда, ба тафохури шоирона мепардозад:
Маро хонанд халлоқулмаонӣ
Набудам қабл аз ин, аммо кунунам…
Агар бо фазл гаштӣ рутба ҳосил,
Дар оғӯши қамар будӣ сукунам.
Валекин чарх бошад сифлапарвар,
Асири қайди ин гардуни дунам.
Лирикаи Туғрал моҳияти некбинона дорад. Шоир инсонро ба бедории шуур, адолат ва ҳақталошӣ водор мекунад ва андешаҳояшро бо далелҳои мантиқӣ тақвият медиҳад. Инсон бояд ба ҳама душвориҳои зиндагӣ омода бошад ва «киштии мақсуд» - ро бо фаросат ба соҳил расонда тавонад:
Ҳеҷ мумкин нест дар гирдоби ин амвоҷи ғам,
Киштии мақсудро бе нохудо рафтан дар об.
Шоир ба воситаи рамзу киноя (амвоҷи ғам киноя аз нобасомониҳои рўзгор, нохудо киноя аз одамон, киштии мақсуд киноя аз марому мақсад) моҳияти зиндагии бошууронаро нишон медиҳад.
Умуман, забони ашъори Туғрал, аксаран, моломоли санъатҳои дилнишини бадеӣ, забони содаву равон, вазну қофияи солим ва оҳанги дилкашу гўшнавоз мебошанд ва гоҳо услуби баёни лирикаи шифоҳиро ба хотир меоранд Чунин хусусият на танҳо дар ғазалҳо, инчунин дар дигар жанрҳои лирикии шоир низ мушоҳида мешавад. Таваҷҷўҳ намоед ба банди аввали як тарҷеъбанди шоир:
Аз рухат ойина то лаззати дидор гирифт,
В-аз нигоҳи дигарон ҳониби худ ор гирифт,
Хоки раҳ аз қадамат рутбаи гулзор гирифт,
Аз ту гулҳои чаман зинати дастор гирифт,
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт,
Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?!
Дар ин порча низ маҳбуба васф мегардад. Зебоии рухи маҳбуба ба ойина лаззат мебахшад, ба дараҷае ки минбаъд аз нигоҳи дигарон ор мекунад. Ў сар то по латофат аст, ба ҳадде ки хоки роҳ аз қадамаш ба гулзор табдил меёбад ва ҳатто ба ҳусни гулҳои чаман низ ҳусн меафзояд. Чунин ҳусну ҷамол ва чунин латифию нозукӣ боиси сарбаландӣ ва ғурури маҳбуба гардидааст ва ӯ ошиқи бечораи худро дигар эътибор намедиҳад. Ифоданокии фикрро байти тарҷеъ, ки дар шакли пурсиш истифода шудааст, боз ҳам меафзояд.
Устод Айнӣ гуфтааст: "Истеъдоди Туғрал бисёр комил ва хаёлаш мустаъидди болоравӣ буд". Дар ҳақиқат шеърҳое, ки ба ҳунари шоирӣ ва услуби хоси эҷодии Туғрал ишора мекунанд, бисёранд. Як қатор порчаҳои шеърии шоир маънои баланди ҷамъбасткунанда доранд ва дар байни мардум чун байтҳои ҳикматнок ва мақолу зарбулмасалҳо эътибор пайдо кардаанд:
Ҳеҷ нахле нест андар боғи имкон бесамар,
Шӯҳрати Рустам намояд зинда рўҳи Сомро!
Беҳунар, бигзар ту аз ғаввосии баҳри сухан,
Барнаояд дурри қимат аз даруни ҳар садаф.
Дида шуд: 28