Пешгуфтор. Садриддин Сайидмуродхоҷаи Айнӣ шахсияти барҷастаи фар- ҳангиест, ки халқи тоҷик дар садаи ХХ ба тамаддуни умумибашарӣ пешни- ҳод намудааст. Устод Айнӣ дар қатори Робиндронат Такур (Ҳиндустон), Лу Син (Чин), Таҳа Ҳусейн (Миср) чун яке аз чор тан бузургони адабиёти давраи нави Машриқзамин эътироф шудааст.
Устод Айнӣ дар ҳассостарин давраи таърихи халқи тоҷик умр ба сар бурда, ба халқу ватани хеш хизмати бедареғ намуд ва аз худ мероси гаронбаҳои илмию адабӣ боқӣ гузошт. Адиб дар даврони шēравӣ чун Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон ва доктори илмҳои филология шинохта шуд ва дар замони истиқлолияти Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардид.
Фаъолияти эҷодии ин чеҳраи дурахшони фарҳангӣ ба ду марҳалаи инкишофи адабиёти тоҷик иртибот дорад. Роҳи адабию фарҳангии устод Айнӣ аз поёни қарни ХIХ пайваста ба вазъияти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии аморати Бухоро оғоз гардида, то солҳои 50-уми асри ХХ, ки давраи Иттиҳоди Шӯравӣ буд, идома ёфтааст.
С. Айнӣ сардафтари адабиёти давраи нави тоҷик мебошад. Устод ба мисли Ҷ.Икромӣ, С.Улуғзода, М.Турсунзода, Ф.Ниёзӣ, Р.Ҷалил, М. Миршакар, А.Деҳотӣ, Р.Ҳошим, П.Толис шогирдони зиёдеро ба воя расонд, ки онҳо дар инкишофи адабиёти давраи нави тоҷик саҳми муносиб гузоштаанд. Асарҳои гаронбаҳои устод Айнӣ ба зиёда аз сӣ забони халқҳои гуногуни дунё тарҷума ва чоп гардида, мавриди баҳрабардории хонандаи умумиҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Ин аст, ки 100-солагии зодрēзи нависанда (1978) бо қарори ЮНЕСКО дар миқёси байналхалқӣ ҷашн гирифта шуд.
Фаъолияти эҷодии С.Айниро бе мутолиаву омӯхтани зиндагиномаи ӯ ба таври амиқ муайян кардан душвор аст. Умри 76–солаи адиб бағоят ибратомӯз аст.
Оила ва солҳои мактабӣ. Исми хонаводагии адиб Садриддин Сайидмуродхоҷа буда, Айнӣ тахаллуси эҷодии ӯст.Садриддин 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони аморати Бухоро ба дунё омадааст. Падараш – Сайидмуродхоҷа асосан ба касби кишоварзӣ шуғл дошт. Дар ин хонавода чаҳор писар бо номҳои Муҳиддин, Садриддин, Сироҷиддин ва Киромиддин рӯзгор доштанд. Падар аз ҳосили ду таноб заминаш рӯзгори оиларо таъмин карда наметавонист, аз ин рӯ ба касбҳои бофандагиву сангиосиёбтарошӣ низ машғул буд.
Садриддин айёми бачагиро дар ду деҳа – Соктаре, ки марбути тумани Ғиждувон буд ва Маҳаллаи Боло, ки дар қаламрави тумани Шофирком қарор дошт, гузаронидааст. Падари Садриддин чанд муддат дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил доштааст ва дар назди писар шеърҳои Саъдиву Ҳофиз, Бедилу Соиб ва Исомахдум ном шоири он замонро қироат намуда, боиси бедор гардидани завқи шеърфаҳмии ӯ гардидааст.
Садриддин дар шашсолагӣ ба мактаб меравад. Азбаски дар мактаби писаронаи деҳа чизе омӯхта наметавонад, ӯро падар ба мактаби духтарона медиҳад ва чанд сол дар назди Бибихалифа сабақ омӯхта, аз девонҳои Ҳофизу Бедил ва ашъори ӯзбекии Навоию девони озарии Фузулӣ як андоза баҳравар мегардад.
Тақдир ба рӯйи Садриддин нахандид.Тобистони соли 1889 дар Бухоро ва атрофи он касалии вабо омад. Садриддин дар байни чиҳил рӯз аз падару модар ҷудо шуд ва чанд гоҳ дар бемордории бародарон қарор гирифт. Рӯзе дар Маҳаллаи Боло яке аз мунавварфикрони Бухоро Садри Зиё меҳмон шуд. Садриддин, ки ба хабаргирии модаркалонаш рафта буд, ба дидори ин меҳмони олиқадр мушарраф гардид. Меҳмон дар сӯҳбат ба зиракии Садриддин пай бурда чунин таъкид кард: «Ин бачаро барои хондан ба шаҳр бурдан даркор аст. Қобилиятнок менамояд». Ҳамин лутфу иқдом буд, ки Садриддин сентябри соли 1890 дар сафи муллобачаҳои мадрасаҳои Бухоро қарор гирифт.
Таҳсил дар мадраса. Дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил 19 сол давом мекард. Дар ин муддат муллобачаҳо аз сарфу наҳви забони арабӣ, мантиқ, ақоиди ислом (илми калом), фиқҳи исломӣ (тарзи иҷрои таҳорат, намоз, рӯза ва ғ.) дарс мегирифтанд.Садриддин то соли 1906 дар мадрасаҳои Мири Араб (1890-1891), Олимҷон (1892-1893), Бадалбек (1894-1896), Хоҷа Зоҳид (1896- 1898) ва Кукалтош (1899-1906) таҳсил карда, душвориҳои зиёди зиндагиро аз сар гузаронидааст.
Садриддин аз камбизоаттарин муҳассилини мадрасаҳои Бухоро будааст. Бинобар ин, бештари вақти ӯ на ба дарсхониву такрори дарсҳо, балки ба таъмини рӯзгор сарф мешудааст. Бе попӯшӣ мондан, аз хунукӣ кафҳои поҳо кафида хуншор шудан, мудом аз байни ангуштони поҳо хун шоридан лаҳзаҳои нохушу даҳшатборе буданд, ки ҳамвора ба Садриддини толибилм дучор меомаданд.
Дар ташаккули минбаъдаи шахсияти Садриддин шиносоӣ ба аҳли илму фарҳанги Бухоро мусоидат намуд. Садриддин октябри соли 1891 ба хизмати Шарифҷонмахдуми Садри Зиё даромад, ки ин ба тақдири минбаъдаи ӯ таъсири ҷиддӣ расонд. Шоири ҷавони боистеъдод Муҳаммад Сиддиқи Ҳайрат бошад, дилбастагии Садриддинро ба шеъру шоирӣ тақвият дод.
Ҳиҷрат ба Самарқанд. Ибтидои соли 1917 ҳодисае рӯй дод, ки С.Айнӣ маҷбур шуд аз Бухоро фирор намояд. Бо таъсири инқилоби феврали соли 1917 рус фаъолияти ислоҳталабии ҷавонбухориён вусъат пайдо кард ва амири Бухоро – Олимхон маҷбур шуд, ки 22 апрели соли 1917 дар хусуси ислоҳот фармон барорад. Ҷавонбухориён 23 апрел ба намоиши шукрона баромаданд, вале ба аксулҳаракати сахти ҳукумат дучор шуданд. Рӯзҳои 23-24 апрел бо фармони амир садҳо маорифпарварону озодипарастон таъқиб гардиданд. Ҳукумати амирӣ С.Айниро низ, ҳарчанд дар намоиши шукрона ширкат надошт, 75 чӯб зада ба зиндон партофт.
Аскарони инқилобӣ С.Айниро дар қатори дигар ислоҳотхоҳон аз зиндон озод намуда, ба беморхонаи Когон бурданд. Дар он ҷо нависанда 52 рӯз табобат карда, 25 амалиёти ҷарроҳӣ аз сар гузаронд. Баъд Айнӣ ба Самарқанд, ки дар тасарруфи Русия буд, сафар кард ва қисми зиёди умри минбаъдаи худро дар ин шаҳр гузаронд.
Ҳодисаи дигаре, ки ба худогоҳии С.Айнӣ мусоидат карда, мавқеи ӯро ба сиёсати аморати Бухоро тамоман муайян намуд, воқеаи Колесов буд. Бар асари ин ҳодиса 9-уми марти соли 1918 бародари нависанда – Сироҷиддин ба қатл расонда шуд. С.Айнӣ ба ин муносибат марсияи пурсӯзу гудозе навишт, ки банди аввалаш ин аст:
Дӯстон! Фоҷиаи сахт биомад ба сарам,
Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
Хабаре омаду рафт аз дилу ҷон тоқату ҳуш,
Баъд аз ин кай шавад аз ҳушу дилу ҷон хабарам!
Хабар ин аст, ки бо теғи ситам кушта шудаст,
Додарам – қуввати рӯҳу дилу қути ҷигарам.
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
Ҳукумати амирӣ Айниро дар Самарқанд ҳам таъқиб кард ва аз ҷосусони дар Самарқанд будаи худ қатли нависандаро дархост намуд. С.Айнӣ бо ёрӣ ва дастгирии инқилобиёни Самарқанд ба Тошканд фирор мекунад ва аз 22 апрел то 22 октябри соли 1918 дар он ҷо мемонад. Баробари бартараф шудани хатар ба Самарқанд баргашта, дар яке аз мактабҳои усули нав ба касби омӯзгорӣ машғул мешавад.
Ҳамаи ин воқеаҳо ва боз шиорҳои адолатхоҳонаи болшевикон ба он сабаб шуд, ки Айнии деҳқонзода инқилоби Октябрро бо хушӣ пазирад ва бо тамоми ҳастӣ пирӯзии инқилобро ситоиш намояд.
Вале Айнӣ бо ҳама сарсупурдагиву эътиқод дар замони шӯравӣ низ ба як қатор нокомиҳо рӯ ба рӯ омад. Мудҳиштарин воқеае, ки ба ҳаёту эҷодиёти минбаъдаи нависанда таъсири амиқ гузошт, соли 1937 «душмани халқ» эълон шудани ӯ буд. Дар ин айём суратҳои нависандаи рӯзгордида аз деворҳои қироатхонаҳову мактабҳо фуроварда ва асарҳояш аз рӯйхати китобхонаҳо бароварда шуданд. Айнӣ маҷбур шуд, ба Абулқосим Лоҳутӣ, ки он вақтҳо дар Маскав мезист, муроҷиат намояд. Бо кӯшишҳои бедареғи Лоҳутӣ ва дахолати бевоситаи сардори Давлати Шӯравӣ И.Сталин номи неки устод Айнӣ барқарор гардид.
Ҳодисаи соли сиюҳафтум боиси тағйироти мундариҷавӣ дар эҷодиёти устод гардид. Нависанда дар замони ҷанги солҳои 1941-1945 дар маркази асарҳои бадеии худ образҳои фолклорию таърихиро қарор дод ва баъди ҷангба навиштани «Ёддоштҳо» шурӯъ намуд.
Айнӣ дар синни 45-солагӣ хонадор шудааст ва фарзандонаш – Камолиддин, Холида ва Лутфия дар ҳамин шаҳри бостонии Самарқанд ба дунё омадаанд. Вале нависанда дар ҳаёти адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон фаъолона ширкат менамуд. Ҳар сари чанд вақт ба Сталинобод1 омада, маҷлисҳои адабӣ ва фарҳангиро сарварӣ менамуд. Баҳори соли 1951 шӯъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Академияи илмҳои Тоҷикистон табдил дода шуд ва Айнӣ аввалин президенти АИ Тоҷикистон интихоб гардид. Ин воқеа боис шуд, ки устод минбаъд шаҳри Сталинободро низ ҷои истиқомат қарор диҳад.
Устод Айнӣ моҳи майи соли 1954 дар Сталинобод бемор мешавад ва 15 июл, нисфирēзӣ, аз ҷаҳон мегузарад. Дар маросими видоъ, ки дар майдони «800 – солагии Маскав» баргузор гардид, дусад-сесад ҳазор алоқамандон аз тамоми Иттиҳоди Шēравӣ иштирок доштанд. Оромгоҳи ин шахсияти беназир, ки дар боғи самти шимолии шаҳри Душанбе қарор дорад, макони зиёрати тоҷикистониён ва аҳли фарҳанги ҷаҳон мебошад.
Фаъолияти омӯзгорӣ. Фаъолияти омӯзгории С. Айнӣ ҳанўз айёми мадрасахонияш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст.
1. Таълим дар мактабҳои усули нав.
2. Таълиф ва табъи китобҳои дарсӣ.
Соли 1906 дар Бухоро Абдурраҳмон Саъидӣ ном тотор нахустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мактаб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, Айнӣ дарсҳои Саъидиро барои талабагони тоҷикзабон тарҷума менамуд. Вақте ки 8 ноябри соли 1908 дар ҳавлии Абдулвоҳиди Мунзим аввалин мактаби нави тоҷикӣ таъсис ёфт, фаъолияти омӯзгории С.Айнӣ боз ҳам васеътар гардид.
С.Айнӣ аз таҷрибаи дар мактабҳои Абдурраҳмон Саъидӣ, Абдулвоҳиди Мунзим ва Абдуқодир Шакурӣ1 андӯхтааш истифода карда, барои толибилмони мактаби нав се китоби дарсӣ навишт. «Тартилулқуръон» (1909), «Зарурийёти динийя» (1914) ва «Таҳзибуссибён» (1910; 1917) ҳар кадом аз нигоҳи илмиву усулӣ, забону тарзи нигориш ва фарогирии маводи таълимиву тарбиявӣ ҷолибанд. Аксари ҳикояҳои «Таҳзибуссибён», аз ҷумла «Одами баақл ва соҳиби бахти баланд», «Одами бадбахт», «Бачаи боақл», «Ҳикоят» бо порчаҳои шеърӣ тақвият ёфтаанд.
Аз ин ҷиҳат, ҳикояте, ки дар он исрофкорӣ ва харҷи беҳуда мазаммат гардида, натиҷаи неки сарфакорӣ таъкид меёбад, ҷолиби диққат аст: Дар мамлакатҳои Ғарб шаҳре месӯзад. Иморатҳо ҳама корношоям гардида ва аҳолии шаҳр бехонаву ҷой мемонад. Одамони хайрхоҳ ба касони ба бадбахтӣ дучор омада ёрӣ расондан хоста, сандуқи хайрия мекушоянд. Ҳангоми ҷамъ кардани хайрия ба назди тоҷире мераванд, ки барои сарфи беҳудаи як дона гēгирд хизматгори худро коҳиш карда истодааст.Тоҷири номбурда ба мутасаддиёни хайрия даҳ ҳазор тилло ионатона дода, онҳоро дар тааҷҷуб мегузорад: «Гуфтанд: «Дар як дона гӯгирд он қадар коҳиш карда, дар иона ин қадар маблағ додан барои чист?»
Тоҷир гуфт: «Агар ба як дона гӯгирд саҳл мегирифтам ва ба муфт сӯхтани он розӣ мешудам, дар ин маврид аз куҷо пул ёфта иона мекардам».
Байт:
Ба ҷойи зарурат бидеҳ, то тавонӣ,
Ки дасти ту гирад гаҳи нотавонӣ.
Ва лекин ба ҷое, ки нафъаш набошад,
Хирадманд як дона арзан напошад.
Фаъолияти рўзномангорӣ ва публитсистӣ. Фаъолияти рӯзноманигорӣ ва публитсистии устод Айнӣ аз Самарқанд зиндагӣ ихтиёр кардани нависанда оғоз ёфта то охири умри ӯ давом мекунад. Айнӣ дар рӯзномаҳои «Шӯълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик» ба сифати муҳаррири адабӣ ва мушовир фаъолият доштааст.
Устод ҳанӯз аз солҳои 1919-1920 дар маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб» бо имзоҳои мустаори1 «С.М.», «С.Х.», «Қ.А.», «С.Қ.», «С.А.», «М.» ва дар маҷаллаҳои ҳаҷвии ӯзбекии «Таёқ», «Машраб» бо имзоҳои «Бир кечалик футурист», «Сарсон», «Баттол» мақола, фелетон ва шеърҳои ҳаҷвӣ менавишт. Баъдтар дар рӯзномаи ӯзбекии «Меҳнаткашлар товуши» ва «Овози тоҷик» фаъолияти публитистии С.Айнӣ инкишоф ёфт.
Мақолаҳои публитсистии С.Айнӣ чун жанри фаврӣ ва рēзмарра муносибати нависандаро ба муҳимтарин воқеаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давр ба таври возеҳ ифода менамоянд. Масалан, дар солҳои аввали Ҳокимияти Шēравӣ масъалаи хондан ва саводнок шудани аҳолӣ, махсусан ҷавонон, аз муҳимтарин ва заруртарин масъалаҳои рӯз ҳисоб мешуд. Устод дар мақолаҳои «Сайф2 ва қалам» «(1920), «Акнун навбати қалам аст» (1920), «Ҳафтаи атфол3 чист?» (1921), «Дар роҳи барҳам додани бесаводӣ» (1921), «Ба атфоли хурдсол ёрмандӣ намоед» (1921) ва ғайра аҳамияти савод омēхтан ва дониш андӯхтанро дар ҳаёти ҳар шахс ва ҷомеа ба таври возеҳ таъкид мекунад.
Ё худ муҳимтарин воқеаи сиёсие, ки соли 1924 дар ҳаёти сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯй дода буд, ин тақсимоти ҳудудҳои миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна буд. Ба ин муносибат пантуркистону миллатгароён, ки халқи тоҷикро аз мактабу маориф ва матбуот бебаҳра кардан мехостанд, муборизаро ба муқобили ин қавми куҳанбунёд аз нав авҷ доданд. Дар ҳамин давраи тақдирсоз дар матбуот «Қавми тоҷик ва рӯзнома» (1924), «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик» (1924), «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон» (1924), «Тоҷикони кӯҳистон» (1924), «Қобилияти ташкилотӣ дар тоҷикон» (1924), «Матбуоти тоҷик» (1926) барин мақолаҳои публитсистии С.Айнӣ чоп шуданд. Устод дар ин мақолаҳо таъриху адабиёти бой ва фарҳанги куҳан доштани қавми тоҷикро ба тамом собит месозад. «Дар Осиёи Миёна, хусусан дар хоки Бухоро ва Туркистон, – ёдовар мешавад Айнӣ дар мақолаи "Матбуоти тоҷик»,– ба будани як қавми бузурге бо номи «тоҷик» бояд касе инкор надошта бошад».
«Деви ҳафтсар», «Хари бедум», «Талвосаи ҷонкании дарандаи захмдор», «Ҳар зараррасонандаи ба одамро нест кардан даркор аст» барин мақолаҳои дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ навиштаи С.Айнӣ хонандаро ба шуҷоат, мардонагӣ ва ҷоннисорӣ дар роҳи ҳимояи Ватан водор мекунанд.
Устод Айнӣ низ тамоми эҷодиёти давраиҷангии худро ба ҳимояи Ватани азиз аз фашистони истилогар равона намуд. Ин ҳолатро аз очеркҳои «Исёни Муқаннаъ» (1944) ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» (1944) бармало мушоҳида кардан мумкин аст. Агар дар «Исёни Муқаннаъ» муборизаи ниёгони мо ба муқобили арабҳои истилогар (асри VIII) нишон дода шавад, пас, дар «Қаҳрамони халқи тоҷик Темуралик» муқовимати халқи тоҷик бар алайҳи муғулони хунхор тасвир меёбад. Вале масъалаҳои асарҳои мазкур ба мавзӯи асосии адабиёти давраиҷангӣ муносибати қавӣ доранд. Нависанда корномаҳои Муқаннаъ ва Темурмаликро ба муқобили аҷнабиёни истилогар ба тасвир гирифта, бо ҳамин ба ҳамватанони замони худ дарси мардонагию далерӣ ва душманбадбинӣ меомӯзад.
Фаъолияти забоншиносӣ. Мақолаҳои оид ба забон таълиф намудаи С Айнӣ фарогири масъалаҳои назариявии забоншиносӣ нестанд. Онҳо ба вазифаҳои амалии забони тоҷикӣ, беҳтар шудани сифати забони адабии тоҷик, саҳеҳтар ва ғанитар шудани қоидаву меъёрҳои забони адабӣ, хубтар гардидани забону услуби адабиёти садаи ХХ тоҷик бахшида шудаанд.
Дар солҳои 1928 –1930 масъалаи забони адабии ҳозираи тоҷик дар маркази таваҷҷӯҳи аҳли зиёи тоҷик қарор гирифт. Дар ин давра мақолаҳои С. Айнӣ «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» (1928), «Масъалаи таърихӣ дар гирди алифбои нави тоҷикӣ» (1928), «Забони тоҷикӣ» (1928), «Ҷавоби ман» (1929) ва ғ. ба табъ мерасанд. Муаллиф дар онҳо асоси миллии забони тоҷикӣ ва инкишофи минбаъдаи забони адабии тоҷикиро ошкор менамояд.
Фаъолияти забоншиносии С.Айнӣ инчунин дар асарҳои таҳриркарда ва мактубҳояш низ ба мушоҳида мерасад. Аз ин ҷиҳат, қайдҳои С.Айнӣ оид ба забон ва услуби асарҳои нависандагон ва «Кори накӯ кардан аз пур кардан аст» (1934), «Мактуби кушода ба рафиқ Толис» (1948), «Баъзе қайдҳо оид ба аҳволи забоншиносӣ дар Тоҷикистон» барин мақолаву мактубҳои устод ҷолиби диққат аст.
Мулоҳизаҳои С.Айнӣ тамоми қисматҳои забоншиносӣ, чун луғат, калимасозӣ, овозҳои нутқ, сохти грамматикӣ, имлову услуби баёнро фаро гирифтаанд ва бо рӯҳи пурқуввати амалӣ ва омӯзандагии худ ҳоло ҳам ба масъалаи тозагӣ ва асолати забони тоҷикӣ саҳмгузор мебошанд.
С. Айнӣ фаъолияти илмии худро аз асарҳои таърихӣ оғоз менамояд. Дар «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» (соли 1921) ва «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (1923) ном асарҳои устод ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик дар асрҳои ХVIII, ХIХ ва ибтидои асри ХХ мавриди таҳлили муфассал қарор гирифтааст.
Шеърҳои давраи аввал. Дар давраи аввали эҷодиёти Садриддини Айнӣ, ки аз солҳои 90- уми асри ХIХ то солҳои 20-уми садаи ХХ –ро дарбар мегирад, назм мавқеи калон дорад. Садриддин ҳанӯз айёми дар мактаби деҳа хонданаш машқи шеър менамуд ва аз солҳои 1892-1893 бо тахаллусҳои «Сифлӣ», «Мӯҳтоҷӣ» ва «Ҷунунӣ» шеър менавишт. Вале ҳеҷ кадом тахаллусҳои номбурда ба шоири ҷавон маъқул намешавад ва баъдтар тахаллуси «Айнӣ»-ро интихоб менамояд, ки дорои 48 маъно мебошад. Ғазали «Гули сурх», ки соли 1895 эҷод гардидааст, аввалин шеъри бо тахаллуси Айнӣ1 суруда мебошад:
Рози дил мегуфтам, ар як марҳаме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам…
Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам.
Чун тарозу кай шудӣ саргаштагӣ бар ман насиб,
Айнӣ, ар фикре на аз бешу каме медоштам.
Шоир анъанаи адабиёти классикии тоҷикро идома дода, бештар ба ғазал, қитъа, мусаммат, қасида, маснавӣ ва рубоӣ барин жанрҳои лирикӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст. Дар ғазалҳояш ишқу муҳаббат, манзараҳои нотакрори табиат ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ самимона ва ҳунармандона васф гардидаанд:
Ёрро, аз лутф бар ҳолам назар будӣ, чӣ будӣ?
Ё маро ҷуз ошиқӣ кори дигар будӣ, чӣ будӣ?
Васл бо ин кӯтаҳӣ, ҳиҷрон ба ин дуру дарозӣ,
Шоми ғам чун субҳи шодӣ мухтасар будӣ, чӣ будӣ?
Ёр мехонад ба сӯйи хеш арбоби ғаноро,
Айнии бечораро ҳам мушти зар будӣ, чӣ будӣ?
С.Айнӣ бархе аз шеърҳояшро дар тазмин ва татаббӯи ашъори Саъдию Ҳофиз, Камоли Хуҷандию Камоли Исфаҳонӣ, Ҷомию Ҳилолӣ, Бедилу Соиб эҷод намуда, маҳорати сухансанҷии худро такмил додааст. Аз ин ҷиҳат, мухаммасҳои тазминии шоир ҷолиби диққатанд. Айнӣ ғазалҳои маъруфи шоирони номбурдаро интихоб карда, дар радифи онҳо мисраъҳое меофарад, ки аз лиҳози тасвир дар як поя қарор доранд. Як банд аз мухаммас бар ғазали Ҳофиз:
Сӯхт ҳиҷрон хирмани бунёди ман,
Гашт вайрон хонаи ободи ман,
Нест фориғ хотири ношоди ман,
«Гарчи ёрон фориғанд аз ёди ман,
Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод!»
Баробари ба воқеаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии давр майл намудани С. Айнӣ мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори шоир низ тағйир ёфт. Адиб ба чунин хулоса омад, ки дар замони ӯ танҳо ба мавзӯи ишқу муҳаббат маҳдуд шудани шоирон басанда нест. Шеър ҳам бояд ба тасвири масъалаҳои мубрами рӯз кор гирифта, ба дардҳои иҷтимоии ҷомеа бархӯрад. Шоир дар қасидаи «Ёди мозӣ» афсӯс хēрдааст, ки як қисми умри гаронмояи худро дар ғафлат гузаронидааст:
Рӯзгор охир зи хоби ғафлатам бедор кард,
Чун ба худ дидам, зи ҳоли худ хиҷолат доштам.
Дар ҷароидномаи аъмоли худ дидам аён,
Нек санҷидам, ки як олам қабоҳат доштам.
Дар ҳақиқат, «Мактаб», «Саҳаргоҳон», «Заминро бояд нафурӯшед», «Бомдоди баҳорон» барин шеърҳои Айнӣ, ки солҳои 1911-1917 эҷод гардидаанд, бо содагӣ, самимият ва хусусиятҳои пандуахлоқии худ фарқ мекунанд. Ин шеърҳо заминаи мустаҳками воқеӣ дошта, таҷассумгари ақидаҳои маърифатпарварӣ ва равшангароии шоир мебошанд. Масалан, дар ибтидои асри ХХ дар Бухоро муносибатҳои капиталистӣ қувват гирифта он боиси заминро бо нархи арзон фурӯхта, ба шаҳр ҳиҷрат кардани заҳматкашони деҳот гардид. Шеъри «Заминро бояд нафурӯшед» ҳушдорест, ки заҳматкашонро аз оқибати фоҷиабори заминфурӯшӣ огоҳ месозад:
Эй қуввати ҷисму қути ҷонам,
Осоиши ҷони нотавонам!
Бишнав зи ман ин хуҷаста гуфтор,
Мафрӯш замини хеш зинҳор,
Ин хоки сияҳ, ки мушкбез аст,
Мафрӯш, ки модари азиз аст!
Ифоданокӣ ва қувваи тасвир ба воситаи ташбеҳ, тавсиф ва такрор барин санъатҳои бадеӣ хеле хуб таъмин гардидаанд. Чунин ҷозибанокӣ ва таъсирбахшӣ дар дигар шеърҳои номбурда низ мушоҳида мешавад.
Дар шеърҳои «Фоҷиаи шиа ва суннӣ», «Ҳасрат», «Нидо ба ҷавонон», «Марсия ба вафоти Мирзо Сироҷиддини Ҳакими Бухороӣ», достони тамсилии «Парвона ва кирмак» бошад, шоир ба мавзӯъҳои сиёсиву иҷтимоӣ рӯ овардааст. «Фоҷиаи шиа ва суннӣ» ба муносибати задухēрде, ки 23 январи соли 1910 миёни шиимазҳабон ва суннимазҳабон дар Бухоро рух дода буд, эҷод гардидааст. Дар шеър сабабгори асосии ин фоҷиа будани ҳукуматдорони мансабталош таъкид ёфта, мардум ба ҳушёрӣ ва хештан- иносӣ даъват мегардад:
То ба чандин рехтан хуни бародар ҷойи об.
То куҷоҳо кӯфтан бар фарқи модар ҷойи мор?
Худкушӣ баҳри чӣ? Аз бегонагон орем шарм.
Дӯстозорӣ чаро? Аз душманон дорем ор!
Дар ашъори давраи аввали эҷодиёти Айнӣ тарзу услубҳои гуногуни тасвир истифода шудааст. Шоир дар баёни фикр гоҳ аз оҳангҳои лирикӣ, гоҳ аз тарзи ифодаи публитсистӣ ва гоҳ аз тасвирҳои тамсилӣ бомаҳорат истифода кардааст. Дар достони «Парвона ва кирмак» андешаҳои сиёсиву иҷтимоии шоир дар пардаи тамсил баён ёфтааст. Образи кирмак (заҳматкашони ба замин сарукор дошта) ба образи парвона (заминдорон ва заминҷаллобони мағруру худписанд) муқобил гузошта шудааст. Оқибат тифлон (ҷавонони ватандӯсту халқпарвар) ба боғ даромада, аз парвона пару бол мекананд ва кирмак шукр мекунад, ки мағруру худписанд нест. Тамсил чунин ҷамъбаст шудааст:
Он ки дар ин маърака худрой шуд,
Худсару худбину худорой шуд,
Оқибаташ ҳол бад ин сон шавад,
Маъракаи бозии тифлон шавад.
Ашъори даврони шӯравӣ. Фаъолияти шоирии адиб баъди инқилоби Октябр ҳам давом намуд. Шоир дар ин айём баробари жанрҳои суннатӣ аз шаклҳои нави шеърӣ низ бомаҳорат истифода кардааст. «Суруди озодӣ» ё «Марши ҳуррият» (1918) ном шеъри Айнӣ аз нӯҳ банди чаҳормисраъгӣ иборат буда, ба оҳанги «Марселеза»1 эҷод гардидааст. Ин суруд дар ду вазн (1. Баҳри рамал – фоилун, фоилун, фоилотун; 2. Баҳри мутадорик – фоилун, фоилун, фоилун) эҷод гардида, ҳам аз ҷиҳати мундариҷа ва ҳам аз ҷиҳати вазну қофия шеъри навоварона мебошад.
Эй ситамдидагон, эй асирон!
Вақти озодии мо расид.
Муждагонӣ диҳед, эй фақирон!
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид...
Устод Айнӣ то охири умр аз эҷоди асарҳои назмӣ даст накашид. Шеъру достонҳои «Инқилоб» (1919), «Ба шарафи инқилоби Октябр» (1920), «Ахгари инқилоб» (1921), «Овози тоҷик» (1924), «Шоистаи ҳурмат» (1932), «Даҳ сол» (1932), «Тоҷикистон» (1935), «Ба Пушкин» (1937), «Ҷанги одаму об» (1937), «Марши интиқом» (1941), «Суруди зафар» (1943), «Қасидаи ҷанг ва зафар» (1945) ва ғайра бо хусусиятҳои публитсистӣ ва рӯҳи муассирии худ муносибати шоирро ба воқеаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Иттиҳоди Шӯравӣ барҷаста ифода мекунанд.
С.Айнӣ барои асарҳои насрии худ низ порчаҳои назмӣ таълиф кардааст. Қисми кулли ашъори шоир дар маҷмӯаҳои «Ахгари инқилоб» (1923), «Ёдгорӣ» (1935) ва ҷилди 8- уми Куллиёт (1981) фароҳам омадаанд. Вале дар давраи дуюми эҷодиёти адиб шеър мавқеи маҳдуд дорад.
Устод Айнӣ дар даврони шӯравӣ асосан ба таълифи асарҳои насрӣ машғул мешавад. Нахустин асари калонҳаҷми нависанда қиссаи «Ҷаллодони Бухоро» мебошад, ки соли 1922 ба забони ӯзбекӣ ва соли 1937 ба забони тоҷикӣ чоп мегардад. Аз ин рӯ, аввалин асари насрии калонҳаҷме, ки устод Айнӣ ба хонандаи тоҷик пешкаш намудааст, қиссаи «Одина» мебошад. Ин қисса бори нахуст бо номи «Саргузашти як тоҷики камбағал» дар рӯзномаи «Овози тоҷик» (1924-1925) чоп шуд. Чопи китобии қисса бо номи «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина» соли 1927 ба табъ расид. Матни ҳозираи «Одина», ки аз чор қисм ва 30 боб иборат аст, маҳсули таҳрирҳои пайдарпайи нависанда мебошад.
Қиссаи «Одина». «Одина» аввалин қиссаи реалистии тоҷик аст. Нависанда дар ин асар ҳаёти тоҷикони кўҳистонро дар ибтидои асри ХХ инъикос мекунад. Воқеа дар кӯҳистони Қаротегин (водии Рашт) мегузарад. Образҳои Одина, Гулбибӣ, Бибиоиша, Арбобкамол, Муллохокироҳ ва дигарон хонандаро ба ҳасту душвору сангин ва камбағалонаи мардуми меҳнатӣ шинос менамоянд.
Одина дар синни 12-солагӣ аз падару модар ятим мемонад. Қозӣ,муфтӣ ва оқсақол барин калоншавандагони деҳа мероси камбағалонаи аз падари ў боқимондаро «тарака»2 мекунанд. Дар натиҷа Одинаи сағир3 аз арбоби деҳадаҳ танга қарздор шуд. Мувофиқи қарордод Одина дар сини 15-солагӣ ба хизмати Арбобкамол даромад. Вале дар бадали ду соле, ки Одина дар ин дарбор хизмати чўпонӣ ва ҳезумкаширо ба ҷо овард, «аз хӯҷаини худ рӯйи хӯроки серӣ ва пӯшоки дурустро надид». Ба болои ин, Одина ҳамеша аз хӯҷаин зарбу лат мехӯрд ва дашному ҳақорат мешунид.
Одина роҳи ягонаи наҷотро дар гурехтан мебинад ва ба сўйи Фарғона раҳсипор мешавад. Ӯ дар заводи пахтатозакунии Андиҷон дар шароити ниҳоят вазнину тоқатфарсо се сол кор мекунад ва бо пули пасандозаш барои модаркалонаш - Бибиоиша ва маҳбубааш – Гулбибӣ савғотӣ харида, роҳи ёру диёрро пеш мегирад. Одина мехост духтари холааш - Гулбибиро ба занӣ гирад. Бинобар ин, барои тӯй ҳам тайёрӣ дида буд. Вале дар роҳи Қаротегин закотчиёни амир қисми зиёди молу матои Одинаро ғорат мекунанд ва ӯ бо қисмати ками раҳовард ба хонаашон мерасад.
Одина боз ба чанголи Арбобкамол меафтад ва маҷбур мешавад, ки ба ивази як миқдор пулу мол аз дасти хӯҷаини собиқаш раҳоӣ ёбад. Одина ба сафар баромад ва мақсад дошт, ки ин дафъа асбоби тӯйро ҳарчи тезтар ҷамъ карда, ба хона баргардад, Гулбибиро за занӣ гирад ва қисмати боқимондаи умрро ҳамроҳи модаркалонаш ва Гулбибӣ ба осудагӣ гузаронад. Вале дар заводи Андиҷон бемор мешавад, ӯро ҳамкоронаш барои табобат ба Тошканд мефиристанд. Вале азобу азиятҳои зиёди ғарибӣ, меҳнати тоқатфарсову фикру андешаҳои ҳузновар дар бораи бозмондагонаш ҷисми ҷавони Одинаро тамоман хароб карда буд ва ӯ дар Тошканд соли 1918 аз касалии сил вафот мекунад.
Образҳои қисса. Қаҳрамони асосии асар Одина мебошад. Ӯ дар дарбори Арбоб- камол тамоман беҷуръат тасвир ёфтааст. Муносибати золимонаи Арбобкамол чашми ӯро чунон тарсондааст, ки ҳатто ба хӯҷаин рӯ ба рӯ истода ёрои сухан гуфтанро надорад. Арбобкамол вақте ки пойи шикастаи як гӯсфандашро мебинад, аз Одина сабаби онро мепурсад: «Одина воқеаро ҳикоя карданӣ шуда «ман... ҳезум... чинӣ...» гуфта забонаш гирифта - гирифта сухан сар карда буд, ки Арбоб маҷоли гап задан надода, монанди шағоли гуруснае, ки ба мурғе ҳамла оварад, ё саге, ки ба гадое дарафтад, ба тарафи Одина ҳуҷум карда ва сангеро аз замин бардошта чунон бар сари Одина зад, ки сараш торс кафида худаш ба замин афтод».
Шароити тоқатфарсои зиндагӣ ва муносибати ғайриинсонии Арбобка- мол Одинаро ба андеша водор мекунад ва ӯ роҳи ягонаи аз дасти ин золим халос шуданро дар гурехтан медонад.
Ҳамин тариқ, вобаста ба шароиту муҳит оҳиста-оҳиста хислату характери Одина такмил меёбад. Одина дар завод ба муҳити коргарӣ ошно мешавад ва аз ҳаракатҳои инқилобии коргарони рус огоҳ мегардад. Одина аз сӯҳбатҳои ҳамкорони гуногунмиллаташ ба фикре меояд, ки золимон ва истисморгарон на танҳо дар деҳаи вай ё дар Бухорои Шарқӣ, балки дар Русия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон низ вуҷуд доранд.
Дар охири асар муносибати Одина ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ боз ҳам равшантар эҳсос мегардад. Ба Одинаи бемор Шариф чунин хабар мерасонад: вақте ки аскарони амири Бухоро ба заводи Қизилтеппа ҳуҷум мекунанд, коргарони тоҷики ин завод намегурезанд ва аскарони амир ҳамаи онҳоро нест мекунанд. Одина зудбоварӣ ва ба амир умед бастани коргарони тоҷикро маҳкум мекунад: «Уй бародар! Он тоҷикон дар ҳақиқат гунаҳкор буданд, гуноҳи бузурги онҳо нодонӣ аст: гуноҳи бузурги онон ин аст, ки барои мардумфиребӣ, барои нобуд кардани душманони худ ва барои пур кардани киса олат будани номи дину миллатро надонистаанд...»
Аз сужети қисса бармеояд, ки Одина дар байни солҳои 1914-1918 таҷрибаи зиёди зиндагӣ андӯхта буд. ҳамчунин, дар боби «Боздид» ҳолати рӯҳӣ ва одамшиносии Одина муфассал тасвир ёфтааст. Одина се сол боз модаркалонаш ва маҳбубаашро надида буд ва ҳангоме ки аз сарҳади Қаротегин гузашт, мехост ҳарчи тезтар ба хонаашон расад. Лекин аз тарафи Арбобкамол бим дошт, бинобар ин рӯзона ва рӯйрост ба қишлоқ даромаданро ба худ салоҳ надонист, маркаби худро ба чаро сар дода, то шаб ба дарае хобид. «Одина, ки «боз касе дида намонад» гуфта дар лаби харсанге хобида буд, ду чашмашро аз афтоб намеканд...
Оқибат офтоби толеи Одина баромад, дунё ба назараш равшан шуд, чунки офтоб охирин шӯълаи худро аз теғаи кӯҳ гирифта, ба уфуқ фурӯ рафта, дунёро дар зери пардаи торикӣ андохта буд...»
Ҳолати рӯҳии Одина ба вазъияти мушаххаси шароит марбут аст. Ӯ офтоберо, ки ҳамеша дар интизораш буд, ҳоло чашми дидан надорад ва фарорасии торикии шабро, ки ҳама вақт ба ӯ андӯҳ меовард, аз дилу ҷон хоҳон аст, зеро вазъи ҳозираи Одина маҳз ҳамин тазодро тақозо дорад.
Аз ин тасвирҳои нависанда симои Одина чун ҷавони дурандеш, бамулоҳиза ва нисбат ба модаркалону маҳбубааш садоқатманду дилсўз намоён мешавад. Вале худи ҳаёти воқеӣ, муҳити иҷтимоии Қаротегини ибтидои асри ХХ ва синну соли қаҳрамон (Одина ҳангоми ба кори завод даромадан ҳамагӣ 17-18 сол дошт) ба С. Айнӣ имконият намедод, ки Одинаро чун шахси муборизу фаъол тавсир намояд.
Нависанда дар образҳои Бибиоиша, Раҳимабегим, Гулбибӣ зиндагии занони одии кӯҳистони тоҷикро дар охирҳои салтанати амирони манғит тасвир намудааст. Муносибату муомила ва саргузашти пурфоҷиаи Гулбибӣ ба хонанда таассуроти амиқ гузошта, дар ў хислатҳои дӯстдорӣ, бурдборӣ, садоқат, ахлоқи пок, инчунин кинаю нафратро ба золимон тарбия менамояд.
Гулбибӣ аз ҷабру ҷафоҳои Арбобкамол сар задани бадбахтиҳои худ, Одина ва модаркалонашро ҳис мекунад ва вақте ки Арбоб ӯро ба писараш ниқоҳ карда, ишқи покашро поймол карданӣ мешавад, дигар ҳеҷ гуна урфу одат пеши роҳи туғёни ғазабашро гирифта наметавонад:
Арбобкамол... гуфт:
-Эй духтараки беҳайё, ин чӣ муомилаи бешармона буд, ки ба шавҳарат кардӣ?
Гулибӣ, ки чиҳил рӯз боз дар ин хона касе овози ӯро нашунидааст, мисли шер дар ғурриш даромада гуфт:
-Беҳаё ту, золим ту, беномус ту!!!
Арбобкамол ба Гулбибӣ дармеафтад, Гулбибӣ низ риши сафеду дарози ӯро бо дастонаш мепечонад. Вақте ки Арбоб Гулбибиро ба замин мезанад, «аз вазни афтодани ӯ як бандча риши Арбоб канда дар дасти Гулбибӣ мемонад».
Баъди чанд рӯзи ин воқеа Гулбибӣ аз дунё мегузарад. Оре, Гулбибӣ орзуҳои ҷавониашро ба хок бурд, аммо шарафи инсонии худро на танҳо муҳофизат карда тавонист, балки дар охири ҳаёташ аз душмани худ як навъ интиқом ҳам гирифт. Чунин эътироз ибтидои муборизаест, ки дар симои Гулнор, Муҳаббат, Фотима ва ҳабиба барин персонажҳои асарҳои ояндаи С. Айнӣ таҷассум ёфтааст.
Дар байни образҳои манфии асар образи Арбобкамол ҷолиби диққат аст. Ӯ мумсики гузароест, ки тамоми ҳиссиёташ ба ҷамъоварии пулу мол вобаста аст. Нависанда дар тасвири образи Арбобкамол аз ҳаҷв истифода кардааст. Аз ҷумла, аз шарми риши кандашуда то чил рӯз худро бемор сохта дар хона пинҳои шудан ва баъд «Худо ба ман умри дубора дод, вагарна бемориам бисёр сахт буд, мӯйҳои баданам тамом рехта, аз сари нав баромад, бубинед, асараш ҳамӯз дар ришам боқӣ аст» гуфта дар назди мардум «шукрона» кардани ӯ ҳам хандаовар ва ҳам нафратовар аст. Умуман, образҳои мусбату манфии қиссаи «Одина» ҳар кадом дар ҳалли зиддиятҳои асар саҳми муносиб доранд.
Устод Айнӣ дар байни солҳои 1927-1930 романи «Дохунда»-ро таълиф намуд, ки охирҳои соли 1930 дар Қазон ба табъ расид. Дар таърихи адабиёти Осиёи Миёна бори аввал ба таълифи асари типи нав – роман пардохтан аз адиб ҷустуҷӯҳои зиёди эҷодиро талаб менамуд. Роман аз панҷ қисм ва 124 боб иборат буда, ба таъсиси Ҷумҳурии ҳафтуми сотсиалистии Тоҷикистон (1929) анҷом меёбад. Муҳити сиёсиву иҷтимоии қаҳрамонони «Дохунда» вобаста ба вақту замон аз «Одина» фарқ мекунад. Ёдгор мубориз аст. Гулнор низ дар фаъолиятмандӣ аз Ёдгор қафо намемонад ва ҳар ду қаҳрамон ба мақсад мерасанд.
Ҷолиби диққат аст, ки макони воқеаҳои қиссаи «Одина» ва романи «Дохунда» сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон мебошад. Одина зодаи Қаротегин (водии Рашт) ва Ёдгор зодаи Кангурт (минтақаи Кēлоб) мебошанд. Устод Айнӣ ба ин мавзеъҳо сафар накарда буд. Вале масъулияти баланди ватандорӣ ӯро водор намуд, ки айёми баррасии масъалаҳои миллӣ таваҷҷӯҳи ҷомеаи шӯравиро ба зиндагии тоҷикони кӯҳистон ҷалб намояд.
Романи «Ғуломон». Воқеаҳои романи «Ғуломон» бошад, асосан дар зодгоҳи худи на- висанда – ноҳияи Ғиждувони Бухоро мегузаранд. Аз ин рӯ, «барои ман навиштани ин китоби арзишнок осон буд» қайд кардааст С.Айнӣ. «Ғуломон» аз панҷ қисм иборат буда, бори аввал соли 1935 ба табъ расидааст. Ин асари ҳаҷман бузург1 аз манзараҳои ғуломфурӯшии ибтидои асри ХIХ сар шуда, то соли 1933 давом мекунад ва воқеаҳои таърихии зиёда аз 100-соларо дар бар мегирад. «Ғуломон»-и С.Айнӣ романи мӯҳташам (эпопея) мебошад, зеро дар он воқеа ва иштироки персонажҳо то ҳадди аъло инкишоф меёбад.
Дар «Ғуломон» образҳои бисёре амал мекунанд, вале қаҳрамони марказии асар халқ мебошад. Хатти сужети асар дар асоси амалиёти як авлоду се насл фароҳам омадааст. Дар сари насли аввал Раҳимдод ном ғулом қарор дорад, ки ӯро соҳибонаш дар 7-солагӣ Неқадам ва дар пиронсолӣ Бобоғулом ном мебаранд. Насли дуюмро писари Раҳимдод – Эргаш ва насли сеюмро писари Эргаш – Ҳасан намояндагӣ мекунанд.
Насли аввал. Ба насли якум ғуломон ва канизакони бисёре мансубанд. Ашӯри ҷа - сур, Фарҳод, Ҳошим, Очил, Зебо, Гулсум шомиланд, ки асосан дар қисми якуми роман фаъолият доранд. Дар саргаҳи ин насл Раҳимдод меистад.
Раҳимдод ҳафтсола буд, ки ӯро дастаи ғоратгарони Абдурраҳмон сардор аз Ҳирот ҳамроҳи бист нафари дигар ба асирӣ мегиранд ва ба ӯ номи дигар - Неқадам дода, ба ғуломҷаллоби хевагӣ - Муҳаммад Каримбой мефурӯшад. Каримбой дар сарои пои остонаи Бухоро Неқадамро ба 40 тангаи тилло ба Абдурраҳимбойи шофиркомӣ мефурӯшад.
Лаҳзаи ба банди дасти Неқадам пахш кардани тамғаи1 тафсон ниҳоят муассир ва ҷонгудоз аст: «Набиполвон Неқадамро пуштнокӣ ба замин хобонид, ду кафи дасти ӯро бо поҳояш ба замин пахш кард. Қалмоқоим пойҳои ӯро ?
Дида шуд: 30