Тошхӯҷаи Асирӣ соли 1864 мелодӣ дар маҳаллаи Сангбурони шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи косиб таваллуд шудааст. Аз синни чаҳорсолагӣ ба саводомӯзӣ машғул шуда, дар назди хаттоти машҳур – Мирсалими Мӯҳркан машқи хат намудааст.
Тошхӯҷа дар мадрасаи «Шоҳӣ»-и шаҳри Хуҷанд таҳсилро идома медиҳад. Соли 1882 барои такмили илм ба яке аз марказҳои бонуфузи водии Фарғона – шаҳри Хуқанд сафар мекунад ва дар мадрасаи «Хоним» ҳашт сол ба донишомӯзӣ машғул мешавад.
Асирӣ ҳангоми таҳсил дар шаҳри Хуқанд ба намояндагони фарҳанги халқи ӯзбек (ба мисли Муҳаммадаминхоҷаи Муқимӣ, Зокирҷони Фурқат, Убайдуллоҳи Завқӣ) робитаи дӯстӣ пайдо мекунад. Дар ҳамин айём ба зиёиёни рус низ шинос гардида, ба омӯхтани забони русӣ машғул мешавад. Дар айни ҳол аз матбуоти даврии русию туркзабони Осиёи Миёна ва Қавқоз баҳравар мегардад.
Тошхӯҷа Асирӣ баъди таҳсил ба зодгоҳаш бармегардад. Шоир дар Хуҷанд ягон мансаби илмӣ ва давлатиро қабул намекунад ва то охири умр ба касби сангиосиётарошӣ, ки аз падар мерос монда буд, шуғл меварзад. Шоир ба аҳли фарҳанги замон, аз ҷумла, ба Анбари Бухороӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Садриддин Айнӣ барин мунавварфикрон муносибати дӯстӣ ва мукотиба доштааст. Ба хоҳиши Садриддин Айнӣ дар хусуси мактаби кeнаву нав қасидае аз сӣ байт иборат навишта, ба e мефиристад. Асирӣ дар ин қасида оид ба мактаби кeҳна чунин андеша рондааст:
Ба васфи лозими атфол дохилаш бингар,
Сивои зеру забар нест сокину ташдид.
Ба ҷуз шаллоқу адабчўбу силлии устод,
Аз ин ҷафокада дигар чӣ ҳосил аст падид?
Ҳазор сол бад-ин наҳҷ1 агар ҳиҷо хонӣ,
Ба ғайри ҳаҷв аз он ҷо махоҳ гуфту шунид.
Асирӣ амири Бухоро гуфтааст:
Ман амиратро ба як мирӣ намегирам, бирав,
Илтифоти ӯ надорад қимати як дона ҷав.
Асирӣ аз хурдсолӣ ба шеърнависӣ оғоз намуда, ҳанӯз айёми ҷавонӣ чун шоири бомаҳорат шинохта шудааст. Аввал анъанаи адабиёти классикиро давом дода, ба ашъори шоироне чун Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Васлии Самарқандӣ шеърҳои ҷавобия навиштааст. Баъдтар, вақте ки ба зиндагӣ дурусттар ошно гардида, ба рӯзгори нобасомони мардуми заҳматкаш ба дидаи ибрат менигарад, ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва рӯзмарраи ҷомеа рӯ меорад.
Ҳамин тариқ, дар эҷодиёти Тошхӯҷа Асирӣ ду тарзи баёни фикр – яке услуби нигориши адабиёти классикӣ, махсусан сабки эҷоди Бедил ва дигаре шакли содаи ифода мавқеъ пайдо мекунад. Ақидаҳои маърифат- парварӣ ва равшангарии шоир бештар дар шакли дуюми баён ифода ёфтаанд.
Тошхӯҷа Асирӣ 3 марти соли 1916 дар шаҳри Хуҷанд вафот мекунад.
Мундариҷаи ашъор. Ашъори Асирӣ ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ эҷод шудаанд. Вале дар шеърҳои алоҳидаи шоир порчаҳое вомехeранд, ки ба забонҳои арабӣ ва русӣ оид мебошанд. Аз Асирӣ то замони мо шеъре омадааст, ки «Манзумаи омехтаи арабӣ, форсӣ, тукӣ ва русӣ» ном дорад. Ии шеър аз 51 байт иборат буда, ба чор забон навишта шудааст:
Мустаъзири ҳавлият Чиликин,
Он кофири бовиқори бекин .
Аз хона баромадаш ягона,
Таклиф намуд сeйи хона.
Гуфто зи раҳи вафопарастӣ:
«Приходите камне гeстӣ»
Асирӣ ба жанрҳои маснавӣ, қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, мухаммас, фард таваҷҷeҳ доштааст. Адиб ба наср низ шуғл варзидааст. Вале мероси адабии ӯ ҳанӯз пурра ҷамъоварӣ нашудааст. «Ашъори мунтахаб»-и шоир (1987) 1278 байтро дарбар мегирад.
Тошхӯҷаи Асирӣ меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат, донишмандӣ ва меҳнатдӯстиву бунёдкорӣ барин хислатҳои ҳамидаи инсониро васф намуда, ҳарисию чашмгуруснагӣ, золимию авомфиребӣ, кӯҳнапарастиву кӯтоҳан- еширо низ мавриди накӯҳиш қарор додааст. Дар қасидаи «Бурҳони Асирӣ» ё «Одамият чист?», ки соли 1909 чун назира ба қасидаҳои Мирзо Абдулқодири Бедил («Чист гардун?- Он, ки яксар сифларо мепарварад»)ва Таҷаллии Кашмирӣ («Чист мардӣ?- Он, ки худро чун ғазанфар доштан») эҷод гардидааст, вазифа ва ӯҳдадориҳои муқаддаси инсон дар ҷомеа бо маҳорати баланди нигорандагӣ таъкид ёфтааст:
Одамият чист? – Худро дур аз шарр доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар2 доштан.
Аз сафо оина бастан хонаи дилро мудом,
В-аз чароғи сидқ хотирро мунаввар доштан.
Хешро дар шоҳроҳи фақр афкандан ба хок,
Дар тариқи фоқа3 худ аз хор камтар доштан.
Аз шамими атри зулфи шоҳиди ҳусни баён,
Шоммаи асҳоби маъниро муаттар доштан.
Аз назари адиб, масъулияти инсон дар ҷомеа хеле баланд аст. Шоир ба таври мухтасар чанд хислати ҳамидаи инсониро (чун накeкорӣ, хайрхоҳӣ,дастгирӣ, садоқат, хоксорӣ) ном бурда, моҳияти ҳар кадоми онҳоро таъкид менамояд. Забони сода, вазни мувофиқ (рамали мусаммани маҳзуф:
-- V-- --/ -- V-- -- /-- V-- --/--V-- )
ва дигар воситаҳои тасвир андешаи шоирро басо ҷолиб ифода мекунанд.
Қисми дуюми ин қасидаи ҳаҷман калон ба мазаммати шахсони мансабдоре, ки илму динро ба манфиатҳои ғаразкоронаи худ истифода карда, боиси бадбинӣ ва нафрати мардум гардидаанд, бахшида шудааст. Дар байтҳои алоҳидаи қасида мавқеи шоир нисбат ба судхӯрон ва манфиатҷӯёни золимтабъ равшан таъкид ёфтааст.
Оҳ, аз ин ҷинси наҷосаттинатони зeҳдкеш,
Ҷуз ба оби теғ натвонӣ мутаҳҳар доштан.
Умуман, вақте ки Асирӣ ба накӯҳиши хурофотпарастону мансабталошон мепардозад, дар ашъори ӯ ҳаҷв мавқеъ пайдо мекунад. Дар порчаи зерин шоир шахсони авомфиребро, ки бо ороиши зоҳирии худ дар ҷомеа эътибор ёфтанӣ мешуданд, ба Аквондев1 ташбеҳ дода, онҳоро мавриди ҳаҷву тамасхур қарор додааст:
Бад - ӯ гуфтам: «Ту гар аллома бошӣ,
Чаро дар банди ин аммома бошӣ?!
Агар алломаӣ, аммомаат чист?
В-агар аммомаӣ, алломаат кист?»
Дар ашъори Асирӣ масъалаҳои рeзмарраи зиндагӣ мавриди андеша қарор гирифтаанд. Шоир таваҷҷeҳи хонандаро ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти инсон ҷалб намуда, бо ҳамин eҳдадориҳои ҳар фардро назди ҷомеа таъкид менамояд. Шоир дар мисоли лаҳзаҳои пeшидан ва кушодани чашм суръати бошиддати гузаштани умри инсонро мувофиқ ифода кардааст:
Айёми бақо чу боди Наврeз гузашт,
Рeзу шаби мо ба меҳнату сўз гузашт.
То чашм ниҳодем ба ҳам, субҳ дамид,
То чашм кушодем зи ҳам, рeз гузашт.
Ашъори пандуахлоқии Асирӣ дорои рeҳи фолклорӣ буда, зуд мақбули хотири хонанда мегардад. Аз ин ҷиҳат, рубоии зерин, ки дар тақвияти мақоли «гандум аз гандум бирeяд, ҷав зи ҷав» таълиф гардидааст, ҷолиб аст:
Гар подшаҳиву тоҷ бар сар дорӣ,
В-ар ҳукму вало баҳру бар дорӣ.
Пиндор, ки арзанат наёрад гандум,
Ҳар дона, ки киштаӣ, ҳамон бардорӣ.
Тошхӯҷаи Асирӣ чун шахси озодандеш кушодашавии мактабҳои усули навро чун ҳодисаи барҷаста мусбат арзёбӣ мекунад ва бо тамоми ҳастӣ ба тарғиби таълиму тадриси мактабҳои усули нав, омӯхтани забонҳо ва илму техникаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мепардозад. Табиист, ки чунин асарҳои шоир бо забони сода ва ба қадри фаҳми омма наздик нигошта шудаанд. Ӯ сар қасидаи «Мактаби қадим ва ҷадид», ё «Ҷӯйи Бекобод» ном маснавиаш, ки дар ҷавоби «Миръоти ибрат»-и Аҷзии Самарқандӣ эҷод гардидааст, ягона роҳи аз вартаи мӯҳтоҷӣ раҳо ёфтани мардумро дар рӯ овардан ба мактабу маорифи нав медонад:
Макотибҳои нав эҷод кардан,
Раҳи дарси ҷадид иршод кардан…
Сару кори дигар бояд гирифтан,
Ба роҳи тоза бояд пеш рафтан…
Агар Чин аст, ё Маскав, ба ҳар ҳол,
Сазад рафтан пайи такмили икмол.
Ҳамин тариқ, ашъори Тошхӯҷаи Асирӣ аз ҷиҳати лафзу маънӣ мукаммал буда, аксаран ба мавзӯъҳои муҳими иҷтимоӣ бахшида шудаанд ва бо ифоданокӣ ва хусусиятҳои омӯзандагии худ дар адабиёти ҷадидаи тоҷик мавқеи арзанда доранд.
Маснавии «Ҷӯйи Бекобод» (1914) калонтари асари Асирӣ ба ҳисоб меравад ва аз он 416 байт боқӣ мондааст. «Ҷӯйи Бекобод» чун «Миръоти ибрат» дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф (ё мақсур) эҷод гардида, аз ҷиҳати мазмун низ ба достони Аҷзӣ мувофиқати комил дорад.. Достон бо байти зерин оғоз меёбад:
Замоне будам андар хонаи хеш,
Чу ганҷам сокини вайронаи хеш.
Мафоӣлун, мафоӣлун, мафоил.
V - - - / V - - - / V- ~
«Ҷӯйи Бекобод» масъалаҳои зиёди иҷтимоиро дар бар кардааст. Шоир дар ин асар ақидаҳои инсонпарваронаи Аҳмади Дониш ва Аҷзии Самарқандиро давом дода, бо техникаи пуриқтидори рус канда шудани ҷӯйи Бекободро самимона васф мекунад ва масъалаи минбаъд аз дарёҳои Сайҳун (Сир) ва Ҷайҳун (Аму) обёрӣ кардани заминҳои ташналабро ба миён мегузорад. Ба қавли Асирӣ, кӯшишу ғайрат, бунёдкорӣ ва дӯстиву рафоқати халқҳо сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо ва асоси тараққиёти ҷомеаи инсонӣ мебошад:
Арозӣ– қобили заръ асту беоб,
Аҳолӣ ҷоҳилу дар бистари хоб.
Гар аз Ҷайҳун ду-се ҷӯ ҳафр2 оранд,
Бухору Хеваро Фирдавс созанд.
Дар ҳақиқат, обу обёрӣ аз муҳимтарин масъалаҳои Осиёи Миёна ба шумор мерафт ва ба ин мавзeъ сарвари морифпарварони тоҷик Аҳмади Дониш ҳам таваҷҷeҳ зоҳир намуда буд. Дар «Ҷӯйи Бекобод» бошад, ин масъала боз ҳам тақвият ёфтааст. Шоир такроран ба ин мавзeъ муроҷиат карда, баҳри тақвияти фикр аз услубҳои гуногуни ифодаи бадеӣ истифода менамояд. Дар боби «ҳикоят бар сабили тамсил ва воқеаи хоб ва таърихи эҷоди ҳадиқа» шоир бо истифода аз услуби тасвири хоббинӣ боз масъалаи обёрӣ ва ободониро ба миён мегузорад. Дар хоб ниёгон шоирро ба зиндагии огоҳона ва обёрӣ кардану боғ парваридан водор мекунанд:
«Махусб андар фарози даҳр бекор,
Кунун бархезу коре кун дар ин дор3
Ба ҳафри чашмаи он ҷаҳд бигмор
В- аз он ҷо ҷадвали обе бурун ор.
Аз он ҷадвал шавад он дашт обод
В- аз он об ояд он ҷо равза бунёд».
Шоир бо маслиҳати ниёгон амал карда, ҷойи ноободеро обёрӣ мекунад ва дар замини обёришуда навъҳои гуногуни зироату мевагӣ ва сабзавот парвариш менамояд. Замине, ки асрҳо боз «номи обе ношунида, ба тeфон ҳам рухи обе надида» буд, дар андак муддат ба макони ободу зебое мубаддал мешавад. Мисраъҳои ба васфи макони обёришуда бахшида басо образнок ва дилнишин садо медиҳанд:
Дар он водӣ чу шуд ин об ҷорӣ,
Даромад мурдаро ҷони баҳорӣ.
Замин шуд қобили кишту зироат,
Гирфт аз сабза ранги иститоат4.
Дар он ҷо тухми гандумдона киштам,
Ман акнун Одамам, он ҷо биҳиштам…
Таносуби калом, ташбеҳ, талмеҳ ва таҷнис барин санъатҳои бадеӣ дар ифодаи мазмун саҳми муносиб гузоштаанд. Замини беобро ба мурда ва оби ҷориро ба ҷон монанд кардани шоир зарурату моҳияти обу обёриро нишон медиҳад. Махсусан дар байти охир ишора ба қиссаи асотирии ҳазрати Одам ҷолиб аст. Қаҳрамони лирикӣ замини ободкардаашро ба биҳишт ва худро ба ҳазрати Одам нисбат дода, бо ҳамин қадру манзалати инсони меҳнатӣ ва файзу баракати замини обёришударо манзури хонанда менамояд.
Масъалаи дигаре, ки дар достон мавқеи босазо дорад омeхтани илму дониш мувофиқи талаби давру замон мебошад. Шоир, чунон ки аз боби «Дар насиҳати фарзанд» бармеояд, тарафдори илмест, ки мардумро «аз банди фақр озод намояд» ва «ҳосили он ганҷ» бошад. Асирӣ бадбахтии инсонро дар фақирии e мебинад ва таъкид мекунад, ки одами фақир дар ҷомеа қадру қимате надорад. Асирӣ ба одами фақир марди дороро муқобил гузошта, ба воситаи тасвирҳои тазодӣ боиси обрeю эътибори шахс будани дороиро ҳунармандона ба қалам медиҳад:
Бале, онро, ки бошад камбизоат,
Гулашро нест ранги иститоат…
Агар анқо шавад, гумном гардад,
Фазои субҳи e чун шом гардад,
Набудӣ меҳрро зар андар ҳамён,
Танeри сард будӣ бе рухи нон.
Дар ҳақиқат, агар офтоб ҳамёни зар намедошт, чун танeри сард холӣ аз гармию ҳарорат буд. Шоир ба тавсифи зар мепардозад ва дар ҳама ҷабҳа мушкилкушо будани онро таъкид мекунад. Асирӣ ба муқобили касоне ҳаст, ки таърифу тавсифи зару дороиро нораво хонда, аҳолиро ба фақирию бенавоӣ ҳидоят мекарданд. Ӯ ба фарзандаш насиҳат мекунад, ки:
Ба илме кeш, то зар ҳосил ояд,
Ба касбе соз, то ҷоҳат физояд.
Дар маснавиии «Ҷўйи Бекобод» ба роҳҳои гуногуни таълим низ таваҷҷeҳ зоҳир гардидааст. Асирӣ таълим доданро ба касоне зарур мешуморад, ки онҳо соҳиби ақл ва истеъдоди фитрию фаҳми ҷибилӣ мебошанд. Дар акси ҳол таълим суд намебахшад. Ба шахси бефаҳму бефаросат ва ноқобил таълим додан мисли он аст, ки кас ба пеши аблаҳон мусҳаф кушояд. Дар ин ҳолат рeҳи пандуахлоқии достон афзоиш ёфта, байтҳои алоҳида суханони ҳикматомези адабиёти классикии тоҷикро ба хотир меоранд:
Ҳар он, к-e халқ шуд аспи ҷувозӣ,
Ба ислоҳат нашуд Шабдези тозӣ.
Мадеҳ бо аблаҳон дарси қавофӣ,
Нашояд уштуронро шоҳибофӣ.
Асирӣ роҳҳои аз вартаи қашшоқӣ ва ҳалокат баровардани мардумашро меҷўяд. Ба қавли шоир, миллате, ки ҳам илми динӣ ва ҳам илми дунявиро аз худ накардааст, завол меёбад ва побанди миллатҳои ғайр мешавад. Шоир ба таърихи миллати худ назар карда, халқи фарҳангӣ ва дорои тамаддуни қадима будани онро таъкид менамояд. Дар ин ҳолат қувваи ифоданокии фикрро санъати такрор ва задаи мантиқӣ таъмин менамоянд:
Шумо дар асл одамзодагонед,
Шумо устоди олимзодагонед.
Шумо оварда қонуни тамаддун,
Шумо парварда гулзори тафаннун.
Шумо бинҳода расми ихтироот,
Шумо бикшода боби ин синоот…
Миллате, ки гузаштаи пурифтихор ва таҷрибаи зиёди зиндагӣ дорад, бояд дар байни миллатҳои дигар мавқеи сазовор дошта боша два ин мавқеъро ба воситаи илмомeзӣ, забондонӣ, тарҷума ва таҷрибаивазнамоӣ ба даст даровардан мумкин аст. Хулоса, «Ҷeйи Бекобод» ё «Тимсол»-и Асирӣ асарест, ки масъалаҳои муҳими иҷтимоиро дар ибтидои асри хх фаро гирифтааст. Ақидаҳои шоир дар замони истиқлолияти Тоҷикистон ба аҳамияти бештаре ноил гардидаанд.
Дида шуд: 25