Фазлиддин Муҳаммадиев (1928-1986)


Зиндагӣ ва мероси адабии адиб

Рӯзгори адиб. Фазлиддин Муҳаммадиев 15 июни соли 1928 дар шаҳри бостонии Самарқанд ба дунё омадааст. Оилаи онҳо ба китоб пайвастагии доимӣ дошт, зеро падараш саҳҳоф ва муқовасоз буд. Падар ҳар китоби хубро, ки муқова мекард, мутолиаи онро ба фарзандон, аз ҷумла Фазлиддини хушодобу хушзеҳн, тавсия менамуд. Фазлиддин баъди хатми мактаби миёна соли 1946 ба Маскав рафта, чанде дар Донишгоҳи ҳавопаймоии Маскав таҳсил кард. Аз тангии маишат ноилоҷ таҳсилро мавқуф мегузорад ва ба Самарқанд баргашта, дар колхоз ба сифати табелчӣ кор мекунад.

Баъди вафоти падар Фазлиддинро бародараш Абдулҳамид Муҳаммадиев ба пойтахти Тоҷикистон – Сталинобод меорад ва ӯро ба пешаи рӯзноманигорӣ ҳидоят менамояд.

Ф. Муҳаммадиев солҳои 1947-1949 чун ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») адои вазифа мекунад. Баъд ӯро ба Маскав, ба Мактаби марказии комсомоли умумииттифоқ мефиристанд. Адиб баъди хатми ин мактаб (1951) фаъолияти рӯзноманигориро дар рӯзномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Газетаи муаллимон», «Тоҷикистони советӣ», маҷаллаҳои «Занони Тоҷикистон» ва «Шарқи сурх» давом медиҳад.

Соли 1962 Ф. Муҳаммадиев дуввумбора озими Маскав шуда, дар Институти адабиёти ба номи Горкий таҳсил менамояд. Баъди таҳсил фаъолияти рӯзноманигориро дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» давом медиҳад. Ҳамзамон ба шӯъбаи машваратии «Тоҷикфилм» ҳамкорӣ менамояд. Сипас, фаъолияти адиб дар нашриёти «Ирфон» ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик идома меёбад. Солҳои 1978-1981 ба сифати котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор мекунад. Аз соли 1981 то охири умр дар кори эҷодӣ буд. Адиб шашуми октябри соли 1986 ҳазорон мухлисону алоқамандонашро ба таври ҳамешагӣ тарк гуфт. Турбати марҳум дар қабристони Лучоби шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Муҳаммадиев барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (1967), Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон мебошад.

Мероси адабӣ. Фаъолияти асарофаринии Ф. Муҳаммадиев аз нимаи солҳои 50-ум оғоз ёфтааст. Аввалин ҳикояи нависанда, ки соли 1955 ба табъ расид, «Порчаи остин» ном дошт. Баъд пай дар пай очеркҳои «Раиси нав» (1955), «Муҳоҷирон» (1956) ва «Фаттоҳ ва Музаффар» (1958) ба табъ расиданд. Соли 1958 аввалин маҷмӯаи очерку ҳикояҳои нависанда таҳти унвони «Муҳоҷирон» чоп мешавад.

Дар аввалин очеркҳои нависанда масъалаҳои муҳими иҷтимоию маданӣ тезутунд ва бо ҷиддият ба миён гузошта шудаанд. Дар очерки «Раиси нав» мавқеи роҳбар дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қаҳрамони очерк Саид Фатҳуддинов шахси кордону ҷонсӯз аст. Ӯ ба одамон бовар дорад ва ба онҳо раҳнамоӣ карда метавонад. Дар очерки «Фаттоҳ ва Музаффар» бошад, масъалаи роҳбарони мағруру худбовари соҳаи кишоварзӣ бардошта шудааст. Аз мутолиаи очерк хонанда ба чунин хулоса меояд, ки ба Фаттоҳ барин роҳбарони бемасъулият бовар кардан мумкин нест, балки ба онҳо бо ҷиддияти том мубориза бурдан зарур аст. Нависанда ба Фаттоҳ инсони асилу ҷонфидо – Музаффарро муқобил мегузорад.

Қиссаи «Тири хокхӯрда» (1960) оид ба сарнавишти кормандони бехатарӣ ва қиссаи «Одамони кӯҳна» (1963) доир ба рӯзгори зиёиёни шаҳр баҳс мекунанд. Қиссаи таърихии «Зайнаббибӣ» (1964) сарнавишти зани тоҷик, раиси ҳукумати ноҳияи Кӯктош (ноҳияи ҳозираи Рӯдакӣ) Зайнаб Қурбоноваро фаро гирифтааст. Қиссаи «Дар он дунё» (1965) дар бораи сафари ҳоҷиён аз Иттиҳоди Шӯравӣ ва рафторҳои аҷибу ғариби онҳо ҳикоят мекунад. Ҳар кадоми ин асарҳо як паҳлӯи муҳими эҷодии Ф. Муҳаммадиевро муайян мекунанд. Масалан, қиссаи «Тири хокхӯрда» аз майли нависанда ба тасвири воқеаҳои ғайриоддӣ ва моҷароҷӯёна гувоҳӣ медиҳад ва аввалин намунаи асари детективӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик ба шумор меравад. Қиссаи «Одамони кӯҳна» бошад, ба забони русӣ тарҷума шуда, дар маҷаллаи «Дружба народов» ба табъ расид ва номи нависандаи тоҷикро бо адибони машҳури шӯравӣ дар як радиф гузошт.

Ф. Муҳаммадиев дар солҳои 60-ум як силсила ҳикояҳо навишт, ки онҳо соли 1969 дар маҷмӯаи «Сози Мунаввар» ба табъ расиданд. Соли 1974 нахустин романи ӯ таҳти унвони «Палатаи кунҷакӣ» дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба нашр мерасад ва баъдтар бо ҳамин ном дар шакли китоб дастраси хонанда мегардад. Мавзӯи он аз рӯзгору фаъолият ва дунёи маънавии инсони муосир иборат мебошад.

Муҳаммадиев ба сабаби беморӣ чанд сол чизе навишта натавонист. Аммо истеъдоди нависандагӣ ва маслиҳатҳои устодону дӯстон ӯро боз ба асарнависӣ ҳидоят намуд. Адиб соли 1977 сафарномаи «Мо нориниёнем»-ро навишт, ки маҳсули мушоҳидаҳои адиб аз Ҷумҳурии Қирғизистон, махсусан шаҳри Норини ин сарзамин мебошад. Нависанда ба гӯшаву канорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр сафар мекард ва бо сохтмончиёни Норак, Роғун, Бойғозӣ алоқаи доимӣ дошт. Ин муҳаббату садоқати ӯ ба Ватан ва халқи тоҷик дар «Шираи замин» (1981), «Оини муқаддас» (1982), «Саволу ҷавобҳои Энаҷон Бойматова» (1986) ном очеркҳояш бармало эҳсос мешавад.

Дар қиссаҳои «Шоҳии япон» (1981) ва «Варта» (1983) аз зиндагии коргарони тоҷик, маишат, олами ботинӣ ва савияи маънавиёти онҳо сухан меравад. Ҳамчунин, ҳикояи «Ҷага» ва чанд ҳикояи дигари мавсуф дар нимаи дуввуми солҳои 80-ум ба табъ мерасанд. Ду ҷилди Куллиёти Ф. Муҳаммадиев солҳои 1978 ва 1980 дастраси алоқамандон гардиданд. Умуман, тамоми асарҳои адиб дар шакли куллиёт ва китобҳои алоҳида ба чоп расиданд. Охирин маҷмӯаи қисса ва ҳикояҳои Муҳаммадиев бо номи «Варта» баъди марги нависанда, соли 1987, ба дасти хонанда расид.

Фазлиддин Муҳаммадиев ба сифати эссенавис, публитсисти фаъол ва ҳаҷвнигори забардаст низ маъруф аст. Соли 1985 маҷмӯаи очерку эссе, публитсистика, фелетон, намоишнома ва мақолаҳои адиб бо номи «Дӯстон тоҷи сар» чоп гардид. Сарлавҳаи яке аз мақолаҳо «Мо ҳамагӣ масъулем, ҳар яки мо масъул аст» ном дорад ва ин шиори тамоми фаъолияти қаламкашии нависанда аст. Ё худ дар мақолаҳои «Косадум» ва«Прокурорҳои нармдил ва дуздони шердил» масъалаи оштинопазир будан ба шахсони баддил ва мансабталошу мусолиҳакорро мебардорад.

Ф. Муҳаммадиев пайваста ба филмсозони тоҷик ҳамкорӣ дошт ва аз рӯйи асарҳои ӯ чанд филми бадеию мустанад бардошта шудааст. Махсусан, филмҳои «Задухӯрд» (1973), «Субҳи Ватани ман» (1974), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (1980), ки аз рӯйи филмномаҳои адиб наворбардорӣ шудаанд, то ҳозир хазинаи Тоҷикфилмро оро медиҳанд. Филми бадеии «Вохӯрӣ дар дараи марг» дар бисёр озмунҳои байналмилалӣ соҳиби мукофот гардидааст. Нависанда дар соҳаи драманависӣ ҳам кӯшишҳо кардааст ва мазҳакаи «Арӯси охирини амирулмӯъминин» (1983) яке аз онҳост.

Қариб ҳамаи асарҳои бадеии Ф. Муҳаммадиев ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Ҳамчунин, қисса ва ҳикояҳои ҷудогонаи адиб ба забонҳои украинӣ, белорусӣ, қазоқӣ, латишӣ, эстонӣ, ӯзбекӣ, арманӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума ва чоп гардидаанд. Чанд асари ӯ ба алифбои форсии арабиасос низ дастраси хонанда шудаанд.

Ф. Муҳаммадиев дар соҳаи тарҷума низ маҳорат дорад. Тарҷумаи тоҷикии романҳои нависандаи Фаронса Андре Стил «Зарбаи аввал», адиби румин Михаил Садовяну «Ҷазираи Гулистон», қиссаҳо ва романи нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов «Ҷамила», «Алвидоъ, Гулсарӣ» ва «Дуроҳаи бӯронӣ», песаҳои нависандаи рус Н. Погодин «Достони саввуми муассир», адиби ӯзбек А. Қаҳҳор «Ҷон модаракон» ва «Садо аз тобут», асарҳои ҷудогонаи А. Чехов, Т. Драйзер ва дигарон ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Хулоса, Ф. Муҳаммадиев зиндагии шарафмандона дошт ва аз худ мероси бою пурбаракат боқӣ гузошт.

Ҳикояҳо ва қиссаҳо

Дар эҷодиёти Фазлиддин Муҳаммадиев ҳикоя мавқеи хос дорад. Бо кӯшиши ин нависанда ҳикояи тоҷик дар адабиёти солҳои шаст бо равиши тоза инкишоф ёфта, ба зинаи нави сифатӣ ноил гардид. Ҳикояҳои аввалини ӯ «Мактуби дӯст» (1958), «Арзамас» (1960), «Роҳ» (1962) дар хусуси ахлоқи инсон ва мақоми ӯ дар зиндагӣ баҳс мекунанд. Нависанда на ба зоҳири воқеа, балки ба мазмуни ботинии он бештар таваҷҷӯҳ мекунад ва рӯзгори одамони муосирро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Қаҳрамони асосии ҳикояи «Савдои умр» Зӯҳрои ҷасур ва маҳкамирода аст. Ӯ ба сабаби он ки домодшаванда ҳамроҳаш ба муассисаи ақди никоҳ рафтан нахостааст, тӯйро вайрон мекунад. Зӯҳро гаштаю баргашта андеша мекунад, ки оё Муродро дар ҳақиқат дӯст медорад ва оё бо Мурод дар оянда хушбахт мешавад? Танҳо вақте ки Мурод хатои худро эътироф мекунад, Зӯҳро ба ӯ хонадор мешавад. Муаллиф дар ин ҳикоя масъалаи муҳаббат ва оиларо тамоман ба тарзи нав ба миён мегузорад. Зӯҳро тоҷикдухтарест, ки барои хушбахтии худ талош меварзад ва оқибат ба мақсад мерасад. Муаллиф зисту зиндагии қаҳрамони асарро воқеъбинона ва муфассал тасвир намуда, хонандаро ба андеша водор кардааст. Ҳикоя охири солҳои панҷоҳум навишта шудааст, вале талоши Зӯҳро баҳри зиндагии поку беолоиш ва арзишманд ҳоло ҳам намунаи ибрати ҷавонон мебошад.

Мавзӯи марказии эҷодиёти Ф. Муҳаммадиев ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад. Солҳои 1967-1973 силсилаи ҳикояҳои нависанда бо номҳои «Даъво», «Суди рафиқон», «Рӯзи дафни Усто Оқил», «Сози Мунаввар», «Хиёбони Нодир», «Шаби саввум» ба вуҷуд омаданд. Нависанда инсонро яктарафа ва ба як ранг тасвир намекунад. Дар тасвири ӯ, бо вуҷуди ҷиҳатҳои номуносиб доштан образ куллан манфӣ нест. Нависанда рафтори ношоистаи персонажҳоро чун бахилии Муҳаммадмурод («Даъво»), рашки беҷои Ашраф («Савдои умр»), касби худро ба мерос нагузоштани Усто Оқил («Рӯзи дафни Усто Оқил») ҳунармандона маҳкум мекунад.

Усто Оқил устои гулдаст буд, аксари иморатҳои зебои деҳа маҳсули ҳунари ӯ буданд ва ба қавли Абдуррауфамак: «ин хел устои ҳунарманд дар сад сол ё як бор ба дунё меояд, ё не». Лекин анъанаи неки мардумро вайрон намуда, умраш аз шаст гузашту ягон шогирд тайёр накард ва оқибат вафот карду ҳунарашро бо худ ба гӯр бурд. Бинобар ин, эътиқоди мардум аз ӯ канд ва дар ҷанозааш ҳамагӣ бист кас ҳузур доштанду халос.

Ҳар як лаҳзаи тасвир – ҳам дар рӯзи ҷанозаи Усто Оқил беист боридани борон, ҳам ҳангоми ба мазор бурдан аз ночорӣ ба замин гузоштани тобут ва ҳам дар вақташ канда нашудани қабр гувоҳ бар он аст, ки ин одам бадбахт аст. Махсусан, тасвири охирин лаҳзаи видоъ хеле хаёлангез ва омӯзанда аст. Мувофиқи анъана баъди ба хок супурдани марҳум яке аз ҳозирон «фалонӣ чӣ хел одам буд?» гӯён савол медиҳад ва дигарон «одами хуб буд, Худо раҳмат кунад, ҷояш ҷаннат шавад» гӯён ба тарафи хона роҳакӣ мешаванд. Усто Оқил ҳатто аз ҳамин дуои вопасини ҳамдеҳагон маҳрум монд: «Пас аз он ки ҳама даст ба рӯй кашиданд, пойкор аз ҷояш нимхез шуда савол дод:

— Усто Оқил чӣ хел одам буданд?..

Абдуррауфамак метавонист худаш ҷавоб диҳад, вале бисёр мехост, ки маҳз дигарон ҷавоб диҳанд.

Дақиқае бо хомӯшӣ гузашт. Онҳое, ки ба пайроҳа наздиктар меистоданд, чизе нагуфта ба роҳ даромаданд.

— Устои нағз буданд Оқиламак, —гуфт ҷавоне, ки дар паси Абдурауфамак меистод.

— Борон рафта ба устухонам расид, -- гуфт яки дигар зери лаб ғур-ғуркунон.

— Ҳа, усто буд, —тасдиқ намуд саввумӣ.

Дигар касе чизе нагуфт. Ҳама пасу дунбол ба пайраҳа фуромадан гирифтанд.

Хулоса, Фазлиддин Муҳаммадиев дар ҳикояҳояш мавзӯъҳои рӯзмарраро бо шаклу услуби ба худ хос ба тасвир гирифта, бо ҳамин таваҷҷӯҳи хонандаро ба масъалаҳои муҳими ҷомеаи кунунӣ ҷалб менамояд.

Қиссаҳо. Дар офаридани симо ва чеҳраи инсон жанри повест ё қисса имконияти бештаре дорад. Ин аст, ки нависанда аз оғози солҳои 60-ум ба эҷоди асарҳои калонҳаҷм мепардозад ва то охири умр «Тири хокхӯрда», «Одамони кӯҳна», «Зайнаббибӣ», «Дар он дунё», «Шоҳии япон» ва «Варта» барин қиссаҳоро эҷод мекунад.

Қиссаи «Одамони кӯҳна» ба мавзӯи муҳими рӯз – маънавиёти баланди падарон, пайванди наслҳо ва талош ба муқобили муфтхӯрию ҳаромкорӣ бахшида шудааст. Сужети ин асар аз воқеаҳои муқаррарии зиндагӣ фароҳам омада, дорои моҳияти иҷтимоию ахлоқӣ мебошад. Хонанда баробари амалиёти образҳои асар ба андеша фурӯ рафта, нисбат ба онҳо ҳусни таваҷҷӯҳ пайдо мекунад. Оҳанги ҳазлу мутоиба аз унвони асар сар шуда, тамоми мундариҷаи онро диққатҷалбкунанда ва шавқангез гардондааст. Воқеан, худи «Одамони кӯҳна» номгузорӣ шудани асар мароқангез аст. Оё одам ҳам кӯҳна мешавад? Дар ин ном мақсадҳои ғоявии нависанда ҷой гирифтааст.

«Одамони кӯҳна». Дар қиссаи «Одамони кӯҳна» иштироккунандагони асар чи Зиёбобо ва Аҳрорамаку Иқболхола ва чи Оишахону Юсуф Сафозода ва Заррина ба таври мутоибаомез ба тасвир омадаанд, мутоибаҳое, ки дар мавриди Аҳрорамаку Зиёбобо нависанда бо лабханди нозук истифода мекунад, маънои меҳрубониву дӯстдориро доранд. Яъне, адиб ин пирони рӯзгордидаро навозиш мекунад.

Мутоиба ва мазҳака дар «Одамони кӯҳна» ҷанбаи лирикӣ пайдо карда, баёнгари ҳиссиёти нозук, меҳру муҳаббат, мамнуният ва шодмонии муаллиф мебошад. Ин навъи асар дар насри давраи нави тоҷик аз Ф. Муҳаммадиев оғоз ёфтааст.

Образҳои марказии «Одамони кӯҳна» мӯйсафедони ҳафтодсола ва ҳаштодсолаанд. Ин пирамардҳо бо рафтору гуфтор ва орзую омолашон шахсони аҷибанд. Дар ин асар чанд моҳи рӯзгори онҳо мавриди баҳси бадеӣ қарор ёфтааст. Аммо ҳангоми тасвир маънӣ амиқтар меравад, то он ҷое ки хонанда тамоми умри онҳоро ба мушоҳида мегирад. Дар эҷоди ин чеҳраҳо хислату одатҳои калонсолон ба назар гирифта шудааст. Яъне, ин қабил одамон ба ҳама чиз кор доранд. Ҳар касбу шуғл барояшон муҳим аст, зеро онҳо ба чашмони пиронаи хеш пасту баландиҳои зиндагиро хубтару беҳтар дида метавонанд.

Зиёбобои 80-сола барои дар нисфи боғаш сохтани биноҳои истиқоматӣ розӣ буд. Аммо, вақте фаҳмид, ки дар ин ҷо нияти сохтани нуқтаи пивофурӯшӣ доранд, ба он қатъиян муқобил баромад ва ба Комитети Марказии ҳизб арзнома навишт. Дар арзнома, аз ҷумла омадааст: «Чӣ мешуд, ки арақфрӯшия манъ кунед. Радио ҳар рӯз зиёни арақа гуфта медиҳад. Лекин магазинҳо аз арақ, аз вино пур. Ба шишаҳои хушрӯи арақ равған, ҳар хел шарбатҳо, ҳар хел дорувор андохта фурӯшанд, намешавад? Ба ҷойи ин бӯчка-бӯчка пева мефурӯшанд, ба ғайр аз ин регистрану ошхонаҳо ҳам бисёр арақ мефурӯшанд…

Одамҳои боз нағзтар тарбия карданӣ бошед, корам боз пешрав шавад гӯед, ҳама додар бародар барин аз як гиребон сар бардоранд гӯед, арақа манъ кунетон».

Далелҳои арзнома зоҳиран содалавҳона намоянд ҳам, аммо ҳаётианд. Зиёбобо мувофиқи тасаввуроти худ зарар ва оқибатҳои бади машруботро иброз дошта, тадбирҳои муборизаи зидди майнӯширо пешниҳод мекунад. Ба пиндошти Зиёбобо, истеъмоли машрубот аз рӯйи шариат гуноҳ буда, зуҳуроти зараровари ҷамъият мебошад. Бинобар ин, муассисаҳои салоҳиятноки давлатӣ бояд истеъмоли машруботро қатъиян манъ намоянд.

Ҳамин тариқ, Ф. Муҳаммадиев ба воситаи амалиёти Зиёбобо ва Аҳрорамак таваҷҷӯҳи хонандаро ба камбудиҳои ҷомеа ҷалб намудааст. Фаъолияти ин мӯйсафедон фалсафаи амиқи ҳаётӣ дорад. Масалан, як рукни фалсафаи Аҳрорамак ин аст: «Дӯст бошед, таъриф накунед, таъриф одаму оламро вайрон мекунад».

Дар қиссаи «Одамони кӯҳна» дар паҳлуи мӯйсафедон ҷавононе чун Юсуф Сафозода ва Оишахон низ фаъолият доранд ва муносибати онҳо ба насли калонсол боадабона ва эҳтиромкорона сурат мегирад. Муносибат ва ахлоқи ҳамидаи образҳои қисса барои насли имрӯзи ҷомеаи мо намунаи ибрат аст.

Романи «Палатаи кунҷакӣ»

Ягона романи Ф. Муҳаммадиев – «Палатаи кунҷакӣ» бо эпиграфи «Чароғи падаронро фурӯзон дор» оғоз меёбад ва аз 33 боб иборат аст.

Дар роман як ҳуҷраи бемористон, ки дар дохили он чаҳор кат гузошта шудааст, тасвир ёфтааст. Шахсони муолиҷашаванда раиси кумитаи назорати халқ Носир Аббос, нафақахӯр ва иштирокчии ҷангҳои шаҳрвандию ватанӣ Иванамак, коргар Каримҷонака ва филмбардор Иброҳимҷон Олимӣ мебошанд. Ҳамаи инҳо дучори сактаи дил шудаанд ва табиби ҷавон Алихон Зардодхон ба табобаташон машғул мебошад.

Баъд аз тасвири ҳуҷра – палата нависанда симоҳои дар ҳолати беморӣ қарордоштаро ба сӯҳбат медарорад. Ивонамак, Носир Аббос ва Каримҷонака аз норасоиҳои рӯзгор андеша ронда, сари мушкилоти он баҳс менамоянд. Насли ҷавон-Иброҳим・они 27-сола бодиққат баҳси онҳоро ба мушоҳида мегирад. Ӯ ба андешаҳои наслҳои калонсол розӣ мешавад ва онҳоро дар ботин ҳақ мебарорад.

Наслҳои калонсол камбудиҳои ҷомеаро бо дарду ҳасрат қабул менамоянд. Муҳокимаву мулоҳизаҳои Носир Аббос ва Ивонамаку Каримҷонака аз пешомади харобиовари ҷомеаи шӯравӣ дарак медиҳад .Яъне, андешаҳои онҳо аз муҳити танги як ҳуҷраи кунҷакӣ берун баромада, тамоми ҷомеаро фаро мегирад. Онҳо худ дар бистари беморӣ қарор дошта, дар фикри табобати дардҳои ҷомеа буданд. Ба қ ав лио нҳ о, ҷомеаро «камҳавсалагӣ ва коҳилӣ» фишор меоварад ва ин вазъият, асосан, ба шахсоне иртибот дорад, ки дар вазифаҳои масъуланду «виҷдонашон, имонашон, инсофашон, ғайрату ҳамияташон миёни чарб монда нопадид гаштаанд». Хусусан, Носир Аббос, ки вазифаи пурмасъулияти назоратиро ба ӯҳда дошт, чунин нобасомониҳоро борҳо мушоҳида намуда, ба хулосае омадааст, ки «ҳар як зараркунанда ҳам душман аст».

Ф. Муҳаммадиев дар солҳои 70-ум дар сохторҳои давлатӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ нобасомониҳоро ба мушоҳида мегирад. Нависанда гӯё 20-25 сол пеш хатари барҳамхӯрии ҷомеаи шӯравиро пешгӯӣ кардааст. Зеро, сафи зиёнкорон рӯз то рӯз зиёд мешуд ва ин ҷиҳат чунин маънӣ дошт, ки оқибати Давлати Шӯравӣ дар хатар аст. Персонажҳои калонсоли «Палатаи кунҷакӣ» низ як вақтҳо сари вазифаҳои расмӣ буданд ва дар сохтмони ҷомеа заҳматҳо кашида, барои фарзандон шароити мусоид фароҳам оварданд. Акнун дар ҳолати беморӣ ҳама сарнавишти хешро пеши назар меоранд. Онҳо бештар аз камбудиҳои ҷомеа, ки ба фаъолияти роҳбарҳо вобастагӣ доранд, баҳс менамоянд. Ба ақидаи Иброҳимҷон: «Инсон, охир ҳамон аст, ки на фақат ғами хеш, балки ғами дигаронро низ хӯрад…

Агар дар вуҷуди навъи башар ҳамин чизи муқаддас, ҳамин нури пок намешуд, таҳаввулот намебуд, дар бадали ин даҳ ҳазор соли охир аз табари сангӣ то ба киштии атомӣ ё ракетаҳои кайҳоннавард намерасид, бешак».

Романи «Палатаи кунҷакӣ» ду хатти сужет дорад. Самти якум ба фаъолияти се насли аввали одамон дар ҷомеаи сотсиалистӣ иртибот дорад. Дар тасвири адиб инҳо шахсонеанд, ки дар сохтмони ҷомеаи шӯравӣ иштироки фаъол доштанд. Акнун харобшавии онро мушоҳида карда ба ташвиш омадаанд, вале ғайр аз байни худ муҳокима кардану афсӯс хӯрдан дигар чора надоранд. Дар афкори онҳо таҳлилҳои илмӣ кам ба назар мерасад. Аз ин ҷост, ки муаллиф барои пурқувват намудани мантиқи баён нутқи онҳоро бо ривоят, мақолу зарбулмасал, ё порчаҳои шеърии шоирони машҳур оро медиҳад.

Ибораҳои рехта, суханҳои ҳикматнок ва мақолу зарбулмасалҳо махсусан дар сухани Носир Аббос мақоми сазовор дорад. Нависанда андешаи Носир Аббосро дар бораи Бекназар ном падаре, ки духтарашро аз ғайри хоҳиши ӯ ба каси дигар ба шавҳар доданӣ мешавад, чунин ба қалам додааст: «Фарзанд меваи ширин. Баъзан дар ҳисси ғамхориву парасторӣ ҳам кас қадри аз ҳад гузаштанашро нафаҳмида мемонад. Чуноне ки баъзе модарон кӯдаки навзодро аз рӯйи меҳр сахт оғӯш карда, нафасгардон мекунанд. Рафиқаш ҳам, Носир Аббос ҳам ин нуктаро хуб медонанд… Лекин гуфтаанд, ки илоҷи воқеа қабл аз вуқӯъ бояд кард».

Ф. Муҳаммадиев дар «Палатаи кунҷакӣ» ба Хайёму Саъдӣ, Камоли Хуҷандиву ҷалолиддини Румӣ ва Ҳилоливу Бедил муроҷиат менамояд, аз адабиёти Аврупо мисол меорад ва ба ин восита хусусиятҳои маърифатнокӣ ва андешапарварии асарашро пурқувват менамояд. Аз ин ҷиҳат, ба миён гузоштани масъалаи танҳо аз рӯйи нусхаи асл қироат кардани «Шоҳнома» -и Фирдавсӣ ҷолиби диққат аст. Каримҷонака мухлиси «Шоҳнома» буд ва ҳар сари чанд вақт лаҳзаҳои ҷангро аз матни ба наср гардондаи асар қироат мекард. Иброҳимҷон «ҳеҷ шарҳу тафсиру дигару дигар нусха ба аслаш баробар шуда наметавонад. Як худи сабти мисраъҳояш, оҳанги баёнаш –кони лаззат, олами ҳаловат» гӯён таваҷҷӯҳи Каримҷонакаро ба нусхаи аслии «Шоҳнома» ҷалб менамояд. Каримҷонака нусхаи аслии ин асарро ба воситаи писараш дастрас мекунад. Оҳиста-оҳиста аз хониши он ба ваҷд меояд. «Каримҷонака дасти озодашро дар ҳаво алвонҷ дода, чунон саргарми шеърхонӣ буд, ки ба паҳлуяш омадани духтурро, ҳатто ақаллан яктаҳи сафеди ӯро пай набурд:

Ду лашкар ба сони ду дарёи Чин,

Ту гӯӣ, ки шуд ҷунб-ҷунбон замин.

Биёмад дамон Қорани Размзан,

В-аз он сӯй Гарсевази пилтан.

Зи овози аспону гарди сипоҳ,

На хуршед пайдо, на тобанда моҳ.

Дурахшидани теғи алмосгун,

Синонҳои оҳордида ба хун…».

Дар ҳақиқат, ягон нусхаи фаръ, ягон тарҷума ҷойи аслро гирифта наметавонад ва талабагонро зарур аст, ки барои сайқал додани табъу завқ ба асли «Шоҳнома» таваҷҷӯҳ дошта бошанд.

Хатти дуввуми сужет ба сарнавишти Иброҳимҷон ва Хиромон иртибот дорад. Иброҳим Олимӣ, ки касби филмбардорӣ дорад, аз аввал то охир воқеаҳои романро ба мушоҳида мегирад. Ин ҷо шохае аз фаъолияти касбии адиб, ки солиёни зиёд бо идораи филмсозии тоҷик ҳамкорӣ дошт, дида мешавад.

Иброҳимҷон ва Хиромон то ҷое аз таҷрибаи зиндагӣ бархурдоранд, вале ҳар ду ба шикасту рехти рӯзгор гирифтор шудаанд. Хиромон намояндаи занони солҳои 70-уми тоҷик аст, ки дар сохтмоне вазифаи ронандагии кранро адо мекунад. Шавҳарашро ноҷавонмардон куштаанд, аз ин рӯ, ба мардон нафрат дорад.

Иброҳимҷон вобаста ба касби филмсозиаш ба Хиромон шинос мешавад ва ин шиносоӣ рафта-рафта тақдири онҳоро ба ҳам мепайвандад. Хиромон дар аввал Иброҳимҷонро аз қабили мардони ношуд медонист, баъдҳо ақидаашро тағйир дода, ба ӯ унс мегирад. Воқеа чунин ҷараён мегирад, ки Хиромони дар баландии кран қарор дошта бо гуноҳи як марди нобакор аз кран чаппа мешавад. Ӯ нимишабӣ ба ҳуш омада, худро дар беморхона мебинад. Иброҳимҷон ин хабари мудҳишро шунида, ба беморхона мешитобад. Вақти сӯҳбат бо Хиромон аз ҷайби Иброҳимҷон даъватномаи тӯйи арӯсии онҳо намоён буд. Ин тасвир аз он шаҳодат медиҳад, ки Иброҳимҷону Хиромон тақдирашонро ба ҳам пайванд месозанд.

Ҷолиб аст, ки оғозу анҷоми сужети роман ба палатаи кунҷакӣ пайвастагӣ дорад. Ин ҳамон палата –ҳуҷраест, ки дар гӯшаи боғи истироҳатии шаҳри Душанбе ҷойгир шуда буд ва як вақтҳо худи нависанда бар асари бемории қалб дар ҳамин ҳуҷра табобат мегирифт. Метавон гуфт, ки асари мазкур то ҷое ба саҳифаҳои рӯзгори нависандаи он далолат мекунад.

Ф. Муҳаммадиев дар «Палатаи кунҷакӣ» масъалаҳои инсону инсонгароиро тарғибу ташвиқ кардааст. Қиссаҳои «Одамони кӯҳна» ва «Дар он дунё» ҳам сари ҳамин мавзӯъ баҳс кардаанд. Умуман, тамоми эҷодиёти нависанда аз ахлоқи ҳамидаи инсонҳо ҳикоят мекунад.

Дида шуд: 23