Ба худ кардам гуворо талхии айёмро, Шавкат,
Ба ширинӣ даҳони морро тунги шакар кардам.
Яке аз суханварони боистеъдод, навпардозу борикандеш Муҳаммадисҳоқ Шавкати Бухороӣ аст, ки дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми шоиста дорад. Ў тақрибан солҳои 20-уми асри XVII дар хонадони сарроф (заршинос), ки басо илмдўсту ихлосманди шеъру адаб будааст, ба дунё омадааст. Аз ин рў, Шавкат ҳамаи илмҳои ҷории замонро комилан аз худ менамояд. Инчунин, нозукиҳои касби падарро ҳам хеле хуб меомўзад. Дере нагузашта Шавкат ҳамчун яке аз шахсиятҳои илмию адабии замони худ шинохта мешавад. Ў махсусан ба шеъру адаб таваҷҷўҳи бештару хубтар доштааст.
Муҳаммадисҳоқ Шавкати Бухороӣ баъзе ишораҳо дорад, ки гўё аз ҷониби ғоратгарон зарари басо сахти моддӣ низ дидааст ва яке аз сабабҳои тарки диёр намудани шоир гўё ҳамин амали ноҷавонмардонаи баъзе аз муосирони ў будаанд. Шавкат дар як қасидаи худ мегўяд :
Ҷудо зи силсилаи дўстони худ шудаам,
Ҳаво шавад, чу ҷудо гашт нола аз занҷир.
Матои хонаам азбас тамом ғорат ёфт,
Кашам ба сафҳаи девори хона нақши ҳасир.
Аввалин шаҳре, ки Шавкат дар он рахти иқомат меафканад, Ҳироти бостонӣ будааст, зеро дар ин бора чунин ишора менамояд:
Ранг аз гули замини Ҳирот аст фикрро,
Худро наметавон ба замини дигар кашид.
Шоир дар ин шаҳр аз ҷониби ҳокими он Сафиқулихони Шомлу қадршиносиҳо дида, ба ин лаҳзаи рўзгораш низ баъзе ишораҳои ҷолиб мекунад:
Тарки Ватан намудаму қадрам азим шуд,
Гавҳар зи фавти сўҳбати дарё ятим шуд.
Баъд аз чанде Шавкат ба Машҳад рўи ниёз оварда, аз тарафи вазири Хуросон-Мирзо Саъдуддин Муҳаммад илтифоти фаровон мебинад.
Чунончи:
…Худ маро кардӣ зи барқи лутфи худ гарми сухан,
Арзи ҳоли хешро кардам ба густохӣ адо.
Чуғзи бепар будам ин дайри харобободро,
Аз ду дасти тарбият додӣ маро боли ҳумо.
Андалебӣ доштам, аммо забонам ғунча буд,
Сохтӣ аз хушнасимиҳо маро достонсаро.
Вале баъдҳо Шавкати Бухороӣ аз Машҳад ба Исфаҳон меояд, ки он ба соли 1678 иттифоқ афтодааст. Ҳамчунон аз баъзе ишораҳои шоир бармеояд, ки ў азми Ҳиндустон низ кардааст, вале ин қисмати масъала чандон равшан нест, зеро дар ашъори Шавкат оҳангҳои пушаймонӣ аз ин сафар низ ба назар мерасанд, чунончи ў мегўяд:
Насибам аз сафари Ҳинд ғайри меҳнат нест,
Касе зи мори сиёҳи раҳаш саломат нест.
Ба бўриёи ватан мекунам шакархобӣ,
Ба махмали сиёҳи Ҳинд хоби роҳат нест.
Ё худ дар ҷои дигар:
Зи бас бувад сафари Ҳинд сурмаи овоз,
Садо ба рафтани ранги ҳино намебошад.
Ба ҳамин тариқ, поёни рўзгори шоир низ дар Исфаҳон гузашта, Шавкат тақрибан миёни солҳои 1107-1111 (солҳои 1695-1699) дар ҳамон ҷо аз ин олам гузаштааст. Мазораш дар атрофи шаҳри Исфаҳон воқеъ мебошад.
Аз зикри мухтасари зиндагиномаи Шавкат бармеояд, ки ў аз Бухоро баромада дигар ба ватанаш наомадааст. Шоир тамоми умр дар ғарибӣ зиста дур аз диёр олами фониро тарк кардааст.
Бо вуҷуди азобҳои ғарибӣ, Шавкати Бухороӣ тавонистааст аз худ мероси бое боқӣ гузорад. Ў дар эҷоди бадеъ бо тахаллусҳои «Нозук» ва «Шавкат» шеър гуфтааст. Шояд дар оғоз «Нозук» тахаллус карда, баъдтар «Шавкат»-ро тахаллуси хеш қарор дода бошад.
Мероси адабии Муҳаммадисҳоқ Шавкати Бухороӣ, ки ба сифати девони ашъор то ба имрўз маҳфуз мондааст, аз газалиёт, қасоид, рубоиҳо, муфрадот, ашъори пароканда ва муқаттаот иборат мебошад. Дар девони шоир ғазал пеш аз ҳама мавқеи аввалиндараҷа дорад, ки то 744 ғазалро ба ў мансуб медонанд.
Мавзўъ, мазмуну мундариҷаи ғазалиёти шоир асосан ҷанбаҳои иҷтимоии зиндагӣ, ҳаёт, ноадолатиҳои рўзгор, шебу фарозҳои олам, печидаҳои дунёи моддӣ, нооромию бедодгариҳои муҳити иҷтимоӣ, ғарибию ранҷҳои мусофират, нодорию тангии маъишӣ, бевафоии умр, дунё, мунофиқии зимомдорони вақт, макру ҳиллаҳои зоҳирбинон, тангназариву ғаммозии одамони ноақл ва ғайра мебошад. Муҳим он аст, ки дар ҳамин замина мавзўъҳои ишқӣ ва ошўбҳои қалбии инсон, шўру валвалаҳои ботинӣ, эҳсосоти нозуки одамӣ ва ғайра баён шудааст. Яъне мавзўъҳои ишқӣ ҷилои аввалиндараҷа надоранд ва бештар оҳангҳои шиквоию ҳасбиҳолӣ ба ҷои аввал омадаанд.
Бояд гуфт, ки мавзўъҳои иҷтимоӣ аслан барои ғазал гарониҳо пеш меоранд, вале шоир тавонистааст, ки дар баёни чунин мавзўъҳо ҳунари худро нишон бидиҳад:
Куҷо аз модари айём осоиш ҳавас бошад?
Париданҳои рангам ҷунбиши ғавҳора бас бошад.
Гули ҷамъияти равшандилон аз риштаи оҳ аст,
Баёзи субҳро шероза аз тори нафас бошад.
Ба зоҳирбинӣ азбас кор уфтодаст мардумро,
Агар қадди касе кўтоҳ бошад, нимкас бошад.
Ҳадаф дар ғазали мазкур ғанимат шуморидани умр, эҳтиёткорӣ, мазаммати зоҳирбиниву кўтоҳназарӣ аст. Дар ин шеър таъбири халқии «одаму дам» ба кор гирифта шудааст.
Ё худ дар ғазали дигар мегўяд:
Субҳи пириҳо расиду аҳди хурсандӣ намонд,
Хандаи дандоннаморо устухонбандӣ намонд.
Меваҳо чун нахли тасвираш ба шохи ҳайрат аст,
Нахли мижгонро баҳоре аз барумандӣ намонд.
Ай, ки дорӣ мушти хокамро ба каф, посаш бидор,
Бод пуртунд аст, то аз даст афгандӣ, намонд.
Юсуфи моро зи бас гаштанд ихвон роҳзан,
Зодгоҳи Мисри мо ҷуз номи фарзандӣ намонд.
Бар сари болини ин мушти гиёҳ, ай барқи ноз,
Омадӣ рўзе, ки моро бо ту хурсандӣ намонд.
Чун тазарви барқ аз гарминафасҳо сўхтем,
Мурғи мо, Шавкат, ба доми орзумандӣ намонд.
Дар ғазали боло асосан ҳасби ҳол ба тасвир омадааст. Он то андозае якҷоя бо фалсафаи зиндагӣ хеле созгор ва басо ҷолиб баён шудааст. Зеро овони пирӣ бо гусели ҳамешагии аҳди барноӣ пеш омада, ба он монанд аст, ки агар кафи хок мавриди вазидани бод афканда шавад, шояд ба замин ҳеҷ нарасад. Аз тарафи дигар, то дараҷае авзои таърихии замон низ мувофиқи муроди дили инсонҳо нест, зеро ҳолат ба он овардааст, ки бародарон роҳзану хасманд ва талмеҳан ишора ба бародарони Юсуф (а.) низ шудааст.
Инчунин, дар маркази ҳадафи эҷодкор, агар хеле ҷиддӣ зеҳн монда шавад, пай бурдан осон аст, ки оҳанги яъсу ноумедӣ дар симои ошиқ-қаҳрамони лирикӣ басо қавӣ садо медиҳад. Аз ин рў, баробари гузаштани аҳди барноӣ, хурсандӣ, барўмандӣ, шодию нишот баҳори умр низ аз даст раҳо мешавад.
Мўҳтавои ҳадафи шоир паҳлўи хеле нозуки дигар ҳам дорад. Яъне шоир ба ин восита инсонҳоро ҳушдор медиҳад, огоҳ менамояд, ки дар гузашти умр, сипарӣ гардидани айём дар ғафлат намонанд. Пас қазоватҳои адиб моҳияти ахлоқию тарбиявӣ низ доранд.
Дар ғазалиёти Шавкат ишқи ҳақиқӣ-ирфонӣ, илоҳӣ низ мақоми махсус дорад. Дар чунин ғазалҳо ишқ нерўи пуртавонтарин ва ҷовидонаву муқаддас аст:
Шер рам мекунад аз шўриши девонаи ишқ,
Дидаи дев бувад шамъи парихонаи ишқ.
Куфру ислом дар ин роҳ ду нақши қадам аст,
Ќаъба сангест зи девори санамхонаи ишқ.
Ё худ дар ғазали дигар:
Дар он саҳро, ки ваҳшат раҳравонро роҳбар бошад,
Саводи манзил аз чашми ғизолон шўхтар бошад.
Талабгори Худо аз хештан ғофил намебошад,
Ки тори ҷода соликро ба раҳ мадди назар бошад.
Роҳи муқаддасот – тариқати солик сўи маърифати сулук роҳ ба сўи ҷовидон аст, ки дар ғазалиёти ишқии Шавкати Бухороӣ тасвир шудааст.
Дар ғазалиёти шоир хислатҳои ҳамидаи инсон: вафодорӣ, ростқавлӣ, ҷавонмардӣ, инсондўстӣ, илмдўстӣ, адолатхоҳӣ, ҷуду сахо, олиҳиматӣ, дурандешӣ, дилҷўӣ, ҳалолкорӣ, покӣ, садоқат, лутфу эҳсон, ҳалимию меҳрубонӣ, меҳнатдўстиву хоксорӣ ва ғайра сидқан васф мешавад. Баръакс, хислатҳои разила мисли: макру дурўғ, қатлу ғорат, кўтоҳназариву инсонбадбинӣ, кибру такаббур, худхоҳиву ҳавобаландӣ, фиребгариву ҳаромхўрӣ, мансабпарастиву ришваситонӣ, бевафоиву беномўсӣ, кўтоҳандешиву суханчинӣ, нопокиву беадолатӣ ва ғайра бо тамоми ҷузъиёт маҳкум карда мешавад. Чунончи:
Хирад осуда аз базми муҳаббат барнамегардад,
Касе аз бешаи шерон саломат барнамегардад,
Дами теғи аҷалро шоҳроҳи офият донад,
Дили девонаи мо аз шаҳодат барнамегардад.
Ҳадаф аз бешаи шерон парвариши нафси ҳайфонист, ки касе бо он рў биёварад, ҳатман пушаймон хоҳад шуд. Ҳамчуноне ки ақлу хиради инсон дар назди ишқ нотавон аст ва ғайра.
Ё худ аз ғазали зерин, ки адиб қиёси соддалавҳонаеро танқид карда, нигоҳи пурғаразро пешрави мардум набояд кард мегўяд, зеро дар хонаи оина чӣ қадар одамон қадам зананд ҳам, бесадо мебошад. Ба ҳамин монанд дар ин ғазал намунаҳои сершуморе паёпай оварда мешавад, ки андешаи муҳокимашавандаро, яъне фикри асосии шоирро тақвият мебахшанд:
Надорам имтиёз аз содагӣ аз дўст душманро,
Чароғи корвон кардам тасаввур чашми роҳзанро
Касе огаҳ зи рафтори сабукрўҳон намегардад,
Садои по набошад хонаи оина рафтанро,
Як нуктаи муҳимро метавон таъкид намуд, ки ин ҳама танҳо ба воситаи ақидаҳои пандуахлоқии адиб мавриди арзёбӣ қарор гирифтаанд:
Бахти бад хоҳад зи душман хуни мо,
Теғи мо бас толеи вожгуни мо.
Офтоби хоксорӣ гаштаем,
Нақши по кавкаб, замин гардуни мо.
Аксаран чунин андешаҳо бо мавзўъҳои ишқӣ ҳамроҳ меоянд ва ба ин восита шоир ба ошиқон низ панд медиҳад. Ба ин маънӣ дар ин ғазали ишқӣ омадааст:
Кард ҳусни гулрухон комил дили девонаро,
Партави шамъ оташи манзил бувад парввонаро.
Нест соҳибхонаи мо ғофил аз меҳмони худ,
Аз нигоҳи мизбон бошад ҳаво ин хонаро.
Сахтии айём шуд роҳи наҷотам з-ин муҳит,
Осиё бошад пуле аз худ гузаштан донаро.
Баски белаълаш шаробам оташи ҳалкардааст,
Шўълаи ҷаввола донам гардиши паймонаро,
Ќомати хам нафси пиронро зи ҳастӣ монеъ аст,
Ҳалқаи дум гашта занҷир ин саги девонаро.
Хонаи танро қиёми бандагӣ дорад ба по,
Як қади одам бувад девор ин кошонаро.
Нарм кун дилро, фиреби неъмати алвон махўр,
Орд кун дар осиёе нони пухт ин донаро.
Аслан ғазали мазкур ишқӣ бошад ҳам, ҳадаф дар як байт баён шудааст ва абёти дигар (баҷуз матлаъ) комилан масоили иҷтимоист, ки дар назари хонанда олами маънавии шоирро бо ҷавлони андешаҳои ў муаррафӣ месозад.
Шавкат низ ҷаҳонро бо дидаи ботин мебинад ва дар айни замон дидаи зоҳирро воситае меҳисобад, ки тавассути он ба олами воқеӣ, ҳаводису рўйдодҳо сару кор гирад. Ҳақу ботил, хубу бад, росту дурўғ, фоиданоку бефоида, зиёновару безиён, раво ё нораво будани онро бояд дидаи ботин қазоват бикунад:
Ба нури дил фурўғи моҳу хуршед андаке бошад,
Барои чашми ботин чашми зоҳир айнаке бошад.
Бувад соҳибдилонро баҳра аз огоҳии ғафлат,
Ба болидан баданро хобу бедорӣ яке бошад.
Шавкати Бухороӣ, ки худ бисёр сафарҳо кардаву азоби ғурбатро умре чашидааст, ҷонибдори ғарибӣ нест ва дар Ватан будану дўстдори Ватан шуданро насиҳат мекунад:
Ҳар кас, ки рафт аз ватан, аз умр бар нахўрд,
Фирўза чун ҷудо зи Нишопур гашт, мурд.
Ба назари шоир, навмедӣ боиси рўҳафтодагию шикастагист ва шахс набояд ба яъсу ноумедӣ рў биёрад. Ба ин маънӣ ў мегўяд:
Дар шоми ғами хеш маро субҳи умед аст,
Гар нақши нигин тира бувад, ном сафед аст.
Шавкати Бухороӣ панд медиҳад, ки сирри дилро набояд ба ҳар кас қоил шуд. Зеро асрор аз як даҳон, ки берун шуд, паҳн мешавад ва аз ин рў, он набояд ба касе гуфта шавад. Аз тарафи дигар, инсон бояд худро аз тамаъ ва тамаъкорӣ нигоҳ дорад. Инчунин, мисраъҳо агар ҷуфт шаванд, байтро ташкил медиҳанд ва шоир мисраъҳоро дар алоҳидагӣ ба лаб монанд мекунад. Яъне ҳамин ки ду мисраъ ба ҳам часпад, байт ҳосил мешавад. Мақсади шоир аз баҳамоии мисраъҳо ва ба ҳам омадани лабҳо пўшида нигоҳ доштани даҳон аст:
Ба ҳар кас во макун, банд аз забони арзи матлабҳо,
Ба дандони тамаъ зинҳор макшо уқдаи лабҳо.
Сияҳбахтӣ чароғи аҳли дилро мекунад равшан,
Зи мушки судаи шаб тоза гардад доғи кавкабҳо.
Кунад файзи хамўшӣ соҳиби девон суханварро,
Ба ҳам ояд ду мисраъ, чун ба ҳам меоварад лабҳо.
Шавкати Бухороӣ дар ғазалиёти хеш олиҳимматӣ, назарбаландӣ, бетамаъӣ, худшиносӣ барин сифатҳоро тарғиб намуда, ҷидду ҷаҳд ва саъйу талошро сабабҳои расидан ба ин ва ё он мақсад меҳисобад:
Мўраму то накунад миннати чархам помол,
Пар баровардаму аз дасти Сулаймон рафтам.
Чун манеро нагузоранд зи каф аҳли карам,
Нақди ҳиммат шудам аз дасти каримон рафтам.
Бод хокам ба сар, оташ ба дилу об ба чашм,
Ки зи тавфи дари султони Хуросон рафтам.
Шоири тавоно Шавкати Бухороӣ ҳатто аз баъзе сифатҳои қалам шиква мекунад, ки қалам ба ҳарфи ҳар кас гўш медиҳад ва ба амру фармони ҳар кас сар мениҳад.
Ё худ барои шоир сарфи беҳуда дар муқоиса бо даромади бемасриф, яъне даромаде, ки ба хотири ғункунӣ гирдоварӣ карда мешавад, баробар мебошад.
Ў мегўяд:
Чун қалам ангушт нагзорам ба ҳарфи ҳеҷ кас,
Нестӣ кам аз харҷи беҷо пеши ман дахли баҷо.
Шоир барои ба даст овардани ризқу рўзӣ, комёб шудан аз ҳаёт, хуш гузаронидани умр саъйу кўшиш ва сафар кардану ҷаҳон диданро тавсия менамояд:
Ба гетӣ то ба кай маҳбус бошӣ, сайри олам кун,
Бувад як ҷо нишастан, то камар зери замин будан.
Яъне ба ақидаи Шавкати Бухороӣ, шахсе, ки ба ҷое сафар намекунад, мисли маҳбус аст, ки ба ҷуз ҷои зисташ ҷоеро намебинад. Дар ин муносибат инсонро ба хуршед нисбат медиҳад, ки касе аз инсонҳо ба офтоб гуфта наметавонад бигўяд, ки имрўз бирав ва ё фардо рав. Хуршед аз сабаби пайваста дар сафар буданаш саховатманду нафърасони ҳама кас ва ҳар чиз аст. Аз ин рў, шоир сафарро тарғибу ташвиқ менамояд.
Ҳунари шоирии Шавкати Бухороӣ махсусан дар эҷоди ғазал ба назар мерасад. Хатто худи шоир ҳунарманд ва устод будани хешро ҳанўз дар рўзгораш ҳис карда будааст. Зеро дар як қатор шеърҳои худ ба ин масъала ишораҳои сершумор дорад. Шавкати Бухороӣ то андозае худро хотиматушшуаро ном мебарад ва дар ишора ба ин масъала мегўяд:
Мешавад маҳбус чун гул маънии рангин зи ман,
Ҳамчу ман, Шавкат, куҷо ҳарфофарин пайдо шавад?!
Шавкати Бухороӣ шоирест, ки комилан дар сабки ҳиндӣ ғазал сурудааст ва умуман дар ин сабк эҷод кардааст. Маълум аст, ки яке аз хусусиятҳои сабки ҳиндӣ бо назардошти инкишофи навъҳои шеърӣ он аст, ки газал нисбат ба дигар анвои адабӣ рушди бештар доштааст. Зеро таркиби асосии девонҳои шоирони дар ин сабки адабӣ эҷоднашударо агар варақгардон намоем, мебинем, ки асосан ҳамаи онҳо ба ғазал рў овардаанд. Аз ин рў, Шавкат низ асосан ғазал эҷод намудаю маҳз дар ин жанр қувваозмоӣ кардааст. Хатто ифтихороти шоирии ўро худаш дар эҷоди ғазал медонад.
Шавкати Бухороӣ бо ишора ба ин маънӣ ҷое мегўяд:
Лаззат зи ворасидани шеърам барад адў,
Ангушт чун ниҳад ба ҳадисам, асал хурад.
Шавкат ҳатто шоирони нисбатан машҳуру шинохтаи сабки ҳиндӣ:
Нозиму Носиралӣ ва Соибро дар сатҳи хуб қабул намекунад ва эҷодиёти онҳоро аз ашъори худ поинтар меҳисобад. Албатта, ин қазоват муболиғавӣ бошад ҳам, як андоза беҳуда нест. Чунончи мегўяд:
Бо парешонихтилотон ошноӣ мушкил аст,
Шона ҷаври арраро аз баҳри гесў мекашад.
Нозиму Носиралӣ, Соиб надоранд ин намак,
Шавкати нозуксухан мў аз дили мў мекашад.
Шоир ин ҷо ҳунари нозуксуханию адои ширини эҷодии худро мавриди баён қарор додааст. Аз тарафи дигар, албатта ҳунари ў дар эҷоди бадеъ баробари Соиб набошад ҳам, дар ҳар сурат ғазали боҳунарона мегўяд. Ба назари Шавкати Бухороӣ, шеъри ў сухани муқаррариву оддӣ, ки дорои вазну қофия ва радиф бошад, нест, балки он порае аз дили эҷодкор аст. Чун дар урфият фарзандро ҷони ширин мегўянд, пас ба назари ин шоир низ шеър фарзанди эҷодкор аст. Ба ин маънӣ ў мегўяд:
Зи баски маънии ў лахти дил бувад, Шавкат,
Чу шеърҳои ту бишкофтанд, хун омад.
Ҳолати эҷод аз нигоҳи Шавкат мўҳлати тўлонии умри эҷодкор аст. Яъне шеъри хуб созгор омадани он бо рўзгори воқеист. Ў агар шеъри асил эҷод кунад, аввал намунаи насрии онро эҷод карда, пас онро ба риштаи назм мекашад:
Кори осон набувад маънии равшан бастан,
Наср то назм шавад, об гуҳар мегардад.
Дуруст аст, ки ў дар эҷоди ғазал асосан ба Толиби Омулӣ пайравӣ кардааст ва дар иртибот ба ин фармуда ишораҳо низ дорад. Чунончи:
Хост то равшан кунад Шавкат чароғи табъро,
Равғани маънӣ зи хоки Толиби Омул кашид.
Ба назари Шавкати Бухороӣ, эҷоди шеър рў овардани эҷодкор ба олами зебоӣ, ба дунёи сернакҳату рангини ҳаёт, ҷаҳони гуворову рўзгори ширин низ ҳаст. Мақсади адиб дар ин ҳолат бори эстетикӣ кашидани суханварӣ, моҳияти зебоиофарии каломи бадеӣ мебошад. Чунончи, дар ин байт гуфтааст:
Пеши мо фикри сухан сайри гулистон кардан аст,
Лафзро аз ранги маънӣ гул ба домон кардан аст.
Дар ҳар сурат шеъри Шавкати Бухороӣ асосан шеъри ҳикмат, сухани андарзогин, каломи пандунасиҳатист:
Нашъаи фикрам дигар, Шавкат, ба мавҷи ҳикмат аст,
Хишти хум бояд ба мағзи фикри Афлотун задан.
Калимаҳо, вожаҳо, таъбиру ибораҳое, ки Шавкат ба кор мебарад, дар алоҳидагӣ қариб ки мушкилӣ надоранд ва оммафаҳму оддианд. Онҳо танҳо дар матн моҳиятан мураккабу мушкмилфаҳмтар мешаванд:
Карда наззораи рўи ту зи бас ҳайронам,
Оби оина ба доман чакад аз мижгонам.
Дар ин байт калима, ибораи душворфаҳме нест. Яъне ҳамаи калимаҳо аз нигоҳи маънии луғавӣ ҳеҷ мушкилие надоранд. Аммо мазмуни байт то андозае дастнорас аст, зеро калимаҳо дар матн ҷилваҳои гуногуни маъноӣ гирифтаанд. Мақсад ҳиҷрон аст. Наззораи рў, ҳайрон будан киноя аз ба ёд овардани чеҳраи маҳбуба буда, оби оина, чакидан ба домон, аз мижгон нола аз фироқу ҳиҷрон аст. Оби оина – сўзиши дил, ба мижгон омадани ашк – ҳузну ғусса ва нола буда, ба домон афтодани он – бенатиҷа, бесамар сомон ёфтани кори ошиқ аст ва ғайра.
Умуман Шавкати Бухороӣ шоири хуб аст ва махсусан дар эҷоди ғазал табъи нисбатан саршортар дорад. Омўзиши эҷодиёти Шавкати Бухороӣ таҳқиқу фарогирии ҷузъе аз тафаккури бадеии халқи тоҷик дар асри XVII, худшиносӣ ва таърихи ниёгон дар он рўзгорон аст. Аз тарафи дигар, ғановати таркиби лексикии забони тоҷикӣ ба ҳунари сухансанҷии ҳаммиллатон дар ин аср ба шумор меравад.
Дида шуд: 25