Ҳабиб Юсуфӣ (1916-1945)


Зиндагӣ ва мероси адабии Ҳабиб Юсуфӣ

Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят мекунам,

То шавам чун қаҳрамонҳои ту ман ҳам қаҳрамон.

( Ҳ. Юсуфӣ)

Роҳи ҳаёт. Ҳабиб Юсуфӣ дар адабиёти тоҷик чун шоири навовар ва ҷанговар маълуму машҳур аст ва умри барқ насибаш гашта, ҳамагӣ 29 сол умр дидааст. Шоир соли 1916 дар гузари Боғимайдони шаҳри Самарқанд дар оилаи шахси бомаърифат Ҳоҷӣ Юсуф ба дунё омадааст. Ҳабиб солҳои 1925 – 1935 аввал дар мактаби миёна ва баъд дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Соли 1940 Донишгоҳи давлатии Самарқандро бо баҳои аъло хатм мекунад ва ба Сталинобод ба шӯъбаи тоҷикистонии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор меояд.

Баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ шоир тамоми фаъолияташро ба ҳимояи Ватан равона кард ва дар рӯзи аввали ҷанг «Аз ҳавою обу замин» ном шеър навишта ватандоронро бар зидди душман даъват намуд:

Ватан гирифта саросар намуди ҷанговар,

Биёр, шоири тоҷик, суруди ҷанговар.

Ҳабиб Юсуфӣ моҳи марти соли 1942 ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дохил гардид ва дар Пенза омӯзишгоҳи ҳарбиро хатм карда, бо рутбаи лейтенантӣ командири батареяи миномётҳо таъин шуд. Шоири ҷанговар дар муҳофизати шаҳри Ленинград, озод кардани Лаби Балтик ва Лаҳистон иштирок дошт ва барои шуҷоату мардонагӣ ба ордени Ситораи Сурх ва медали «Барои мудофиаи Ленинград» мукофотонида шуд.

Шоир дар майдони ҷанг ҳам шеър менавиштааст ва нақшаҳои эҷодии бисёр доштааст. Мутаассифона, ба Ватан баргашатан ба Ҳабиб Юсуфӣ муяссар нагардид ва ӯ 22 феврали соли 1945, ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз анҷоми ҷанг, ҳангоми озод намудани деҳаи Вешкуви назди Варшава ба ҳалокат расид.

Мероси адабӣ. Шеърҳои навмашқонаи Ҳабиб Юсуфӣ аз синни 17 – солагӣ ба май- дон омада, нахустин намунаҳои эҷодиёташ соли 1936 ба табъ расидаанд. «Таронаи Ватан» (1939) ягона маҷмӯаест, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будани шоир ба табъ расидааст. Баъдҳо, «Маҷмӯаи шеърҳо» (1949, 1962), «Роҳи нотамом» (1973) ва «Сатрҳои нотамом» (1987) ном маҷмӯаи шоир дар ду китоб чоп шудаанд. Маҷмӯаи «Сатрҳои нотамом» 85 шеъри гуногунжанр, 77 рубоӣ, ду достон ва як қатор тарҷумаҳои Ҳ. Юсуфиро гирд овардааст.

Шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ ҳанӯз пурра ҷамъоварӣ нашудаанд. Махсусан осори дар майдони ҷанг навиштаи шоир то ҳол маълум нестанд. Охирин шеъре, ки то ҳол ба дасти мо расидааст, «Лаҳзаи хурсандии ман» ном дорад ва соли 1943 ҳангоми мудофиаи Ленинград эҷод гардидааст. Дар ин шеър, ки аз 16 банди чаҳормисраъгӣ иборат аст, орзую умеди шоир ифода ёфтааст:

Ман ҳам аз ҷон азиз медорам

Офтобу баҳору бодаю ёр,

Бешазору ҳавои хушфорам,

Шеъри ҷанговару садои тор!

Бузург аст орзу, умеди ман,

Гирам аз душманон қасоси мулк.

Пас зи ҷанговари замонашумул,

Бинависам ба тоҷикӣ роман.

Ҳабиб Юсуфӣ мақолаҳои зиёди илмӣ низ навиштааст. «Пушкин ва Байрон» (1937), «Подшоҳи идрок ва озодӣ» (1939), «Боз якчанд калима дар бораи поэзияи имрўзаи мо» (1940), «Барои поэзияи муносиби давр» (1940), «Баҳр дар пиёла» (1940), «Шеърҳои зиддифашистии Лоҳутӣ» (1941), «Шоири гениалии рус» (1941) барин мақолаҳои адиб ба масъалаҳои гуногуни адабиётшиносӣ ва нақди адабии давр бахшида шудаанд.

Як қисмати муҳими эҷодиёти Ҳабиб Юсуфиро тарҷумаи бадеӣ ташкил медиҳад. Фаъолияти тарҷумонии адиб баробари фаъолияти шоирияш ҳангоми донишҷӯӣ оғоз гардида буд ва ӯ бори аввал «Бандии Кавказ» ном достони шоири бузурги рус А.С. Пушкинро тарҷума кардааст. Шоир ҳамчунин ба тарҷумаи осори М. Ю. Лермонтов, Н.А. Некрасов, А.И. Крилов, Т.Г. Шевченко, В.В. Маяковский, Демян Бедний, шуғл варзида, сатҳи тарҷумаи бадеиро дар адабиёти тоҷик баланд бардоштааст.

Тарҷумаҳои Ҳабиб Юсуфӣ нисбат ба ашъори шоир аз ҷиҳати ҳаҷм ду-се баробар зиёд мебошанд. Матни асарҳои тарҷумашуда ба нусхаи асл мувофиқати комил дорад. Дар айни ҳол ҳангоми тарҷума хусусиятҳои назми тоҷик ҷиддан ба эътибор гирифта мешавад. Ба порчаи «Аллаи зани казак» ном шеъри Лермонтов ҳам дар асл ва ҳам дар тарҷума таваҷҷӯҳ намоед. Асл:

Спи, младенец мой прекрасный,

Баюшки – баю,

Тихо смотрит месяц ясный

В колыбель твою.

Стану сказывать я сказки,

Песенку пою,

Ты ж дремли, закрывши глазки,

Баюшки – баю…

Тарҷума:

Алла кун, эй бачаи зебоякам,

Алла гӯям, аллаё

Моҳаки тобон нигарад нарм-нарм

Сӯйи ту гаҳвора –ба.

Гуфта диҳам қиссаи зебову хуш,

Лек ту роҳат куну чашмон бипӯш,

Алла гўям, аллаё…

Ҳабиб Юсуфӣ аз тарҷумаи ҳарф ба ҳарф ё калима ба калима парҳез  кардааст. Ӯ калима ва таркибҳое ёфтааст, ки дар ифодаи маъно ва хусусиятҳои услубии матни асл саҳми муносиб доранд. Ифодаҳои русии «стану сказывать» ва «в колыбел твою» чун таркибҳои «гуфта диҳам» ва «сўйи ту гаҳвора-ба» тарҷума шудаанд. Ин таркибҳо ба забони гуфтугўйии тоҷикӣ наздик буда, рӯҳи халқии асарро нигоҳ доштаанд. Ғайр аз ин, мутарҷим барои тарҷумаи шеъри мазкур баҳри рамалро (рукни аслиаш фоилотун: -V- -) интихоб кардааст, ки ба вазни хореи русӣ (вазни «Аллаи зани казак») наздик аст.

Ҳамин тариқ, Ҳабиб Юсуфӣ умри зиёд надид, вале аз худ мероси гаронбаҳои адабӣ, тарҷумавӣ ва илмӣ ба ёдгор гузошт, ки ба воситаи он зиндаву ҷовид хоҳад монд.

Ашъори Ҳабиб Юсуфӣ

Ҳабиб Юсуфӣ ҳам дар жанрҳои суннатӣ (чун ғазал, маснавӣ, рубоӣ) ва ҳам дар шаклҳои нави шеърӣ асар эҷод кардааст. Шеърҳои шоир ба мавзӯъҳои Ватану ватандорӣ, зан ва мавқеи иҷтимоии он, ишқу муҳаббат, сулҳу дӯстӣ, кору фаъолият, накӯҳиши ҷангу ҷангҷӯён ва васфи табиати зебои диёр бахшида шудаанд. Ватан барои Ҳабиб Юсуфӣ хазинаи илҳом, макони ишқу ифтихор аст ва бо рангу бӯ ва таровати худ ба чаман шабоҳат дорад. Бинобар ин, тамоми ҳастии шоирро фаро гирифтааст:

Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинвисам,

Забони ман зи ҳама бештар Ватан гӯяд.

Яке аз аввалин шеърҳои суханвар «Ишқи Ватан» (1936) ном дошта, дар шакли маснавӣ (қофияи аа, бб, вв…) эҷод гардидааст:

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,

Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.

Ватанро бинозам, маро дар канор,

Чу модар гирифту намуд бахтиёр.

Ватан ҷони ман, ҳам ҷаҳони ман аст,

Ватан боғ, ҳам бӯстони ман аст.

Дар ин шеър, ки аз 12 байт иборат аст, эҳсоси меҳанпарастӣ ба воситаи такрори калимаи Ватан ва дигар воситаҳои тасвири бадеӣ таъмин гардидааст. Махсусан, ташбеҳкунандаҳои модар, боғ, бӯстон ва ҷон моҳияти аслии Ватанро ба хонанда аён месозад. Санъатҳои талмеҳ ва таҷнис дар байти поён боиси мушаххасӣ ва заминаи воқеии тасвир гардидаанд:

Ҷаҳон даври Ковуси Кай дидааст,

Валекин чунин давра кай дидааст?

Калимаи кай агар дар мисраи аввал лақаби шоҳони Эрони қадим бошад, пас дар мисраи дуюм чун ҷонишини саволӣ истифода шудааст. Шоир ба замони тасвир эътибори ҷиддӣ медиҳад. Нимаи дуввуми солҳои сӣ Ҳукумати хавфи ҳуҷуми душман таҳдид мекард. Бинобар ин, дар «Ишқи Ватан», «Ба Ватан», «Ватани дил», «Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд» ном шеърҳои ватанхоҳонаи шоир масъалаи ҳимояи Ватан аз аҷнабиён бардошта шудааст.

Ватан дар эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ маънои васеъ дорад. Дар оғӯши Ватан ҳазорон диёру шаҳр ғунҷидааст ва Тоҷикистон як ҷузъи он аст. Шоири тоҷик аз он ифтихор дорад, ки дар Ватани паҳновари ӯ дар як вақт табиати чор фасли сол мушоҳида мешавад:

Ман аҷаб, бас аҷаб Ватан дорам,

Як сӯяш офтобу як сӯ барф.

Офтобаш дур (р) асту барфаш сим,

Баҳри тавсифи ӯ надорам ҳарф.

Ин тасвир, махсусан ба санги қиматбаҳои дурр монанд кардани офтоби Ватан ва ба сим (нуқра) ташбеҳ додани барфи Ватан басо ҷолиб мебошад.

Дар шеърҳои «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» ва «Аз ҳавою обу замин» васфи Ватан боз ҳам муассиртар ба қалам омадааст. Зеро саршавии ҷанги мудҳиш Меҳанро дар хатар бигзошт ва барои рафъи ин хавф ишқи сӯзони ватандор ба ёру диёр зарур буд. Дар шеъри аввал Ватан чун паҳлавоне тасвир ёфтааст, ки ҳангоми муҳориба бо рақиб аз дӯстону мухлисон дастгирӣ ва дӯстдории бештареро интизор аст:

Як ҷаҳон ишқи Ватан дорад дили халқи азим,

То Ватанро дӯст дорад,

Дӯст дорад то абад,

Чун Ватан мардона дар ҷанг омадаст, имрӯз ман

Ин Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар.

Дар ашъори дар замони ҷанг эҷодкардаи Ҳабиб Юсуфӣ услуби публитсистии тасвир мавқеъ пайдо мекунад. Шоир эҳсосоти қалбӣ ва ҳаяҷони амиқи худро ба воситаи нидоҳои пай дар пай ва хитобаҳо баён намуда, бо ҳамин ба қалбу рӯҳи хонанда таъсир гузоштан мехоҳад. Муроҷиат ба офтоб, ҳаёт, насим ва заводу фабрика нишонаи устуворӣ ва пойдории халқ мебошад ва таъкид бар он дорад, ки тамоми табақоти ҷомеа бояд аз як гиребон сар бароранд. Чанд мисраи шеъри «Аз ҳавою обу замин» ин тавр садо медиҳанд:

На, офтоб!

Ту болои мо дурахшон бош!

Ҳаёти мо!

Ту чу ҳаррӯзаат хурӯшон бош!

Насими тоза,

Ту дар боғи мо вазидан гир!

Завод, фабрика,

ҳозир ба кори майдон бош!

Шоир дар шеъри «Таърих дидааст» мафҳуми халқро мавриди тасвири бадеӣ қарор дода, покию муқаддасӣ ва дар айни ҳол беамон будани интиқоми мардумро исбот менамояд. Матлаи шеъри мазкур иқтидори халқро ба таври возеҳ ифода намуда, дурдонаҳои ҳикматноки шеъри классикии тоҷикро ба хотир меорад:

Шамшери фатҳ ҷилва намуд аз наёми халқ,

Афтод ҳар саре, ки накард эҳтироми халқ.

Дар ашъори ҳабиб Юсуфӣ мавзӯи зан низ мавқеи муносиб дорад. Шоир мувофиқи талаботи давр ҳусну малоҳати бонувони тоҷикро вобаста ба фаъолияти иҷтимоии онҳо тасвир кардааст. Шеърҳои ошиқонаи Ҳабиб Юсуфӣ бо чунин тарзи тасвир аз лирикаи ошиқонаи адабиёти классикии тоҷик фарқ мекунад.

Зани тоҷик, дар тасвири Ҳабиб Юсуфӣ, хушбахтии худро дар кор мебинад, аз панҷ панҷааш ҳунар мерезад ва чун рафиқи баробарҳуқуқу ҳамрадифи мард дар ҷомеа мавқеи муносиб дорад. Дар шеърҳои «Ба духтари меҳнат», «Ҳусни ту», «Такя ба корат кунӣ», «Духтари ҳавопаймо», «Ту духтари ватанӣ» ва як қатор рубоиёти шоир маҳсули дониш ва фаъолияти меҳнатӣ будани бақои ҳусни маҳбуба талқин мешавад:

Ту на он дилбар, ки фахр аз зеби рухсорат кунӣ,

Такя бар зебоии рӯи чу гулзорат кунӣ.

Ту на аз он моҳрӯёнӣ, ки пеши ошиқон

Ноз бар ширинии лаъли шакарборат кунӣ.

Аз тамоми дилбарон болотарӣ аз он, ки ту

Нозу фахру такяро бар донишу корат кунӣ.

Дар шеъри «Духтари ҳавопаймо» шоир бо шавқу завқ духтари ҳавопаймои тоҷикро васф мекунад ва ин тасвир дар шакли ғазал басе рангину мафтункунанда ба назар мерасад. Хонанда ба тавассути ташбеҳ ва маҷозу таҷнис матонат ва зебоии духтари тоҷикро эҳсос карда, мафтуни ҷамолу камолоти ӯ мешавад:

Дар осмонию дилат осуда ончунон,

Гӯё ба пеши модари худ оромидааст

Болу пари қавист туро,

Парзанон парӣ,

Ҷуз ту парӣ ба ҳеҷ куҷо кас надидааст.

Чун киштие, ки синаи яхҳои пирро

Мошинаи ту қалби ҳаворо даридааст.

Ҳабиб Юсуфӣ дар ифодаи мавқеи иҷтимоӣ ва дараҷаи ҳунармандии зани тоҷик бештар шакли рубоиро истифода мекунад, зеро ин жанри шеърӣ дар ифодаи рӯҳи халқӣ ва ҷамъбастҳои бадеии тасвир зиёда мувофиқат дорад. Масалан, дар рубоии зерин фаъолияти бевоситаи маҳбуба ёдрас мегардад. Ҳангоми фаъолият қомати зебои зан ба саҳрои деҳа, саҳни фабрика ва мактаб нур мебахшад ва ҷилваи маҳбуба боиси болидахотирии ошиқ мегардад:

Саҳро биравам, туро ба саҳро бинам,

Фабрика агар дароям, он ҷо бинам.

Гар дохили мактабе шавам, дар мактаб

Аз тоза туро, эй қади зебо, бинам.

Ашъори ба зан бахшидаи Ҳабиб Юсуфӣ асоси воқеӣ дошта, дар онҳо ҳуқуқ ва озодии бонувони тоҷик самимӣ ва табиӣ тараннум мегардад. Шоир меҳнатро сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо ва асоси зиндагии инсонӣ медонад ва ба ишқу муҳаббати инсонӣ низ аз ҳамин нуқтаи назар баҳо медиҳад. Дар шеърҳои ошиқонаи шоир дилдодагон садоқати якдигарро дар меҳнат месанҷанд ва ошиқ зебоии ёрро ба меҳнат вобаста медонад.

Умуман, ашъори Ҳабиб Юсуфӣ ба рӯҳи замон мувофиқат карда, саршори ғояҳои ватанхоҳӣ, озодандешӣ, ҳаётдӯстӣ, ҳақиқатпарастӣ ва адолатхоҳӣ мебошад. Шоири ҷанговар дар муддати кӯтоҳи умр аз қалам ва ҳам аз шамшер самаранок истифода карда, қарзи фарзандии худро назди халқи Ватан бо сарбаландӣ иҷро намудааст.

Дида шуд: 29