Абулқосим Мансур ибни Ҳасани Тӯсӣ, ки дар таърихи адабиёт бо номи Фирдавсӣ машҳур гардидааст, аз бузургтарин шоирони форсу тоҷик буда, соли 934 дар деҳаи Божи ноҳияти Табарони наздикии шаҳри Тӯс дар оилаи заминдор ба дунё омадааст. Давраи ҷавонии шоир нисбатан орому тинҷ буд ва Фирдавсӣ аз ин имконият истифода бурда, ба таҳсили илм машғул шуд, дар мактаб ва мадраса илмҳои расмии даврро омӯхт: забонҳои арабӣ ва паҳлавиро хеле хуб медонист ва дар санъатҳои тирандозӣ, шамшерзанӣ ва ғайра устоди беҳамто буд.
Фирдавсӣ ҳануз дар айёми ҷавонӣ ба ҷамъоварии қисса, ривоят ва устураҳои эҷодии халқи худ ба таври ҷиддӣ машғул шуд. Фирдавсӣ ҳамчун фарзанди хақиқии халқи хеш ба хубӣ мефаҳмад, ки асотиру достонҳои каҳрамонии миллӣ мардумро иттифоқ ва муттаҳид менамоянд ва ин муттаҳидӣ имкон медиҳад, ки ягон душмани аҷнабӣ ба сарзамини онҳо ҳуҷум накунад. Фирдавсӣ, ки соҳиби истеъдоди баланд буд, бо хоҳиши шоҳони сомонӣ ва ташвиқу тарғиби яке аз дӯстонаш - Абӯмансур ибни Муҳдммад ва барои ҷовидонӣ мондани номаш ба навиштани "Шоҳнома" cap кард:
Яке бандагӣ кардам, эй шаҳриёр,
Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор.
Фирдавсӣ дар таълифи "Шоҳнома" зиёда аз сӣ соли умри худро сарф кард:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Вақте ки Фирдавсӣ асарашро ба охир расонд, давлати Сомониён, ки як навъ пуштибони гирдоварандагони асотири достонҳои қаҳрамонӣ ҳисоб мешуд, аз байн рафта, ба ҷои он давлати Ғазнавиён ба сари қудрат омада буд. Султони Ғазнавиён - Маҳмуди Ғазнавӣ дар ибтидои ҳукмронии хеш худро чун давомдиҳандаи анъанаҳои Сомониён вонамуд карда, қудрату шӯҳрати худро зиёд менамуд. Чунин аъмоли Маҳмуди Ғазнавӣ Фирдавсиро водор кард, ки ӯ "Шоҳнома"-ро дар чандин ҷилд китобат намуда, ба Маҳмуд тақдим кунад. Фирдавсӣ дар таълифи "Шоҳнома" умри ҷавонӣ ва қариб тамоми дороии хешро сарф карда буд ва гумон дошт, ки Маҳмуди Ғазнавӣ дар ивази ин шоҳкории азим мукофоти зиёде медиҳад, то ки айёми пирии худро бо фароғат гузаронад. Мутаассифона, Маҳмуди Ғазнавӣ ба гуфтаҳои бадхоҳон гӯш дода, ба "Шоҳнома”-и Фирдавсӣ беэътиборӣ кард ва дар ивази заҳматҳои кашидаи шоир ба ӯ музди ночизе дод. Чунин рафтори султон боиси ранҷиши Фирдавсӣ гардид ва ӯ дар хаққи Маҳмуди Ғазнавӣ ҳаҷвияе иборат аз сад байт навишт:
Аё шоҳ Маҳмуди кишваркушой,
Зи кас гар натарсӣ, битарс аз Худой...
Накардӣ дар ин номаи ман нигоҳ,
Зи гуфтори бадгӯй гаштӣ зи роҳ.
Ҳар он кас, ки шеъри маро кард паст,
Нагирад-ш гардуни гарданда даст.
Ман ин номаи шаҳриёрони пеш,
Бигуфтам бад-ин нағз гуфтори хеш.
Чу умрам ба наздики ҳаштод шуд,
Умедам баякбора барбод шуд.
Ҳаҷвияи Фирдавсӣ боиси қаҳру газаби султон Маҳмуди Ғазнавй гардид. У фармон дод, ки Фирдавсиро дастгир карда, ба зери пои филҳо партоянд. Фирдавсӣ аз таъкиби одамони султон аз шаҳр ба шаҳр гурехта, ниҳоят соли 1020 ба ватани худ баргашта, дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт. Абулқосими Фирдавсӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ҳамчун яке аз пайғамбарони шеър шинохта шудааст:
Дар шеър се тан паямбаронанд,
Ҳарчанд ки "ло набия баъдӣ":
Авсофу қасидаю ғазалро
Фирдавсию Анварию Саъдӣ.
Фирдавсӣ дар навъҳои шеърии қасидаю ғазалу қитъаю рубоӣ қувваозмоӣ карда бошад ҳам, аммо дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ва ҷаҳон бо маснавии бузурги худ - "Шоҳнома* машҳур гардидааст. "Шоҳнома" намунаи беҳтарини достонҳои қаҳрамонӣ буда, аз шаст ҳазор байт иборат аст. Худи Фирдавсӣ мегӯяд:
Зи абёти ғappo ду раҳ сӣ ҳазор,
Мар он ҷумла дар шеваи корзор.
Абулқосими Фирдавсӣ ва асари безаволи "Шоҳнома” дар таърихи тамаддуни башарӣ шӯҳрати беандоза дорад. Таълифи "Шоҳнома" дар асри X худ як воқеаи бузурги адабӣ ва маданӣ ба шумор меравад. Шоир дар асари худ беҳтарин хислатҳои писандидаи одамӣ, мисли хираду хирадмандӣ, некию некӯкорӣ, инсондӯстию ватанпарварӣ ва ғайраро тараннум намуда, ахлоқи бади одамиро маҳкум мекунад, ки дар рӯзгори мо барои тарбияи ҷавонон аз аҳамият холӣ нест.
Ҳаёт ва фаъолияти Абулқосими Фирдавсӣ дар замони мо ба таври хеле ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. "Шоҳнома”-и ӯ ду маротиба дар нӯҳ ҷилд чоп карда шуд. Нависандаи номии тоҷик — Сотим Улуғзода чандин достони "Шоҳнома”-ро ба наср гардонда, пешкаши хонандагони ҷавон кард.
Шӯҳрати Фирдавсӣ ва эътибори "Шоҳнома”-и ӯ ҷовидонист.
Агар ду бародар ниҳад пушт, пушт,
Тани кӯҳро хок молад ба мушт.
* * *
Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,
Дусад гуфта чун ними кирдор нест.
* * *
Чу некӣ кунад кас, ту подош кун
В-агар бад кунад , низ пархош кун.
* * *
Ба ранҷ андар аст, ай хирадманд, ганҷ,
Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ.
* * *
Ҷавонмардию ростӣ пеша кун,
Ҳама некӯӣ андар андеша кун.
Бибахшу бихур, то тавонӣ дирам,
Ки ҷуз ин дигар ҷумла дард асту ғам.
* * *
Ба ҳар кор дар пеша кун рости,
Чу хоҳӣ, ки нагзоядат костӣ.
* * *
Макун дӯстӣ бо дурӯғозмой,
Ҳамон низ бо марди нопокрой.
* * *
Зи гетӣ ду чиз аст ҷовиду бас,
Дигар ҳар чи бошад, намонад ба кас.
Сухан гуфтани нағзу кирдори нек,
Бимонад чунон, то ҷаҳон аст рек.
* * *
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.
* * *
Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек,
Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек.
* * *
Касе, к-ӯ ҷаҳонро бувад хостгор,
Варо дониш ояд, на гавҳар ба кор.
Ҳунармандро шоду наздик дор,
Ҷаҳон бар бадандеш торик дор,
* * *
Чу дӣ рафту фардо наёмад ба пеш,
Мадеҳ хира барбод авқоти хеш.
* * *
Хирадмандию пешбинӣ кунӣ,
Тавоноию покдинӣ кунӣ.
Мар онро, ки дониш бувад, тӯша бурд,
Бимирад танаш, ном ҳаргиз намурд.
* * *
Ҳама сар ба сар дасти некӣ баред,
Ҷаҳони ҷаҳонро ба бад маспаред.
* * *
Бимонад дуто ҷовидон як гуҳар,
Хунармандию донишу додгар.
Набошад касе дар ҷаҳон пойдор,
Ҳама номи некӯ бувад ёдгор.
* * *
Ба нопокзода мадоред умед,
Ки зангӣ нагардад ба шустан сапед.
* * *
Зи бадасл чашми беҳӣ доштан,
Бувад хок дар дида анбоштан.
Падар чун ба фарзанд монад ҷаҳон,
Кунад ошкоро бар-ӯ бар ниҳон.
* * *
Гар ӯ бифканад фарру номи падар,
Ту бегона хонаш, махонаш писар.
Ту чандон, ки бошӣ, сухангӯй бош,
Хирадманд бошу ҷаҳонҷӯй бош.
* * *
Нигар, то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ,
Сухан ҳар чӣ гӯӣ, ҳамон бишнавӣ.
* * *
Хирад мояи ҷовидонӣ бувад,
Хирад пояи зиндагонӣ бувад.
Мабошед густох бо ин ҷаҳон,
Ки ӯ тирагӣ дорад андар ниҳон.
* * *
Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ,
Ба мардум намонад ба ҷуз мардумӣ.
* * *
Ба анбарфурӯшон агар бигзарӣ,
Шавад ҷомаи ту ҳама анбарӣ.
В-агар бигзарӣ сӯи ангиштгар,
Аз-ӯ ҷуз сиёҳӣ набинӣ асар.
* * *
Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.
* * *
Ниёгони мо номдорон буданд,
Ба даҳр андарун тоҷдорон буданд.
< Набардоштанд аз касе саркаши,
Ба тезиву тундиву бедонишӣ.
* * *
Маёзор мӯре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин х(в)аш аст.
* * *
Чу паймони озодагон бишканӣ,
Нишони бузургӣ ба хок афганӣ.
Надонӣ, ки мардони паймоншикан
Сутуда набошанд дар анҷуман.
* * *
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Бу кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Яке мард буд андар он рӯзгор
Зи дашти саворони найзагузор,
Гаронмоя ҳам шоҳу ҳам некмард,
Зи тарси ҷаҳондор бо боди сард,
Ки Мардос номи гаронмоя буд,
Ба доду деҳиш бартарин поя буд...
Писар буд мар-он покдинро яке,
К-аш аз меҳр баҳра набуд андаке.
Ҷаҳонҷӯйро ном Заҳҳок буд,
Далеру сабуксору нопок буд...
Чунон буд, к-иблис рӯзе пагоҳ
Биёмад ба сони яке некхоҳ.
Дили меҳтар аз роҳи некӣ бибурд,
Ҷавон гӯш рафтори ӯро супурд.
Ҳамоно хуш омад-ш гуфтори ӯй,
Набуд огаҳ аз зишт кирдори уй...
Чу иблис донист, к-ӯ дил бидод,
Бар афсонааш гашт наҳмор шод.
Фаровон сухан гуфт зебову нағз,
Ҷавонро зи дониш тиҳӣ29 буд мағз.
Ҳамегуфт: «Дорам суханҳо басе,
Ки онро ҷуз аз ман надонад касе».
Ҷавон гуфт: «Баргӯву чандин мапой,
Биёмӯз моро ту, ай некрой».
Бад-ӯ гуфт: «Паймон-т хоҳам нахуст,
Пас он гаҳ сухан баркушоям дуруст».
Ҷавон некдил буд, паймон-ш кард,
Чунон к-ӯ бифармуд, савганд хвард,
Ки: «Рози ту бо кас нагӯям зи бун,
Зи ту бишнавам ҳар чӣ гӯӣ сухун».
Бад-ӯ гуфт: «Ҷуз ту касе дар сарой
Чаро бояд, ай номвар, кадхудой?..
Бигир ин сари моя даргоҳи ӯй,
Туро зебад андар ҷаҳон ҷоҳи ӯй.
Бар ин гуфтаи ман чу дорӣ вафо,
Ҷаҳонро ту бошӣ яке подшо».
Чу Заҳҳок бишнид, андеша кард,
Зи хуни падар шуд дилаш пур зи дард.
Ба иблис гуфт: «Ин сазовор нест,
Дигар гӯй, к-ин аз дари кор нест»...
Бад-ӯ гуфт: «Ман чора созам туро,
Ба хуршед сар бар фарозам туро.
Ту дар кор хомӯш мебошу бас,
Набояд маро ёрӣ аз ҳеч кас».
Мар он подшоро дар андар сарой
Яке бӯстон буд бас дилкушой.
Гаронмоя шабгир бархостӣ,
Зи баҳри парастиш биёростӣ.
Бар он рои вожуна деви нажанд,
Яке жарф чоҳе ба раҳ-бар биканд.
Пас иблиси вожуна ин жарф чоҳ,
Ба хошок пӯшиду биспард роҳ.
Шаб омад, сӯи боғ бинҳод рӯй,
Сари тозиён меҳтари номҷӯй.
Чу омад ба наздики он жарф чоҳ,
Якояк нагун шуд сари бахти шоҳ...
Фурӯмоя Заҳҳоки бедодгар,
Бад-ин чора бигрифт ҷоҳи падар.
Чу иблис пайваста дидӣ сухун,
Яке банди дигар нав афканд бун...
Ҷавоне баророст аз хештан,
Сухангӯву бинодилу поктан...
Бад-ӯ гуфт: «Гар шоҳро дархварам,
Яке номвар пок холигарам.
Чу бишнид Заҳҳок, бинвохташ,
Зи баҳри хуриш ҷойгаҳ сохташ.
Калиди хуришхонаи подшо,
Бад-ӯ дод дастури фармонраво.
Зи ҳар гуна аз мурғу аз чорпой
Хуриш карда овард як-як ба ҷой...
Бихурду бар ӯ офарин кард сахт,
Маза ёфт з-он хурданаш некбахт...
Ба рӯзи чаҳорум чу бинҳод хон,
Хуриш сохт аз пушти гови ҷавон...
Чу Заҳҳок даст андароварду хвард,
Шигифт омадаш з-он хушивор мард.
Бад-ӯ гуфт: «Бингар, ки то орзуй,
Чӣ хоҳӣ, бихоҳ, аз ман, ай некхӯй!
Хуришгар бад-ӯ гуфт, к «Ай подшо,
Ҳамеша бизӣ шоду фармонраво!
Маро дил саросар пур аз меҳри туст,
Ҳама тӯшаи ҷонам аз чеҳри туст.
Яке ҳоҷат астам зи наздики шоҳ
В-агарчи маро нест ин пойгоҳ,
Ки фармон диҳад шоҳ, то китфи ӯй,
Бибӯсам, бимолам бар ӯ чашму рӯй».
Чу Заҳҳок бишнид гуфтори ӯй,
Ниҳонӣ надонист бозори ӯй.
Бад-ӯ гуфт: «Додам ман ин коми ту,
Баландӣ бигирад магар номи ту».
Бифармуд то дев чун ҷуфти ӯ
Ҳаме бӯсае дод бар китфи ӯ.
Чу бӯсиду шуд дар замин нопадид,
Кас андар ҷаҳон ин шигифтӣ надид.
Ду мори сиёҳ, аз ду китфаш бируст,
Ғамӣ гашту аз ҳар сӯе чора чуст.
Саранҷом бубрид ҳарду зи китф,
Сазад гар бимонӣ аз ин дар шигифт.
Чу шохи дарахт он ду мори сиёҳ,
Баромад дигарбора аз китфи шоҳ.
Пизишкони фарзона гирд омаданд,
Ҳама як ба як достонҳо заданд.
Зи ҳар гуна найрангҳо сохтанд,
Мар-он дардро чора нашнохтанд.
Ба сони пизишке пас иблис тафт,
Ба фарзонагӣ назди Заҳҳок рафт.
Бад-ӯ гуфт, к«Ин буданӣ кор буд,
Бимон, то чӣ монад, набояд дуруд.
Хуриш созу оромияш деҳ, ба хвард,
Нашояд ҷуз ин чорае низ кард.
Ба ҷуз мағзи мардум мадеҳшон хуриш,
Магар худ бимиранд аз ин парвариш».
Нигар наррадев андар ин ҷустуҷӯ,
Чи ҷусту чи дид андар ин гуфтугӯ.
Магар то яке чора созад ниҳон,
Ки пардухта монад зи мардум ҷаҳон...
Чу Заҳҳок бар тахт шуд шаҳриёр,
Бар ӯ солиён анҷуман шуд ҳазор.
Ҳунар хор шуд, ҷодуӣ арҷманд,
Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд.
Шуда бар бадӣ дасти девон дароз,
Зи некӣ набудӣ сухан ҷуз ба роз...
Надонист худ ҷуз бад омӯхтан,
Ҷуз аз куштану ғорату сӯхтан.
Чунон буд, ки ҳар шаб ду марди ҷавон
Чи кеҳтар, чи аз тухмаи паҳлавон,
Хуришгар бибурдӣ аз айвони шоҳ
В-аз ӯ сохтӣ роҳи дармони шоҳ.
Бикуштиву мағзаш бурун охтӣ,
Мар-он аждаҳоро хуриш сохтӣ.
Чунон буд, ки як рӯз бар тахти оҷ.
Ниҳода ба сар-бар зи пирӯза тоҷ.
Зи ҳар кишваре меҳтаронро бихост,
Ки дар подшоҳӣ кунад пушт рост.
Аз он пас чунин гуфт бо мубадон
Ки: «Ай пурҳунар номвар бихрадон!
Яке маҳзар акнун бибояд набишт,
Ки ҷуз тухми некӣ сипаҳбад накишт».
Зи бими сипаҳбад ҳама ростон
Бад-он кор гаштанд ҳамдостон».
Дар он манзари аждаҳо ногузир
Гувоҳӣ навиштанд барнову пир...
Ситамдидаро пеши ӯ хонданд,
Бари номдорон-ш бишнонданд.
Бад-ӯ гуфт меҳтар ба рӯи дижам,
Ки: «Баргӯй, то аз кӣ дидӣ ситам?»
Хурӯшиду зад даст бар сар зи шоҳ,
Ки «Шоҳо, манам Коваи додхоҳ!
Бидеҳ доди ман, омадастам давон,
Ҳаменолам аз ту ба ранҷи равон.
Зи ту бар ман омад ситам бештар,
Занӣ ҳар замон бар дилам нештар.
Ситам гар надорӣ ту бар ман раво,
Ба фарзанди ман даст бурдан чаро?
Маро буд ҳаждаҳ писар дар ҷаҳон,
Аз эшон яке мондааст ин замон.
Бубахшову бар ман яке дарнигар,
Ки сӯзон шавад ҳар замонам ҷигар.
Шаҳо, ман чӣ кардам, яке бозгӯй
В-агар бегуноҳам, баҳона маҷӯй.
Ба ҳоли ман, ай тоҷвар, дарнигар,
Маяфзой бар хештан дарди сар...
Ҷавонӣ намондасту фарзанд нест,
Ба гетӣ чу фарзанд пайванд нест...
Яке безиён марди оҳангарам,
Зи шоҳ оташ ояд ҳаме бар сарам».
Сипаҳбад ба гуфтори ӯ бингарид,
Шигифт омадаш, к-он суханҳо шунид.
Бад-ӯ боз доданд фарзанди ӯй,
Ба хубӣ биҷустанд пайванди ӯй.
Бифармуд пас Коваро подшоҳ,
Ки бошад бад-он маҳзар ӯро гувоҳ.
Чу бархонд Кова ҳама маҳзараш,
Сабук сӯи пирони он кишвараш.
Хурӯшид, ки «ай поймардони дев,
Бурида дил аз тарси кайҳонхидев,
Набошад бад-ин маҳзар андар гувоҳ,
На ҳаргиз барандешам аз подшоҳ».
Хурӯшиду барҷаст, ларзон зи ҷой,
Бидарриду бистурд маҳзар ба пой.
Гаронмоя фарзанди ӯ пеши ӯй,
Аз айвон бурун шуд хурӯшон ба кӯй...
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Поймардон мададгорон, ёварон,
Кайҳонхидев подшоҳи ҷаҳон,
Бистурд пок кард, тарошид.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд.
Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,
Хамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард...
Ҳамерафт пеш андар он марди гурд,
Сипоҳе бар ӯ анҷуман шуд, на хурд..
Ба ҳар бому дар мардуми шаҳр буд,
Касе, к-аш зи ҷанговари баҳр буд...
Зи деворҳо хишту аз бом санг,
Ба кӯй андарун теғу тири хаданг.
Биборид чун жола з-абри сиёҳ...
Касеро набуд бар замин ҷойгоҳ.
Сипоҳиву шаҳри ба кирдори кӯҳ,
Саросар ба ҷанг андарун ҳам гурӯҳ.
Аз он шаҳри равшан яке тира гард,
Баромад, ки хуршед шуд лоҷвард.
Бибурданд Заҳҳокро баста хор,
Ба пушти ҳаюне барафканда зор...
Биёвард Заҳҳокро чун наванд,
Ба кӯҳи Дамованд кардаш ба банд.
Фурӯ баст дасташ бад-он кӯҳ боз,
Бад-он то бимонад ба сахтӣ дароз.
Бимонд ӯ бар ин гуна овехта
В-аз ӯ хуни дил бар замин рехта.
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Захми дарой болғазани,
Гурд паҳлавон, Баҳр баҳра,
Поҷвард кабуд ва тираранг.
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Дида шуд: 26