Ҷалол Икромӣ (1909-1993)


Зиндагӣ ва фаъолияти адабии Ҷалол Икромӣ

Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ чун адиби  пуркору сермаҳсул дар рушду нумӯи насри давраи нави тоҷик ҳиссаи арзанда дорад. Адиб соли 1909 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Падараш – Икромиддин таҳсилдидаи мадраса буда, баъдҳо ба мансаби қозигӣ расидааст ва дар таълиму тарбияи фарзандон кӯшиш намудааст. Падар ба фарзанди сеюм Ҷалол, ки дар дусолагӣ аз модар маҳрум гардида буд, бештар ғамхорӣ менамуд. Ҷалол аз хурдӣ ба илму дониш шавқу ҳавас пайдо мекунад ва ба мутолиаи «Тоҳир ва Зуҳро», «Лайливу Маҷнун», «Фарҳод ва Ширин», «Ҳотамнома», «Замчинома» барин достону қиссаҳо машғул мешавад.

Ҷалол таҳсилро дар мактаби кӯҳнаи Қарокӯл, ки чанд вақт падараш он ҷо қозӣ будааст, оғоз мекунад. Баъдҳо дар мактаби нав ва аз соли 1922 дар Дорулмуаллимини Бухоро таҳсил менамояд. Ҳангоми таҳсил дар Дорулмуаллимин ба хондани асарҳои тарҷумашудаи Виктор Гюго, Александр Дюма, Максим Горкий, Оноре де Балзак, Александр Пушкин, Михаил Лермонтов, Николай Гогол, Иван Тургенев барин суханварони бузурги рус ва Аврупо мепардозад: «Хондани ин китоб ва романҳо, -навиштааст ӯ, - ба ман чунон фоида овард, ки дар синф яке аз шогирдони пешқадам шудам».

Ҷалол Икромӣ баъди хатми Дорулмуаллимин (1927) чанд вақт дар Бухоро ба муаллимӣ машғул мешавад ва соли 1930 ба Сталинобод мекӯчад. Чанд муддат дар Кумитаи тоҷикшиносӣ кор кардааст. Баъдҳо котиби масъули маҷаллаи «Раҳбари дониш», мудири шӯъбаи адабии Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ, муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои бисёр ба кори эҷодӣ машғул буд. Соли 1993 аз ҷаҳон чашм мепӯшад. Шодравон дар мазори Лучоб ба хок супорида шудааст.

Фаъолияти адабӣ. Ҷалол Икромӣ фаъолияти адабии худро аз шеърнависӣ оғоз намудааст. Соли 1927 бо маслиҳати устод Айнӣ қалами худро дар наср месанҷад ва худи ҳамин сол аввалин ҳикояаш бо номи «Шабе дар регистони Бухоро» дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» чоп мешавад. Ин муваффақияти аввалин адиби ҷавонро водор мекунад, ки минбаъд ба наср мароқ зоҳир намояд. Маҷмӯаи аввалини ҳикояҳои Ҷалол Икромӣ «Ҳаёт ва ғалаба» соли 1932 ба табъ расидааст.

Ҷалол Икромӣ минбаъд бо роҳи тарҷума намудани беҳтарин асарҳои адибони рус ва ҷаҳонӣ маҳорати эҷодиашро сайқал дода, ба навиштани асарҳои калонҳаҷм шурӯъ мекунад. Нависанда солҳои 30-юм қиссаҳои «Тирмор» (1935), «Ду ҳафта» (1933), «Аз Москва чӣ овардӣ?» (1936) ва «Зӯҳра» (1940)-ро менависад. Қиссаи «Тирмор» бо мазмун ва мўҳтавои мукаммали худ адибро ба шоҳроҳи эҷодӣ раҳнамун месозад. Дар солҳои 30-юм Ҷалол Икромӣ, ҳамчунин, ба навиштани романи «Шодӣ» пардохта, қисми якуми асарро соли 1940 ба анҷом мерасонад.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) Ҷалол Икромӣ чун тамоми қаламкашони мамлакати паҳновари Шӯравӣ фаъолияти эҷодии худро баҳри ҳимояи Ватан ва муборизаи беамон ба муқобили душмани ғаддор равона мекунад. Дар «Ҷавонҳо ба майдон мераванд», «Барои Ватан ҷони худро дареғ намедорем», «Оҳанпора», «Хандаи пас аз гиря», «Шинел», «Достони марди танкшикан», «Қаҳрамони канори Днепр» ном очерку ҳикоя ва мақолаҳои публитсистии нависанда корномаи ҷангӣ ва фаъолияти меҳнатии ҳамдиёрон васф мешавад. Фаъолияти ҷангӣ ва корнамоии ду Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домуллоҷон Азизов (аз «Қаҳрамони канори Днепр») ва Ҳодӣ Кенҷаев (аз «Достони марди танкшикан») ҷавононро ба муқаддас доштани хоки кишвар ва худшиносию озодандешӣ ҳидоят менамоянд. Ҳодӣ Кенҷаев дар мактубаш ба падару модар муроҷиат карда мегӯяд: «Намегузорем, ки дасти бегонае аз гулзори шумо гуле канад ва ё қадами хуке ба боғистони шумо афтад». Дар ҳақикат, хушбахтӣ ва ҳаёти осудаи мо натиҷаи ҷонбозиҳои фарзандони шуҷои миллат аст.

Дар солҳои баъди ҷанг эҷодиёти Ҷалол Икромӣ боз ҳам самараноктар мегардад. Нависанда дар баробари очерку ҳикояҳо таълифи асарҳои калонҳаҷмро низ давом медиҳад. Қисми дуввуми романи «Шодӣ» ҳам навишта шуд ва асар соли 1949 ба табъ мерасад. Ҳамчунин, қиссаҳои «Ҷавоби Муҳаббат» (1947), «Ситора» (1952), «Тори анкабут» (1960) ва романи «Ман гунаҳгорам» (1958) пай дар пай дастраси хонанда мегарданд. Мавзӯи асосии асарҳои мазкур зиндагӣ ва маишати ҳамзамонон аст.

«Ман тақрибан аксарияти асарҳои худро ба озодии занон ва муборизаи онҳо барои баробарҳуқуқӣ ва ба ишқу ҷавонӣ бахшидам», - қайд кардааст Ҷалол Икромӣ. Аз ҷумла, рӯзгори душвори зани тоҷик дар ибтидои асри ХХ дар романи «Духтари оташ» (1960) ба таври воқеӣ ва муфассал тасвир ёфтааст. Ин роман дар насри тоҷик мавқеи калон пайдо кард ва нависада барои ин асари пурбаҳояш соли 1964 ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ сарфароз гардид.

Ҷалол Икромӣ мавзӯи романи мазкурро дар романҳои «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» (1969) ва «Тахти вожгун» (1974) давом медиҳад ва бо ҳамин дар насри тоҷик асари сегонаро бо номи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ба вуҷуд меоварад.

Ҷалол Икромӣ ҳанӯз айёми мактабхонӣ «Таҳзибуссибён»-и С. Айниро мутолиа карда, эътиқодманди муаллифи ин асар гардида буд. Баъдҳо С. Айнӣ чун устоди роҳнамо ба фаъолияти эҷодии Ҷалол Икромӣ мунтазам таваҷҷӯҳ зоҳир менамуд. Қиссаи ёддоштии «Устоди ман, мактаби ман, худи ман» (1970) чун рамзи сипоси шогирд ба устод Айнӣ бахшида мешавад.

Ҷалол Икромӣ асарҳои ҳаҷвӣ низ таълиф намудааст. Нависанда анъанаи ҳаҷвнигории адабиёти хаттӣ ва даҳонии тоҷикро идома дода, бо номҳои «Саргузашти Сафармахсум» (ҳамроҳи нависанда Ҳабибуллоҳ Назаров, 1971) ва «Сафармахсум дар Бухоро» (1980) асари дуҷилдаи ҳаҷвӣ офарид. Воқеаҳои ин асар дар арафаи инқилоби Бухоро рӯй додаанд ва макони баргузории воқеаҳо мавзеъҳои Ҳисор, Қаратоғ, Қаршӣ ва Бухоро мебошанд. Қаҳрамони ин асар Сафармахсум чун образҳои ҳаҷвии асарҳои халқӣ Афандӣ ва Мушфиқӣ мардумро ба дилхушӣ ва зиндадилӣ водор менамоянд.

Соли 1977 романи дигари Ҷалол Икромӣ бо номи «Зоғҳои бадмур» ба табъ мерасад. Ин асар воқеаҳои солҳои 30-юми асри ХХ-ро дарбар кардааст. Ҳамчунин, нависанда дар охирҳои умр ба таълифи романҳои «Хатлон» (1986) ва «Гули бодом» (1991) машғул шудааст. Ин асарҳо аз ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои номдору ҳунарманди Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Маҳмадалиев (1914 - 2002) ва Тӯҳфа Фозилова (1917- 1984) ҳикоя мекунанд.

Ҷалол Икромӣ асарҳои саҳнавӣ низ эҷод намудааст. Намоишномаҳои «Душман» (1933), «Тухми муҳаббат» (1937), «Дили модар» (1942), «Хонаи Надир» (ҳамроҳи А. Файко, 1943), «Ситора» (1953) намунаи асарҳои саҳнавии адиб мебошанд.

Ҳамин тариқ, Ҷ. Икромӣ дар давоми умри бобаракати худ асарҳои зиёд офарида, ба хонандаи тоҷик ғизои маънавӣ ва завқи бадеӣ бахшидааст. Асарҳои нависанда ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, туркӣ, озарӣ, немисӣ, англисӣ тарҷума ва чоп гардидаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1979 адибро бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон қадршиносӣ намуд.

Романи €«Ман гунаҳгорам»

Сохт ва мазмуни асар. «Ман гунаҳгорам» ба зиндагии зиёиёни тоҷик дар деҳот ва муносибати иҷтимоию ахлоқии онҳо бахшида шудааст. Роман аз оғоз шонздаҳ боб ва хотима иборат мебошад. Дар оғоз Ҷ. Икромӣ таваҷҷӯҳи хонандаро ба утоқи кории прокурор ҷалб менамояд. Шахси ба ҷавобгарӣ кашида дар назди прокурор мегӯяд: «Бале…бале…ман гунаҳгорам, ҳамаи гуноҳ аз ман содир шуд…»

Ин сухан боиси пайдо шудани саволҳо мегардад: Ин шахс кист? Чаро худро гунаҳгор мешуморад? Ва гуноҳаш чист? Мундариҷаи асосии асар ба саволҳои боло ҷавоб медиҳад. Ҳар боб бо эпиграф – як порчаи шеърӣ аз назми хаттӣ ё шифоҳии тоҷик шурӯъ мешавад. Эпиграфҳо ба мазмуни бобҳо ишора карда, таваҷҷӯҳи хонандаро ба мундариҷаи асар бештар менамоянд. Боби аввал ба табиати зебои деҳаи Лолазор ва зиндагии осудаҳолонаи оилаи директори мактаби деҳа Анвар Салимов бахшида шудааст. Нависанда мувофиқи мундариҷаи боб чор мисраъ шеъри Саъдиро чун эпиграф интихоб намудааст:

Алами давлати наврӯз ба саҳро бархост,

Лашкари заҳмати сармо зи сари мо бархост.

Ҳар касеро ҳаваси рӯйи гуле дар сар шуд,

На ки ин валвала аз булбули танҳо бархост.

Чунин порчаҳои шеърӣ дар дохили бобҳои асар низ омада, боиси ифодаи боз ҳам ҷолиби мазмуну мӯҳтавои асар мегарданд.

Мазмуни асар чунин аст: дар деҳаи Лолазор директори мактаб Анвар Салимов бо занаш - муаллимаи мактаб Сурайё ва ду фарзандаш осудаҳолона зиндагӣ доранд. Дар ин деҳа Мухтор Махсумов низ ҳаёт ба сар мебарад. Ў котиби шўрои ҷамоа буда, бо Анвар мухолифат дорад.

Рӯзе корманди идораи маорифи вилоят Зайнаб Кабирова барои тафтиши мактаби деҳа меояд. Зайнаб ҳафт сол боз бо Мухтор муносибати наздик дошт. Зайнаб бо ҳидояти Мухтор дар хонаи Анвар ҷой мегирад. Анвар ба ҳусну ҷамоли Зайнаб мафтун гардида, ба ӯ ошиқ мешавад. Моҷарои ишқи нобаҳангоми Анвар дер давом намекунад, вале ба ин оилаи тинҷу осудаи деҳотӣ ташвишҳои зиёд меорад.

Анвар, ки барои рафтори номуносибаш ҳам аз ҷониби Сурайё ва ҳам аз тарафи Зайнаб мавриди сарзаниш қарор гирифта буд, дар вазъияти ноороми рӯҳӣ меафтад. Дар ҳамин вазъияти ноҳинҷор барои овардани маоши муаллимон ба ноҳия рафта, баъди гирифтани пул дар хонаи як дӯсташ то мастшавӣ менӯшад. Дар бозгашт дар назди деҳаи Лолазор халтаи пулро фаромӯш карда, оқибат кораш ба мақомоти тафтишотӣ меафтад.

Мухтору Зайнаб, ки ба сафар баромада буданд, халтаи пулро меёбанд. Мухтори ҳарис пулро пинҳон карда, худ аз паи ба мақомоти қудратӣ маълум кардани «ҷинояти» Анвар мешавад. Зайнаб баъди андешаҳои зиёд дар танҳоӣ аз Мухтори бадхоҳу бадният ва фосиқ абадан тарки алоқа мекунад ва халтаи пулро бурда ба мактаб месупорад. Мазмуни асар басо ҷолиб ёфтааст.

Образҳои асар. Дар романи «Ман гунаҳгорам» асосан чор образ фаъолият мекунанд: Анвар Салимов, ҳамсари ӯ Сурайё, Зайнаб Кабирова ва Мухтор Махсумов. Воқеаи асосӣ байни Анвари зебопараст ва Зайнаби танноз сурат мегирад. Зайнаб зани беиродаест, ки дар ҳаёт раҳгум зада, ба доми Мухтори қаллоб гирифтор шудааст ва ҳоло роҳи наҷот меҷӯяд. Чун Зайнаб ба деҳаи Лолазор омад, Анвар чанд муддат ишқи ӯро дар дил парварид.

Образи асосии роман Анвар мебошад ва зиддияти асар, пеш аз ҳама, ба воситаи образи ӯ ҳал гардидааст. Задухӯрд асосан дар ботин ва дили Анвар рӯй медиҳад ва дар ниҳоди ӯ байни ҳиссиёту ақл ва ишқи ногаҳониву вазифаи инсонӣ талош сар мешавад. Гирифтории Анвар ба ишқи нобаҳангом дар боби ҳафт хеле самимӣ ва муфассал тасвир гардидааст. Анвар айёми баҳор дар шаби маҳтобии Лолазор бо Зайнаб ба сайругашт баромада буд ва аз ҳусни дилҷӯ, суханҳои дилангез, шеърхониҳои латифи ин зани ҷавон ба ваҷд омада, бо тамоми ҳастӣ мафтуни ӯ гардид. Роҳбари мактаб як лаҳза фаромӯш кард, ки шахси баобрӯи деҳа ва соҳиби зану фарзанд мебошад. Вале дарҳол ба худ омад ва ақлро кор фармуд: «Дар ин ҷо ба хотири Анвар расид, ки гапро кӯтоҳ кардан лозим аст, агар ҳамин тавр рафтан гирад, Худо медонад, ки сухан то куҷоҳо мерасад».

Анвар ягон нияти бад ё нопокие надошт ва фақат чанд рӯз дар қайди ин ишқи нобаҳангом монда буд, вале ин ҳодисаро боадолатона муҳокима намуда, барои ҳамин ишқу ҳаваси яклаҳзагӣ ҳам худро гунаҳгор шумурд. Ӯ сабабҳои ба Сурайё, ба ин зани покдоману оқила, хиёнат карданашро ҷустуҷӯ намуда ба чунин натиҷа расид, ки беху решаи гуноҳ ана дар ҳамин аст: занро ҳурмат накардан! Инро ҳоло фаҳмида ва эътироф менамоям. Занро ҳурмат накардан худро ҳурмат накардан аст.

Анвар ҳуқуқ, ҳунар ва мавқеи иҷтимоии занро не, балки шаъни инсонии ӯро дар ҷои аввал мегузорад ва шахсияти ин ҷинси латифро лоиқи ҳурмату эҳтиром мешуморад. Қаҳрамони асосии асар дар натиҷаи андешаи амиқ ва тафаккури зиёд ба ин хулоса расидааст. Бинобар ин Анвар дар насри тоҷик қаҳрамони нав мебошад, ки масъулиятшинос буда, қобилияти худтаҳлилӣ ва худбаҳодиҳӣ дорад.

Образи Сурайё низ ҷолиб ва ба худ хос мебошад. Ин образ дар асар чун зани ботамкин, рӯзгордида ва модари мушфиқу меҳрубон намоён мегардад. Ботамкинӣ ва дурандешии Сурайё махсусан ҳангоми аз тарафи Мухтор расондани хабари бо Зайнаб ба лаби дарё рафтани шавҳараш равшан мушоҳида мешавад. Мухтори фитнагар бо ин ҳам қаноат накарда, манзараи «ишқварзии» Анварро ба ӯ нишон додан мехоҳад. Дар ин дам қатъияти хислати Сурайё батамом намоён мешавад: «Сурайё бо нафрат дасти худро аз дасти ӯ ҷудо карда гирифт.

– Равед аз ин ҷо! – гуфт ӯ. Дар овози Сурайё ончунон оҳанги нафрат ва бадбинӣ буд, ки Мухтор ба худ ларзид.

– Дафъ шавед! – гуфт Сурайё андак овозашро баланд карда ва ба дасташ ба сӯйи берун ишора кард. Дую дубора ба хонаи мо пойи қадами шуми худро нагузоред».

Тасвири пайдарпайи хислатҳои ҳамидаи Сурайё симои ӯро чун зани некӯкирдору инсони комил дар хотирҳо муҷассам менамояд. Рафтори вай баъди фаҳмидани пули маоши муаллимонро гум кардани шавҳараш аҳамияти муҳими омӯзандагӣ ва тарбиявӣ пайдо мекунад. Сурайё ба «чӣ кор кунем?» гуфта савол додани шавҳараш мегӯяд: «Дар сандуқ ду либосворӣ сатин ва шоҳӣ дорем, костюми нави ман ҳаст, ҳалқаи тилло ва ангуштаринҳои аз модарам меросӣ ҳаст… Ҳамаи инро мефурӯшем…»

Ҷ. Икромӣ ба воситаи образҳои Зайнаб ва Мухтор мавқеи таълиму тарбияро дар ҳаёти инсон таъкид мекунад. Мухтор аз хурдӣ дар тарбияи падари ӯгай -Абдулло мемонад. Абдулло, ки худ бо фиребгарӣ рӯз мегузаронд, Мухторро ҳам дар ҳамин рӯҳия тарбия намуд. Мухтор дар қаллобию дасисакорӣ аз падари ӯгай гузаронд. Ин образ нафратовар ва дилнокаш мебошад.

Зайнаб духтари ягонаи раиси комиҷроияи вилоят – Очилбатрак мебошад ва муҳити оилавӣ ӯро нозук ва нозпарвар намудааст. Ҳамин зудбоварию кӯтоҳандешӣ боис шуд, ки ӯ ба доми тазвири Мухтор афтод. Оқибат бо мушкилӣ ва душворӣ тавонист, ки роҳи дурусти зинадгиро интихоб намояд. Азобу ташвишҳои Зайнаб гувоҳ бар он аст, ки дар интихоби рафиқи ҳаётӣ саҳлангорӣ крадан оқибатҳои нохуш дорад.

Услуби тасвири асар. Дар романи «Ман гунахгорам» услуби таҳлилии тасвир мавқеъ дорад. Аз ҷумла, дар кушодани олами маънавии персонажҳо монологи ботинӣ истифода шудааст. Нависанда ба воситаи монологҳо ҳар чизи дар дилу ниҳоди персонажҳо ҷой доштаро ошкор месозад. Масалан, Сурайё дар бораи шавҳараш чунин андеша меронад: «Анвар содагӣ дорад ва зудбовар аст. Баъзан фиреб мехӯрад, баъзан ба дом меафтад ва ногувориҳоро боз зуд фаромӯш мекунаду боз ба ӯ ҳар чӣ гӯянд, бовар мекунад ва ҳар чӣ фурӯшанд, ба нақд харида мегирад».

Чунин услуби нигориш, ки насри андеша унвон гирифтааст, баъдҳо дар эҷодиёти Ф. Муҳаммадиев, Ӯрун Кӯҳзод, С. Турсун, А. Самад, Ҷ. Акобиров, Сайф Раҳим идома ва такмил ёфт. Вале номи Ҷ. Икромӣ дар таърихи адабиёти тоҷик чун устоди насри андеша боқӣ мемонад.

Романи «Духтари оташ»

Таълифи китобҳои «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун» зиёда аз 15 сол давом мекунад. «Духтари оташ» воқеаҳои ибтидои асри ХХ то инқилоби Бухороро фаро мегирад. «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун» ба воқеаҳои солҳои 1920-1922 оид мебошанд. Дар асарҳои сегона зиёда аз 300 персонаж фаъолият доранд.

Бандубасти «Духтари оташ». «Духтари оташ» дорои сужети мураккаб ва мавзўъҳои гуногун мебошад. Нависанда солҳои зиёд вокеаҳои таърихии Бухорои ибтидои асри ХХ ва такдири таърихии занони тоҷикро дар ин давра меомўзад. Дар ин миён саргузашти Саломат Ҷаҳонгирова ном зани муборизу далер таваҷҷӯҳи ӯро бештар ба худ ҷалб мекунад. Ин зани 76 солаи бухороӣ дар хурдӣ ҳамроҳи модаркалонаш - Дилоромканиз дар ҳавлии Қарокулибой хизмат мекардааст. Баъди вафоти модаркалон рўзгори фоҷианокеро аз сар гузаронида, баҳри зиндагии арзандаи занони тоҷик талош мекунад. Саргузашти Саломат Ҷаҳонгирова ба нависанда барои навиштани асари «Духтари оташ» роҳ мекушояд:

Аз ин рӯ, дар «Духтари оташ» як кисм образҳо шахсҳои таърихианд ва, баъзан, бо номҳои худашон дар асар ширкат доранд. Аз ҷумла, прототипи образи асосӣ – Фирӯза Саломат Ҷаҳонгирова буда, Дилоромканиз бо номи худаш ширкат дорад.

Романи «Духтари оташ» аз се фасл иборат аст. Фасли «Дилоромканиз» аз ҳафт боб иборат буда, рӯзгори Дилоромканиз ва набераи ӯ – Фирӯзаро дар гузари Абдуллохӯҷаи Бухоро дарбар мегирад. Ин фасл саргузашти Дилоромкампири навадсола, ба мактаби Оймуллои Танбӯр даромадани Фирӯза ва моҷарои тӯйи Ғаниҷон – бойбачаро фаро гирифта, бо марги Дилоромканиз анҷом меёбад.

Фасли дуюм «Дарбадарӣ» ном дошта, аз 16 боб иборат аст ва тақдири Фирўзаро баъди марги модаркалонаш фаро мегирад. Дар ин боб воқеа миёни образҳои мусбат ва манфӣ торафт шиддат меёбад ва Фирӯза бо ёрии Ҳайдарқул, Асо ва Аҳмадҷони Машкоб барин хешовандон ва эътиқодмандон аз дасти Ғаниҷонбой ҷон ба саломат мебарад.

Фасли «Дӯст ва душман» аз 14 боб иборат буда, фаъолияти Фирӯза ва ҳаммаслаконашро то инқилоби Бухоро фаро мегирад. Барҳам хӯрдани ҳукумати амирӣ барои Фирӯза барин заноне, ки ба ҳарамсарои амир хизмат мекарданд, ҳодисаи фараҳбахш буд. Умуман, дар романи «Духтари оташ» 130 персонаж мушоҳида мешавад ва ба воситаи амалиёт ва бархӯрди онҳо масъалаҳои бисёре мавриди тасвир қарор мегиранд. Образҳои Дилоромканиз, Фирӯза, Аҳмадҷони Машкоб, Оймуллои Танбӯр, Шамсия, Асо, Ҳайдарқул, Истад (мусбат), Ғаниҷон бойбача, Абдурраҳмонбек, Мағфират, Қароқулибой, Нусратулло (манфӣ) ҳар кадом дар ҳалли зиддиятҳои асар саҳм гирифтаанд.

Образи занон. Дар байни мавзўъҳои гуногуни «Духтари оташ» мавзӯи зан мавкеи марказӣ дорад. Ҷалол Икромӣ дар тасвири образи занон роҳу усулҳои ба худ хосро истифода кардааст. Нависанда зиндагии камбағалона ва ҳаёти ногувори табақаҳои поёни занони тоҷикро тасвир карда, пеш аз ҳама, масъалаҳои шаъну эътибори инсонӣ, иззати нафс, сарбаландӣ ва шарафу номусро ба миён мегузорад.

Дилоромканиз як умр хизмати боёну мансабдоронро ба ҷо овардааст. Ў бо азобу кулфат даврони ҷавонӣ ва миёнсолиро аз сар гузаронд ва шоҳиди беадолатию нобаробариҳои зиёде гардид. Хислати Дилоромканиз дар ҷараёни зиндагӣ такмил меёбад ва рафта-рафта ба дараҷае мерасад, ки назди қувваи иродаи вай ҳама забардастон ва шахсони мағруру худписанд оҷиз мемонанд. Кампир намегузорад, ки касе ӯро таҳқир кунад, обрӯю эътиборашро паст занад ва ягона набераашро ранҷонад. Дилоромканиз ба оқсақол, ки ӯро ноқисулақл меномад, чунин ҷавоб медиҳад:

– Ту, оқсақол, ҳанӯз ба собуни ман ҷомашӯӣ накардаӣ! – гуфт вай таҳдидомезона. --Ноқисулақл бошам ҳам, ҷавоби садта ту барин буғузаъламҳоро гуфта метавонам. Беҳтар, ки машмаша накарда, аз атрофи сари дегат бохабар шав!

Суханҳои нишонраси вай ҳар гуна рақиби тундмизоҷро ҳам мағлуб менамояд. Бойдухтари даҳанкалону ҳавобаланд Мағфират рӯзи тӯяш Фирўзаро меранҷонад ва ба ғазаби Дилоромканиз гирифтор мешавад. Ба суханҳои кампир: «Шӯхиатонро ба тайи чимилчиқ ҷамъ карда монед, пошшохон!» ё «бисёр телба нашавед, пошшохон, ба сӯзу гудоз вақт меёбед» Мағфират ҷавоб ёфта наметавонад. Дилоромканиз дар айни ҳол зани ҳалиму меҳрубон аст. Ў такягоҳ ва саробони наберааш Фирӯза, Оймуллои Танбӯр, Аҳмадҷони Машкоб, Асо мебошад. Ба Ҳайдарқул, ки қасоси зану фарзандашро аз Ғаниҷонбой гирифтан мехост, маслиҳатҳои фоидаовар медиҳад.

Агар образи Дилоромканиз танҳо дар «Духтари оташ» ба назар расад, пас образи Фирӯза дар «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун» низ идома меёбад. Вале хислату шахсияти ин образ дар китоби аввали сегона инкишоф ва такмил меёбад. Баъд аз вафоти Дилоромканиз Фирўзаи 12-соларо Оймуллои Танбӯр ба тарбияи худ мегирад. Ин зани бомаърифат ва меҳрубон ба Фирӯза савод меомӯзад ва ўро ба пастиву баландиҳои зиндагӣ ошно месозад.

Фирӯза як муддат дар ҳавлии Ғаниҷонбой дар қатори канизони ӯ ҷой гирифт. Меҳнати вазнин ва муносибати дағалона дар ин даргоҳ боиси обутоб ёфтани характери Фирӯза гардид ва дар ниҳоди ӯ ҳисси кӯшишу талошро бедор кард: «Наход ки ман ҳам мисли Шамсия, мисли Савсан ҷавонмарг шавам. Не, ман бояд аз ин даргоҳ, аз ин варта наҷот ёбам».

Хислатҳои сарбаландӣ, кордонӣ ва ҳақталошиҳои Фирӯза аз модаркалонаш ба мерос мондааст. Ӯ дар охири асар чун зани собитқадам ва дорои иззати нафси баланд ба назар мерасад. Суханони зерини Фирўза симои ҳақиқии ӯро равшану возеҳ нишон медиҳанд: «Рафта ба амир ва Пошшобибӣ гӯед, ки, - гуфт бо овози баланд Фирӯза, - мо аз оташ, аз аҷал ва аз тиру туфанг наметарсем. Оташ ҳам, аҷал ҳам, тиру туфанг ҳам аз азобу уқубати бандагӣ, канизӣ ва дарбори шумо беҳтар аст! Сӯзаду хокистар шавад хонумонатон, ки хонумони моро сӯхтед».

Дар китоби «Духтари оташ» ҳар як образ, хоҳ асосӣ бошад ва хоҳ ёрирасон, симои хоси худро дорад. Махсусан, образҳои Оймуллои Танбўр ва Шамсия ҷолиби диққатанд. Оймуллои Танбӯр ба таълиму тарбияи Фирўза ва Шамсия барин духтарон саҳм дорад ва шогирдонро чун фарзанд азиз медорад. Ин ҳолатро, алалхусус, аз тасвири лаҳзаи хатхонии Оймулло бармало мушоҳида кардан мумкин аст. Шамсия, духтари Абдурраҳмонбеки миршаб, чун нишонаи эътироз ба қувваҳои бадӣ худкушӣ мекунад ва пеш аз марг як порча хатти видоӣ менависад. Падар баъди ба хок супоридани духтараш Оймуллои Танбӯрро барои хондани хатти Шамсияи марҳум даъват мекунад.

Оймулло ҳангоми хондани мактуб чандин маротиба модарвор мегиряд. Аз ҷумла, баъди хондани байти зерин:

Ғами замона хӯрам ё фироқи ёр кашам,

Ба тоқате, ки надорам, кадом бор кашам?

Оймулло боз ба зӯрӣ гиряашро фурӯ бурду гуфт:

– Саъдихонам, шеърдонам, шоираи ширинкаломам!

Мактуби видоии Шамсия басо пурсӯз ва ҷонгудоз буда, дар айни ҳол муносибати самимонаи устоду шогирдро ба таври возеҳ ошкор месозад. Шамсияи ноком дар охири мактуб аз падар хоҳиш мекунад: «Шумо агар арвоҳи маро шод кардан хоҳед, Оймуллои азизамро мўҳтарам шуморед».

Дар асар нақши мардон низ назаррас аст. Образҳои мусбат Ҳайдарқул, Асо, Аҳмадҷони Машкоб, Ашрафҷон, Истад--ҳама мардони оқил, росткор, поктинат ва адолатхоҳ мебошанд ва дар ҷараёни зиндагӣ ботинан комилтар мегарданд. Нависанда мавқеи иҷтимоӣ ва муносибати шахсии онҳоро нозукбинона ба тасвир гирифтааст. Ҳайдарқул дар аввал танҳо баҳри қасосгирӣ аз Ғаниҷонбой ва Саиди Маст бархоста буд: «Акнун ман танҳо барои як мақсад зиндагӣ мекунам: ниқор! Аз душманонам ниқори духтари нокомам, ниқори зани кулфатзадаам ва ниқори худамро мегирам». Вале баъдтар маҳдудии мақсади худро дарк намуда, баҳри озодӣ ва хушбахтии тамоми ҳамватанон талош меварзад.

Образҳои манфӣ низ боварибахш ва табиӣ ба тасвир омадаанд. Нависанда гоҳо персонажҳои манфиро ба андеша водор намуда, ҷаҳони ботинии онҳоро равшану возеҳ мекушояд. Масалан, дараҷаи баланди беномусӣ, гарданшахӣ ва ҷоҳилии Абдурраҳмонбеки миршаб аз андешаи зерини ӯ маълум мешавад: «Миршаб… хатро… ба кисабағалаш андохт ва… аз хаёлаш мегузаронид, ки ба ҳамаи ин ҳодиса ва фоҷиа, пеш аз ҳама, мактаб ва босаводӣ гунаҳгор аст, агар Шамсия босавод намешуд, агар шеърдону китобхон намебуд, ҳеҷ гоҳ ба чунин роҳ қадам намегузошт».

Ҳамин тариқ, фаъолият, муносибат, муомила ва андешаҳои образҳои «Духтари оташ» воқеӣ ва табиӣ тасвир гардидаанд. Ин образҳо дар баробари таъсири бадеӣ доштан хонандаро водор мекунанд, ки ба ҷомеа ва одамон муносибати оқилона дошта бошад ва аз ҳар рӯйдоди зиндагӣ панде гирад.

Дида шуд: 19