Ҷалолуддини Румӣ (1207-1273)


Зиндагинома

     Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн Хатибии Балхӣ машҳур ба Мавлавӣ ё Муллои Рум яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони халқҳои форс-тоҷик ба шумор меравад, ки соли 1207 дар Балх таваллуд ёфтааст. Падараш Бахоуддини Валад аз фақеҳони машҳури замон буд. Ҷалолуддин Румӣ дар чавонӣ ба омузиши илмхои маъмули давр машғул шуд. Баъди вафоти падар муддате дар хизмати Сайид Бурҳониддини Тирмизӣ, ки аз шогирдони падараш буд, шогирдӣ кард. Дар Куния бо Шамси Табрезӣ ошноӣ пайдо карда, уро устоди маънавии хеш хонд ва девони ашъори худро "Девони Шам¬си Табрезӣ" номид. Дар Куния соли 1273 аз олам гузаштааст. Ашъори Ҷалолуддини Румӣ аз ду қисм иборат аст. Яке манзумаи машҳури ӯст, ки аз машҳуртарин китобҳои забони форсӣ-тоҷикӣ буда, онро "Маснавии маънавӣ" ном ниҳодааст. Ин маснавй аз шаш дафтар иборат буда 25 632 байтро ташкил медиҳад, ки ҳама афкори ирфонию ахлоқӣ мебошад.

     Қисмати дуюми ашъори ӯро ғазалиёт ва рубоиёт ташкил медиҳанд, ки аз сад ҳазор байт иборат буда, дар давоми умри худ сурудааст. Дар бештари ғазалҳо номи Шамси Табрезӣ омадааст ва аз ин ҷиҳат ба "Куллиёти Шамси Табрезӣ" ё "Куллиёти Шамс" ва "Девони кабир" машҳур аст.
     Ҷалолуддин Румӣ дар эҷодиёти худ одамонро ба некӣ ва некӯкорӣ даъват карда, асоси бадиро дар ҳирсу тамаъ мебинад. Вай зулму золимӣ, хислатҳои бади одамиро сахт маҳкум намуда, ба воситаи масалу ҳикояҳои зиёде адолат, саховатмандӣ, меҳнатдустӣ барин хислатҳои писандидаи одамиро тараннум менамояд.

ҚИССАИ ОН БОЗУРГОН, КИ БА ҲИНДУСТОН БА ТИҶОРАТ МЕРАФТ ВА ПАЙҒОМ ДОДАНИ ТӮТИИ МАҲБУС БА ТӮТИЁНИ ҲИНДУСТОН

Як ҳикоят бишнав, эй зеборафиқ,

То бидонӣ шарти ин баҳри амиқ.

Буд бозургоне, ӯро тӯтие,

Дар қафас маҳбус зебо тӯтие.

Чунки бозургон сафарро соз кард,

Сӯи Ҳиндустон шудан оғоз кард.

Ҳар ғулому ҳар канизакро зи ҷуд

Гуфт: -"Баҳри ту чӣ орам, гӯй зуд".

Ҳар яке аз вай муроде хост кард,

Ҷумларо ваъда бидод он некмард.

Гуфт тӯтиро: "Чӣ хоҳӣ армуғон,

К - орамат аз хитгаи Ҳиндустон?"

Гуфташ он тӯтӣ, ки он 40 тӯтиён

Чун бубинй, кун зи ҳоли ман баён.

К-он фалон тӯтӣ, ки муштоқи шумост,

Аз қазои осмон дар ҳабси мост.

Бар шумо кард ӯ салому дод хост

В-аз шумо чорай раҳу иршод хост.

Гуфт: -"Мешояд, ки ман дар иштиёқ,

Ҷон диҳам ин ҷо, бимирам дар фироқ?

Ин раво бошад, ки ман дар банди сахт

Гаҳ шумо бар сабза, гоҳе бар дарахт?

Инчунин бошад вафои дӯстон?

Ман дар ин ҳабсу шумо дар бӯстон?

Ёд оред, эй меҳон, з-ин мурғи зор,

Як сабӯҳе дар миёни марғзор.

Қиссаи тӯтии ҷон з-инсон бувад

Ку касе, к-ӯ маҳрами мурғон бувад?".

 

ДИДАНИ ХОҶА ДАР ДАШТ ТӮТИЁНРО ВА ПАЙҒОМ РАСОНИДАН

Боз мегардем аз ин, эй дӯстон,

Сӯи мурғу тоҷиру Ҳиндустон.

Марди бозургон пазируфт он паём,

К-ӯ расонад сӯи чине аз вай салом.

Чунки то ақсои Ҳиндустон расид,

Дар биёбон тӯтие чанде бидид.

Маркаб истониду пас овоз дод,

Он салому он амонат боз дод.

Тӯтие з-он тӯтиён ларзиду пас

Уфтоду мурду бигсасташ нафас.

Шуд пушаймон хоҷа аз гуфти хабар,

Гуфт: -"Рафтам дар ҳалоки ҷонвар.

Ин магар хеш аст бо он тӯтияк,

Ин магар ду ҷисм буду рӯҳ як?

Ин чаро кардам, чаро додам паём?!

Сӯхтам бечораро з-ин гуфти хом,

Ин забон чун сангу ҳам оҳанваш аст

В-он чӣ биҷҳад аз забон, чун оташ аст".

Сангу оҳанро мазан бар ҳам газоф,

Гаҳ зи рӯи нақду гаҳ аз рӯи лоф.

З-он ки торик асту ҳар сӯ пунбазор,

Дар миёни пунба чун бошад шарор?

Золим он қавме, ки чашмон дӯхтанд

В-аз суханҳо оламеро сӯхтанд.

Оламеро як сухан вайрон кунад,

Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.

 

БОЗ ГУФТАНИ БОЗУРГОН БО ТӮТӢ ОН ЧӢ ДАР ҲИНДУСТОН ДИДА БУД

Кард бозургон тиҷоратро тамом,

Боз омад сӯи манзил шодком.

Ҳар ғуломеро биёвард армуғон,

Ҳар канизакро бибахшид ӯ нишон.

Гуфт тӯтӣ: -"Армуғони банда ку?

Он чӣ дидӣ в-ончӣ гуфтӣ, бозгӯ”,

Гуфт: - "Не ман худ пушаймонам аз он,

Дасти худ хоёну ангуштон газон,

Ки чаро пайғоми хоме аз газоф

Бурдам, аз бедонишию аз нашоф".

Гуфт: - Эй хоҷа, пушаймонӣ зи чист?!

Чист ин, ки хашму ғамро муқтазист?"

Гуфт: - "Гуфтам он шикоятҳои ту

Бо гурӯҳи тӯтиён- ҳамтои ту,

Он яке тӯтӣ зи дардат бӯй бурд,

Заҳрааш бидриду ларзиду бимурд,

Ман пушаймон гаштам, ин гуфтам чӣ буд,

Лек чун гуфтам, пушаймонӣ чӣ суд?”

Нуктае, к-он ҷаст ногоҳ аз забон,

Ҳамчу тире дон, ки ҷаст он аз камон.

 

ШУНИДАНИ ТӮТӢ ҲАРАКАТИ ОН ТӮТИРО ВА МУРДАН ВА НАВҲАИ ХОҶА БАР Ӯ

Чун шунид он мурғ, к-он тӯтӣ чӣ кард,

Ҳам биларзиду фитоду гашт сард.

Хоҷа чун дидаш фитода ҳамчунин,

Барҷаҳиду зад кулаҳро бар замин.

Чун бад-ин рангу бад-ин ҳолаш бидид,

Хоҷа барҷасту гиребонро дарид.

Гуфт: -'Эй тӯтии хуби хушҳанин,

Ин чӣ будат, ин чаро гаштӣ чунин?

Эй дареғо, мурғи хушовози ман,

Эй дареғо, ҳамдаму ҳамрози ман.

Эй дареғо, мурғи хушилҳони ман,

Роҳи рӯҳу равзаи ризвон и ман...

Эй дареғо, нури зулматсӯзи ман.

Эй дареғо субҳи рӯзафрӯзи ман.

Эй дареғо мурғи хушпарвози ман,

З-интиҳо даррида то оғозн ман...

Эй дареғо, ашки ман дарё будӣ,

То нисори дилбари зебо будӣ.

Тӯтии ман, мурғи зираксори ман,

Тарҷумони фикрати асрори ман.

Ҳар чӣ рӯзӣ доду нодод омадам,

Ӯ зи аввал гуфт, то ёд омадам,

Тӯтие к-ояд зи ваҳй овози ӯ,

Пеш аз оғози вуҷуд овози ӯ,

Андаруни туст он тӯтӣ ниҳон,

Акси ӯpo дида ту бар ину он,

Мебарад шодитро ту шод аз ӯ,

Мепазирӣ зулмро чун дод аз ӯ,

Эй ки ҷон аз баҳри тан месӯхтӣ,

Сӯхтӣ ҷонрову тан афрӯхтӣ.

Сӯхтам ман, сӯхта хоҳад касе,

То зи ман оташ занад андар хасе,

Сӯхта чун қобили оташ бувад?

Сӯхта бистон, ки оташкуш бувад,

Эй дареғо, эй дареғо, эй дареғ,

К- ончунон моҳе ниҳон шуд зери меғ.

Чун занам дам, к-оташи дил тез шуд,

Шери ҳаҷр ошуфтаву хунрез шуд.

Он ки ӯ ҳушёр, худ тунд асту маст,

Чун бувад, чун ӯ қадаҳ гирад ба даст?

Шери масте, к-аз сифат берун бувад,

Аз басити марғзор афзун бувад.

Қофия андешаму дилдори ман,

Гӯядам мандеш ҷуз дидори ман.

Хуш нашин, ай қофияандеши ман,

Қофияй давлат туӣ дар пеши ман.

Ҳарф чӣ-бвад, то ту андешӣ аз он?

Савт чӣ-бвад, хори девори разон.

Ҳарфу савту гуфтро барҳам занам,

То ки бе ин ҳарсе бо ту дам занам..."

Бас дароз аст ин ҳадиси хоҷа, гӯ,

То чӣ шуд аҳволи он марди накӯ...

Ин сухан поён надорад, эй аму

Қиссаи тӯтиву хоҷа боз гӯ.

 

БЕРУН АНДОХТАНИ МАРДИ ТОҶИР ТӮТИРО АЗ ҚАФАС ВА ПАРИДАНИ ОН

Баъд аз онаш аз қафас берун фиканд,

Тӯтияк паррид то шохи баланд.

Тӯтии мурда чунон парвоз кард,

К- офтоб аз чарх туркитоз кард.

Хоҷа ҳайрон гашт андар кори мурғ,

Бехабар ногаҳ бидид асрори мурғ.

Рӯй боло карду гуфт, ай андалеб!

Аз баёни ҳоли худмон деҳ насиб.

Ғ чӣ кард он ҷо, ки ту омӯхтӣ,

Чашми мо аз макри худ бардӯхтӣ.

Сохтӣ макреву моро сӯхтӣ.

Сӯхтӣ морову худ афрӯхтӣ.

Гуфт тӯтӣ, к-ӯ ба феълаш панд дод,

Ки раҳо кун нутқу овозу кушод.

3-он ки овозат туро дар банд кард,

Хеш ӯ мурда пайи ин панд кард,

Яъне, эй мутриб, шуда бо омму хос,

Мурда шав чун ман, ки то ёбӣ халос.

Дона бошӣ, мурғаконат барчинанд,

Ғунча бошӣ, кӯдаконат баркананд.

Дона пинҳон кун, ба куллӣ дом шав,

Ғунча пинҳон кун, гиёҳи бом шав.

Ҳар кӣ дод ӯ ҳусни худро дар мазод,

Сад қазои бад сӯи ӯ рӯ ниход.

Чашмҳою хашмҳою рашкҳо,

Бар сараш борад чу об аз машкҳо.

Душманон ӯро зи ғайрат медаранд,

Дӯстҳо ҳам рӯзгораш мебаранд.

Он ки ғофил буд аз кишти баҳор,

Ӯ чӣ донад қиммати ин рӯзгор.

Дар паноҳи лутфи Ҳақ бояд гурехт,

К-ӯ ҳазорон лутф бар арвоҳ рехт.

То паноҳе ёбӣ он гаҳ чӣ паноҳ,

Обу оташ мар туро гардад сипоҳ.

 

Нӯҳу Мӯсоро на дарё ёр шуд,

Не бар аъдошон ба кин қаҳҳор шуд.

Оташ Иброҳимро не қалъа буд,

То баровард аз дили Намруд дуд.

Кӯҳ Яҳёро на сӯи хеш хонд,

Қосидонашро ба захми санг ронд.

Гуфт: -"Эй Яҳё, биё дар ман гурез,

То паноҳат бошам аз шамшери тез."

 

ВИДОЪ КАРДАНИ ТӮТӢ ХОҶАРО ВА ПАРИДАН

Як-ду пандаш дод тӯтӣ бенифоқ,

Баъд аз он гуфташ: - "Салому алфироқ.

Алвидоъ, эй хоҷа, кардӣ марҳамат,

Кардӣ озодам зи қайду мазламат.

Алвидоъ, эй хоҷа, рафтам то ватан,

Ҳам шавӣ озод рӯзе ҳамчу ман."

Хоҷа гуфташ: -"Фй амонил-лаҳ" бирав,

Мар маро акнун намудӣ роҳи нав."

Сӯи Ҳиндустони аслӣ рӯ ниҳод,

Баъди шиддат аз фараҷ дил гашта шод.

Хоҷа бо худ гуфт: "Ин панди ман аст,

Роҳи ӯ гирам, ки ин раҳ рӯшан аст,

Ҷони ман камтар зи тӯтӣ кай бувад?

Ҷон чунин бояд, ки некӯпай бувад".

 

БОЗ НАМУДАНИ ОН ҲАФТ МАРД ҲАФТ ДАРАХТ

Боз ҳар як мард шуд шакли дарахт,

Чашм аз сабзии ишон некбахт,

3-анбӯҳии барг пайдо нест шох,

Барг ҳам гум гашта аз мевай фарох.

Ҳар дарахте шох бар сидра зада,

Сидра чӣ-бвад, аз хало берун шуда.

Бехи ҳар як рафта дар қаъри замин,

Зертар аз гову моҳӣ буд яқин.

Бехашон аз шох хандонруйтар,

Ақл аз он ашколашон зеру забар.

Мевае, ки баршикофидӣ зи зур,

Ҳамчу об аз мева ҷастӣ барқи нур.

 

МАХФӢ БУДАНИ ОН ДАРАХТОН АЗ ЧАШМИ ХАЛҚ

Ин аҷабтар, ки бар ишон мегузашт,

Сад ҳазорон халқ аз саҳрову дашт.

3-орзӯи соя ҷон мебохтанд,

Аз гилеме соябон месохтанд.

Сояи онро намедиданд ҳеҷ,

Сад туфу бар дидаҳои печ-печ.

Хатм карда қаҳри Ҳак бар дидаҳо,

Ки набинад меҳро бинад суҳо.

Зарраеро бинаду хуршед не,

Лек аз лутфу карам навмед не.

Корвонҳо бенаво в-ин меваҳо

Пухта мерезад, чӣ сеҳрест, эй Худо.

Себи пӯсида ҳамечинанд халқ,

Дар ҳам уфтода ба яӯмо хушкхулқ.

Гуфт ҳар баргу шукуфай он ғусун.

Дам ба дам "ё лайта қавмӣ яъламун".

Бонг меомад зи сӯ, ҳар дарахт,

Сӯи мо оед халқи шӯрбахт.

Бонг меомад зи ғайрат бар шаҷар,

Чашмашон бастем "калло ло вазар"

Гар касе мегуфташон к-ин сӯ равед,

То аз ин ашҷор мустаъид шавед.

Ҷумла мегуфтанд к-ин мискини маст,

Аз қазоу-л-лоҳ девона шудаст.

Мағзи ин мискин зи савдои дароз

 В-аз риёзат гашт фосид чун пиёз.

Ӯ аҷаб мемонд ё Раб, ҳол чист,

Халқро ин пардаю излол чист?

Халқи гуногун ба садҳо ройу ақл

Як қадам ин сӯ намеоранд нақл.

Оқилону зираконшон з-иттифоқ

Гашт мункир в-инчунин боғеву оқ.

Ё манам девонаву хира шуда?

Дев бар ман ғолибу чира шуда?

Чашм мемолам ба ҳар лаҳза, ки ман

Хоб бинам, ё хиёл андар заман?

Хоб чӣ-бвад, бар дарахтон меравам,

Меваҳошон мехурам, чун награвам?

Боз чун ман бингарам дар мункирон,

Ки ҳамегиранд з-ин бӯстон карон.

Бо камоли эҳтиёҷу ифтиқор

3-орзуи ними ғypa ҷонсупор.

3-иштиёқу ҳирси як барги дарахт,

Мезананд ин бенавоён оҳи сахт.

Дар ҳазимат ин дарахту ин самор,

Ин халоиқ сад ҳазор андар ҳазор.

Боз мегӯям аҷаб ман бехудам,

Даст дар шохи хиёле дарзадам.

Ҳаттизо мостайасарруслу бигӯ

То би зунну аннаҳум кад кузибу.

Ин қироат хон ба тахфифу кузиб,

Ин бувад, ки хеш бинад муҳтачиб.

Дар гумон уфтод ҷони анбиё,

3-иттифоқи мункирии ашқиё.

Ҷоаҳум баъда-т-ташаккук насруно,

Таркашон гӯ, бар дарахти ҷон баро.

Мехӯру медиҳ бад-он к-аш рӯзияст,

Ҳар даму ҳар лаҳза сиҳромӯзияст.

Халқ гӯён - эй аҷаб ин бонг чист,

Чунки саҳро аз дарахту бар тиҳист.

Гиҷ гаштам аз дами савдоиён,

Ки ба наздики шумо боғасту хон.

Чашм мемолем ин ҷо боғ нест.

Ё биёбонест, ё мушкил раҳест.

Эй аҷаб чандин дароз ин гуфтугӯ

Чун бувад беҳуда в-ар худ ҳаст, кӯ.

Ман ҳамегуям чу ишон, эй аҷаб,

Дар тааҷҷуб низ монда Бӯлаҳаб.

3-ин аҷаб то он аҷаб фарқест жарф.

То чӣ хоҳад кард султони шигарф.

Эй Дақуқӣ, тезтар рон, ҳин хамӯш,

Чанд гӯй, чанд чун каҳт аст гӯш.

 

ЯК ДАРАХТ ШУДАНИ ОН ҲАФТ ДАРАХТ

Гуфт рондам пештар ман некбахт,

Боз шуд он ҳафт ҷумла як дарахт.

Ҳафт мешуд фард мешуд ҳар даме,

Ман чӣ сон мегаштам аз ҳайрат ҳаме.

Баъд аз он дидам дарахтон дар намоз,

Саф кашида чун ҷамоат карда соз.

Як дарахт аз пеш монанди имом,

Дигарон андар паси ӯ дар қиём.

Он қиёму он рукуъу он суҷуд,

Аз дарахтон бас шигифтам менамуд.

Ёд кардам кавли ҳақро он замон,

Гуфт: -"Аннаҷму шаҷарро ясҷудон”.

Ин дарахтонро на зону на миён,

Ин чӣ тартиби намоз аст он чунон.

Омад илҳоми Худо, к-эй бофурӯз,

Ин аҷаб дорӣ зи кори мо ҳанӯз.

 

ҲАФТ МАРД ШУДАНИ ОН ҲАФТ ДАРАХТ

Баъли дере гашта онхо ҳафт мард,

Ҷумла дар қаъда пайи Яздони фард.

Чашм мемолам, ки он ҳафт арсалон,

То киёнанду чӣ доранд аз чаҳон.

Чун ба наздикӣ расидам ман зи роҳ,

Кардам ишонро салом аз интибоҳ.

Қавм гуфтамдам ҷавоби он салом,

Эё Дақуқӣ, мафҳару тоҷи киром.

Гуфтам охир чун маро бишнохтед,

Пеш аз ин бар ман назар нандохтед.

Аз замири ман бидонистанд зуд,

Якдигарро бингариданд аз фуруд.

Посухам доданд хандон, к-эй азиз,

Ин бипӯшидаст акнун бар ту низ.

Бар диле, к-ӯ дар таҳайюр бо Худост,

Кай шавад пӯшида рози чаппу рост.

Гуфтам ар сӯй и ҳақоиқ бишкифанд,

Чун зи исми ҳарфи расмӣ воқифанд.

(Ин сухан чун омад аз ман дар хитоб,

Он шаҳон дарҳол гуфтандам ҷавоб).

 Гуфт агар исме шавад гайб аз валй,

Он зи истиғроқ дон, н-аз ҷоҳилӣ.

Баъд аз он гуфтанд моро орзӯст,

Иқтидо кардам ба ту, ай покдӯст.

Гуфтам, оре, лек як соат, ки ман,

Мушкилоте дорам аз даври заман.

То шавад он ҳал ба сӯҳбатҳои пок,

Ки ба сӯхбат рӯяд ангуре зи хок.

Донаи пурмағзро хоки дижам

Хилватию сӯҳбатӣ кард аз карам.

Хештан дар хок куллӣ маҳз кард,

То намонад рангу бӯю сурху зард.

Аз паси он маҳв қабзи ӯ намонд,

Пар гушуду баст шуд, маркаб биронд.

Пеши асли хеш чун бе хеш шуд,

Рафт сурат ҷилваи маъниш шуд.

Сар чунин карданд ҳин фармон турост,

Таффи дил аз cap чунин кардан ба ҷост.

Соате бо ин гурӯҳи муҷтабо,

Чун муроқиб гаштаму аз худ ҷудо.

Ҳам дар он соат зи соат раст ҷон,

3-он ки соат пир гардонад ҷавон.

Ҷумла талвинҳо зи соат хостаст,

Раст аз талвин, ки аз соат бираст.

Чун зи соат соате берун шавӣ,

Чун намонад маҳрами Бечун шавӣ.

(Соате берун шав аз соат, дило,

То зи чунӣ вораҳию аз чаро).

Соат аз бесоатӣ огоҳ нест,

3-онаш он сӯ ҷуз таҳайюр роҳ нест.

Ҳар нафарро бар тавилай хоси ӯ,

Бастаанд андар чаҳони ҷустуҷӯ.

Мунтасир бар ҳар тавила ройизӣ,

Чуз ба дастурӣ наёяд рофизӣ.

Аз ҳавас гар аз тавила бискулад,

Дар тавилай дигарон cap дар кунад.

Дар замон оҳурчиёни чусту х(в)аш.

Гӯшаи афсори ӯ гиранду каш.

Ҳофизонро гар набинӣ, эй аёр,

Ихтиёратро бубин беихтиёр.

Ихтиёре мекунию дасту по

Баркушо дастат, чаро ҳабсӣ, чаро?

Рӯй дар ин кори ҳофиз бурдаӣ,

Ном таҳдидоти нафсаш кардаӣ.

Дида шуд: 30