Аминӣ Баҳманёр Арабзода (15.07.1954-10.11.2020)


Зиндагинома

Аминӣ Баҳманёр Арабзода 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷекенти вилояти Суғд чашм ба олам кушодааст. Падару модараш деҳқони одӣ буданд. Мактаби миёнаро дар ҳамин шаҳр ба итмом расонида, соли 1972 донишҷӯйи бахши арабии факултаи Ховаршиносӣ гашт.

Фаъолияти корӣ

Пас аз хатми донишгоҳ соли 1977 ба унвони муҳандиси тарҳрез (инжинер-методист) дар Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография машғули кор шуд. Соли 1981 ба рӯзномаи навтаъсиси «Маданияти Тоҷикистон» ҳамчун рӯзноманигори бахши ҳунар ба кор даъват гардид. Солҳои 1983 −1985 дар Либия ба ҳайси мутарҷим кор кардааст. Баъди бозгашт дигарбора ба ҳафтаномаи «Маданияти Тоҷикистон» ба кор омад, ки акнун ба «Адабиёт ва санъат» табдили ном карда буд. Аз соли 1987 то соли 1993 ба унвони мудири бахши насри моҳномаи «Садои шарқ» кор кард. Узви Иттиҳодияи нависандагони СССР аз соли 1987 аст. Бо вуқӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992—1997) ба зогоҳаш — шаҳри Панҷакент рафта, сардабири рӯзномаи «Самандар» ва моҳномаи «Дайри муғон» таъйин гардид.

Соли 1997 барои қиссаи «Заринаи Зарнигор», ки дар моҳномаи мазкур чоп шуда буд, барандаи ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ дониста шуд. Соли 2002 ба Душанбе даъват шуд ва муовини сардабири ягона маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — «Садои Шарқ» — таъйин гардид ва то охири умр корманди ин даргоҳ буд.

Эҷодиёт

Муаллифи китобҳои «Ишқи сайёд» (1984), «Аспи обӣ» (соли 1988), «Дуди ҳасрат» (соли 1992), «Сармаддеҳ» (соли 2002), «Сармаддеҳ» (китоби дуюм, соли 2014) ва «Жили-были в Сармаддехе» (Алма-Ато, 2014) мебошад. Соли 1991 дар Душанбе мунтахаби ҳикояҳояш ба забони русӣ бо номи «Песен идушего в петлю» (тарҷумаи Хуршеда Даврондухт) ба чоп расид. Маҷаллаи «Согласие»-и шаҳри Маскав соли 1995 дар шумораи нахустинаш нуҳ ҳикояи Баҳманёрро бо пешгуфтори Темур Зулфиқоров чоп кард. Романи нахустинаш соли 2007 бо номи «Шоҳаншоҳ» дар моҳномаи «Садои шарқ» баъд аз тариқи нашриёти «Истеъдод» манзури хонандагон гашт.

Дар бистҷилдаи адабиёти тоҷик, ки нашриёти «Адиб» ба табъ расонд, китобҳояш «Шоҳаншоҳ» ва «Сармаддеҳ» дар як муҷаллад нашр шуданд. Комиссияи махсуси вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2013» дониста, бо Дипломи дараҷаи аввал ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ кард.

Китобаш «Сармаддеҳ» соли 2015 бо ҳуруфи форсӣ дар Лондони Бритониё ба табъ расид. Ҳикояҳояш ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд. Писараш Исфандиёр Аминӣ мегӯяд, вақтҳои ахир якбора сари ду румон кор мекард, ки яке «Ғӯтях» ном дошт.

Даргузашт

Баҳманёр Аминӣ шаби 10 ноябри соли 2020 дар 66-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Осор

  • Ишқи сайед: Ҳикояҳо. — Душанбе, 1984. — 173 с.
  • Аспи обӣ: Ҳикояҳо. — Душанбе, 1988, — 224 с.
  • Время цветения ромашки: Рассказы. — Москва, 1988. — 144 с.
  • Дуди ҳасрат: Қиссаю ҳикоёт. — Душанбе, 1993. — 337 с.
  • Зарринаи Зарнигор: Қиссаю ҳикоёт. — Душанбе, 1997. — 167 с.
  • Песен идущего в петлю: Рассказы. — Душанбе, 1998. — 164 с.
  • Сармаддеҳ: Роман. — Душанбе, 2002. — 403 с.
  • Шоҳаншоҳ: Роман. — Душанбе, 2003. — 396 с.

Дида шуд: 30