Абдуррауфи Фитрат
1886-1938

Абдуррауфи Фитрат соли 1886 дар гузари Дастархончии шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Падари Фитрат – Абдурраҳим чун шахси тақводору маърифатманд писарашро барвақт ба мактаб дод ва соли 1899 ӯро ба мадрасаи Мири Араб гузошт.

15

Мирзосодиқи Муншӣ
1753-1819

Мирзо Муҳаммади Содиқи Муншӣ тақрибан байни солҳои 1753-58 дар деҳаи Ҷондори Бухоро таваллуд шудааст. Пас аз таҳсили ибтидоӣ Мирзосодиқ ба яке аз мадрасаҳои Бухоро дохил шуда, онро бомуваффақият хатм менамояд.

15

Садриддин Айнӣ
1878-1954

Садриддин Сайидмуродхоҷаи Айнӣ шахсияти барҷастаи фар- ҳангиест, ки халқи тоҷик дар садаи ХХ ба тамаддуни умумибашарӣ пешниҳод намудааст. Устод Айнӣ дар қатори Робиндронат Такур (Ҳиндустон), Лу Син (Чин), Таҳа Ҳусейн (Миср) чун яке аз чор тан бузургони адабиёти давраи нави Машриқзамин эътироф шудааст

15

Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ
солҳои 80-уми асри XVIII-1843

Ҳозиқ дар миёнаи солҳои 80-уми асри XVIII таваллуд шудааст. Зодгоҳи ў маҳаллаи Кархи Ҳирот мебошад. Ҷунайдуллоҳ табъи баланду зеҳни бурро дошта, дар аввалҳои Хукмронии амир Ҳайдар (1800-1827) аз Ҳирот ба Бухоро омадааст.

15

Абдурраҳмони Мушфиқӣ
1525-1588

Шоир ва воқеанигори номии тоҷик Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро, тақрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Падару бобои шоир аслан аз Марв будаанд. Ин аст, ки Мушфиқӣ баъзан ба Марвӣ будани худ ишораҳо мекунад.

14

Ҳабиб Юсуфӣ
1916-1945

Ҳабиб Юсуфӣ дар адабиёти тоҷик чун шоири навовар ва ҷанговар маълуму машҳур аст ва умри барқ насибаш гашта, ҳамагӣ 29 сол умр дидааст. Шоир соли 1916 дар гузари Боғимайдони шаҳри Самарқанд дар оилаи шахси бомаърифат Ҳоҷӣ Юсуф ба дунё омадааст

14

Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ
1868-1917

Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (ё Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ) шоири тавонову рангинхаёли охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ мебошад. Ҳоҷӣ Ҳусайн соли 1868 дар деҳаи Rарақамиши Кангурти вилояти Хатлон таваллуд шудааст

14

Бозор Собир
1938-2018

Бозор Собир соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод дар хонаводаи кишоварз чашм ба олам кушодааст. Падари Бозор Собир аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ барнамегардад

13

Гулназар Келдӣ
Таваллуд 1945-

Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1961 мактаби миёнаи деҳаро бо нишони тилло хатм кардааст.

13

Аҳмади Дониш
1826-1897

Нависандаи забардаст, шоир ва мутафаккир Аҳмад Махдуми Дониш, ки бо лақаби «Калла» ҳам шўҳрат дорад, соли 1826 дар Бухоро таваллуд шудааст. Падари Аҳмад Мулло Мирносир ном дошта, аслан аз тумани Шофирком буда, баъдҳо барои таҳсил ба Бухоро омада муқимӣ шудааст.

12