Рубоиёти Рӯдакӣ

Муаллиф: Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакӣ

Дар пеши худ он нома чу булкома ниҳам,
Парвин зи сиришки дида бар ҷома ниҳам.
Бар посухи ту чу даст бар хома ниҳам,
Хоҳам, ки дил андар шикани нома ниҳам!

Дида шуд: 286