Урун Кӯҳзод (Урунбой Ҷумъаев) — нависандаи адабиёти муосири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1975). Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (1977), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1996).
Садриддин Сайидмуродхоҷаи Айнӣ шахсияти барҷастаи фар- ҳангиест, ки халқи тоҷик дар садаи ХХ ба тамаддуни умумибашарӣ пешниҳод намудааст. Устод Айнӣ дар қатори Робиндронат Такур (Ҳиндустон), Лу Син (Чин), Таҳа Ҳусейн (Миср) чун яке аз чор тан бузургони адабиёти давраи нави Машриқзамин эътироф шудааст