Урун Кӯҳзод (Урунбой Ҷумъаев) — нависандаи адабиёти муосири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1975). Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (1977), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1996).
Яке аз суханварони боистеъдод, навпардозу борикандеш Муҳаммадисҳоқ Шавкати Бухороӣ аст, ки дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми шоиста дорад. Ў тақрибан солҳои 20-уми асри XVII дар хонадони сарроф (заршинос), ки басо илмдўсту ихлосманди шеъру адаб будааст, ба дунё омадааст.